Масъалаи шакку хиёнат

76

Масъалаи шакку тардид бо масъалаи хиёнат фарқ дорад

Шак як бовар ва хиёнат як иттифоқ аст, ки меафтад. Гоҳе контролгарӣ, беэътимодӣ ва анҷоми рафторҳои ба дӯр аз эҳтиром ва рафтоҳое, ки ҳамроҳ бо таҳқир ва сарзаниш аст боис мешавад, ки иттифоқе чун хиёнат эҷод шавад. Мо аз доираи айбҳо лаҷбозиро гуфтем, ки ҳосили ҳамон конторолгарӣ ва адами эътимод аст, ки ҳамаи инҳо вақте эҷод мешавад , ки мо ба шак иҷоза медиҳем вориди равобити заношуии мо шавад.

Шак аз куҷо меояд?

Хеле аз мо вақте ҳамсарамонро дӯст дорем эҳсос мекунем молики ӯ ҳастем ва вақте молики ӯ бошем ба худамон иҷоза медиҳем, ки ӯро контрол кунем ва ин контролгарӣ сабабе мешавад барои рафторҳои носолим ва доираи лаҷбозӣ ва роҳе барои ворид шудани масъалаи хиёнат ба зиндагии муштарак.

Эҳсоси моликлият ҳамеша бо як тарси дарунӣ ҳамроҳ аст; тарси аз даст додан. Пушти рафторҳои контролгароёна ва шакбардор ин ҳисси аз даст додан вуҷуд дорад. Ҳисси моликият ва контролгариро ба фард медиҳад ба ин фикр, ки “ӯро дӯст дорам ва бидуни ӯ наметавонам зиндагӣ кунам” ва ин бовар як бовари ғалат аст. Боварҳои ғалате, ки гоҳе вақтҳо дар решаи равобитамон вуҷуд дорад ва бисёр ба иртиботи мо осеб мезанад.

Гоҳе вақтҳо одамҳо ба иллати камбудиҳо ва тарсҳое, ки доранд ба ҷои эътимод кардан, шак мекунанд ба ин умед, ки битавонанд зиндагии беҳтариро дошта бошанд ва ин талош ба ҷои инки зиндагиро ба роҳи беҳтар ҳидоят кунад пайваста ба зиндагӣ зарба мезанад ва афродро аз ҳам дӯртар мекунад. ин тарс аз камбудиҳои дарунӣ сарчашма мегирад инки фард мудовим ба худаш ин талқинро кунад, ки : “ту дӯстдоштанӣ нестӣ, ту сазовори ҳамсарат нестӣ, ва ту наметавонӣ мавриди муносиб барои ҳамсарат бошӣ ва онқадар хуб нестӣ, ки ҳамсарат бо ту бимонад”. Ин андешаҳои ғалат боис мешавад шак вориди зиндагӣ ва мутақобилан рафторҳоеро анҷом диҳем, ки контролро зиёд мекунад ва мумкин аст иттифоқҳои нохушоянди дигаре дар пеш гирифта шавад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.