Қавлҳое, ки бояд ба ҳамсар бидиҳед “2”

54

5- Ман қавл медиҳам, ки ҳама чизро ҳаяҷонангез нигаҳ дорам.

Як гом фаротар аз ёдоварии ишқ ба фарде, ки дӯсташ доред, ҳифзи ҳаяҷон ва ҷараққаҳои ҳаяҷонангез дар зиндагӣ аст. Чанд адад шамъ рӯи мизи шом ва як гардиши берунии бедалели охири ҳафта метавонанд ҷараққаҳое бошанд, ки оромиши зиндагиро аз байн мебаранд ва ҳар ду тарафро ба ваҷд меоваранд. Ба унвони мисол вақте мо оташеро равшан мекунем, наметавонем аз утоқ берун биравем ва интизор дошта бошем, ки ин сӯхтан ҳамеша идома дошта бошад, балки бояд барои идомаи сӯзондан ба он ҳезум изофа кунем, ин ҷараққаҳои кӯчак дар зиндагии заношуӣ ҳукми ҳезумро доранд. Ҳарорату гармои зиндагиро ҳифз мекунанд ва монеъ аз хомӯш шудани он мешаванд.

6- Ман қавл медиҳам, ки беҳтарин корҳоро барои фарзандонам анҷом диҳам.

Дарки аҳамияти табдили бачча ба як авлавият дар зиндагии худ ва анҷоми ҳар коре, ки метавонем барои дӯст доштан, таҳсили илму дониш, ва бузург кардаин ӯ ба унвони фарде, ки ба ӯ ифтихор мекунем аст. Шумо метавонед ҳамаи китобҳоеро, ки мехоҳед бихонед, бо тамоми волидайне, ки мехоҳед сӯҳбат кунед ва то ҷое, ки мумкин аст омода бошед, аммо метавон тасаввур кард ҳар хонавода ва ҳар волидайне чолишҳо ва дағдағаҳои мунҳасир ба фарде доранд. Вақте ба ҳамсаратон қавл медиҳед, ки беҳтарин кореро, ки метавонед дар ин бора анҷом диҳед ва дар канори ҳам барои анҷоми он талош кунед, ин дақиқан ҳамон чизе аст, ки иттифоқ меафтад.

7- Ман қавл медиҳам, ки туро ба таври комил карда ва дӯст дошта бошам.

Мо ҳама дорои вижагиҳое ҳастем, ки мехоҳем дар мавриди худамон онҳоро тағйир диҳем. Мо наметавонем интизор дошта бошем, ки ҳар чизи кӯчак дар мавриди ҳамсарамонро дӯст дошта бошем, аммо ончи, ки бояд анҷом диҳем ин аст, ки қавл диҳем ҳамаи сифатҳои ӯро бипазирем ва ба думболи тағйири вижагиҳои якдигар набошем.

8- Ман қавл медиҳам, ки туро на фақат ба хотири зебоият дӯст дошта бошам.

Комилан дуруст аст, ки шумо бояд зебоии касе, ки мехоҳед ба унвони ҳамсаратон интихоб кунедро дӯст дошта бошед ва бояд ба таври ҷисмӣ ҷазби ӯ шавед. Аммо ҳамаи ин маворид бо дӯст доштани як фард фақат ба хотири зебоӣ бисёр мутафовит аст.

Модару модарбузургҳо ҳамеша мегӯянд, ки ҳаргиз набояд барои мӯ, дандон, чашм ва ё пул ошиқи касе шавем, чаро, ки зебоии ҳамаи инҳо мумкин аст хеле зуд аз даст биравад. Замоне, ки издивоҷ бахше аз гуфтугӯ аст, замоне, ки ҳарф аз ишқи воқеӣ мешавад, тамоми ин мушаххасоти зебоии зоҳирӣ ҷояшонро ба милокҳои воқеӣ ва арзишманд медиҳанд. Агар ҳамаи ин милокҳои зоҳирӣ, ки боиси зебоии тарафи муқобил аст, аз даст бираванд, чӣ касе дар қалбамон хоҳад буд? Агар ҳамаи ин милокҳо аз байн бираванд, оё ҳанӯз ҳам ин шахсро дӯст хоҳем дошт?

9- Ман қавл медиҳам, ки ба худам, зебоиям ва саломатиям таваҷҷуҳ кунам.

Оё ин як таноқуз ва зидди нуқтаи қаблӣ аст? Не, интавр нест.

Байн касе, ки синну сол аз ӯ гузашта ва касе, ки издивоҷ мекунад ва фикр мекунад, ки дигар ниёзе нест ба зебоӣ ва андомаш аҳамият бидиҳад таноқузи зиёде вуҷуд дорад. Дуруст аст, ки ҳамонтавр, ки синни мо бештар мешавад, бадан ва зоҳирамон ҳам тағйир мекунад, аммо нукта ин аст, ки набояд фақат ба ин далел, ки як ҳамсар ҳастед, ба зебоӣ ва саломатиятон бетаваҷҷуҳ бошед. Муҳимм аст, ки мо ҳамчунон як зиндагии солим дошта бошем. Дуруст нест, ки фақат ба ин далел, ки дар як робитаи тӯлонимуддат мутааҳҳид ҳастед, ба худатон ва зебоӣ ва саломатиятон бетаваҷҷуҳ бошед.

10- Ман қавл медиҳам, ки то поён бо ту бимонам.

Хеле тарснок аст, на? Бақияи умратон барои ҳамеша дар тамоми лаҳзоти талху ширин дар канори касе хоҳед буд, ки ба унвони ҳамсар интихобаш кардаед. Бале, тарснок аст. Ман ҳаргиз намехоҳам, ки пир башавад. Вақте ба падарбузургу модарбузург нигоҳ мекунам мебинем, ки мумкин аст хеле зиндагияшон пур аз пул, фиребанда ва ё дилпазир набошад, аммо онҳо дар ҳар шароите ҳамдигарро доранд. Аммо, ин воқеият аст. Ин ишқ аст. Ин тааҳҳуд ва издивоҷ аст. Ҳангоме, ки шумо бақияи зиндагии худро ба касе мутааҳҳид мешавед, ин дақиқан ҳамон коре аст, ки анҷом медиҳед. Бо ин вуҷуд , вақте бо касе издивоҷ мекунед, қавл медиҳед, ки аз тамомии пулҳои пеши рӯ бо ҳам убур кунед. Шумо дар ҷоддаи масири зиндагиятон, бо итминони комил аз инки шарики зиндагиятон бо шумо қадам хоҳад гузошт, убур хоҳед кард.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.