Набоядҳои муштараки ҳамсарон

226

1- Аъмоли шумо аз афкоратон сарчашма мегирад, пас талош кунед сарчашмаро гилолуд накунед.

2- Гоҳе баъзе аз калимоти манфӣ захмҳое эҷод мекунанд, ки то охири умр хуб намешавад.

3- Эҳтиёт кунед ба баҳонаи самимият ба ҳамсаратон беэҳтиромӣ накунед.

4- Коре накунед, ки ҳамсаратон эҳсос кунад дар зиндагии шумо асир ё маҳдуд шуда.

5- Дар баробари ноҳанҷориҳои ҳамсаратон ҷабҳа нагиред.

6- Бо шикастани исми ҳамсаратон ва омиёна садо задани ӯ ба вай беэҳтиромӣ накунед.

7- Аз ибороти куллӣ ва манфӣ мисли ту ҳамеша …. Ту аслан …. Ту ҳеҷ вақт … Ва ту хеле … истиғода накунед: зеро се хатар дорад: яке дурӯғ будан; дувум ҷадал барои дифоъ; дилсард шудани ҳамсаратон

8- Бо шурӯи зиндагии муштарак бисёре аз салиқаи шахсиро, ки мояи дардисари ҳамсаратон аст канор бигузоред.

9- Вақте амом Алӣ (а) аз дашном додан ба душман нороҳат мешавад; Ҳамсарон бояд чигуна бо ҳам сӯҳбат кунанд?

10- Набояд ба ғалат фикр кунед, ки салом кардан вазифаи кӯчактарҳост.

11- Агар дар хона муҳаббатро ривоҷ надиҳед; Тааҷҷуб накунед, ки агар ҳамсаратон ҷазби муҳаббати дигарон мешавад.

12- Агар дар назари дигарон паст ҳастед, ба иллати он аст, ки дар гузашта дигарон бароятон беарзиш будаанд.

13- Агар ҳамсаратон рафтори зиште кард ё ҳарфи зиште зад ва шумо ҳамон гуна посух додед; Набояд ба ӯ бигӯед: беадаб.

14- Ин фикр ғалат аст, ки ҳамеша дар масоили ҷинсӣ мунтазир бошед ҳамсаратон пешқадам шавад.

15- Дар масоили ҷинсӣ агар шумо пешқадам шавед; Ба маънои сабук будани шумо нест.

16- Саъй кунед масоили ҷинсиро мутанаввеъ анҷом диҳед то хастакунанда нашавад.

17- Гоҳе ҳамсари шумо ба хотири бӯи даҳон ё бадани шумо азият мешавад вале чизе намегуяд.

18- Паёмбари азизамон(с) фармуданд: Амр ва наҳи кардан боиси лаҷоҷат мешавад.

19- Ба ҷойи ин, ки ба ҳамсаратон бигӯед: як пиёла об бидиҳ! бигӯед: агар мумкин аст як пиёла об лутф кунед !

20- Набояд нисбат ба ҳар чизе ба ҳамсаратон фахр бифурӯшед; Чун аз шумо дӯр мешавад.

21- Набояд дар масоиле, ки бо кумаки ҳамсаратон ба он мавқеият расидаед ба ӯ фахрфурӯшӣ кунед.

22- Зиёд ба думболи ҳамсари намнуна ва идеол набошед; Ҳамаи занон ва мардон нуқоти заъф ва қуввате доранд.

23- Ҳеҷ гоҳ худатон; Ҳамсаратон ва зиндагиатонро бо ҳеҷ чизи дигар муқоиса накунед. 24- Гоҳе ҳамсари шумо даҳ айб дорад ва як хубие, ки он хубӣ бар бадиҳо ғалаба мекунад.

25- Набояд ҳамсаратонро бо каси дигаре муқоиса кунед, зеро бо ин кор шояд ӯ ба шумо бигӯяд чаро бо ӯ издивоҷ накардӣ?!

26- Шояд агар ҳамсаратон камсӯҳбат аст, ба ҷояш пурмуҳаббат аст ва агар пул надорад; Садоқат дорад.

27- Шояд агар ҳамсаратон камтар ибрози эҳсосот мекунад; Дар қалбаш бештар шуморо дӯст дорад.

28- Набояд ба зиндагии дигарон ғибта ва ҳусус бихӯред; Балки ба ончи доред , ифтихор кунед.

29- Хонаводаҳо ва ашхосро ба андозаи маърифат ва амалашон қиматгузорӣ кунед, на ба андозаи ҳисоби банкӣ.

30- Дар бораи дарахт бар асоси мевааш қазоват мекунем, на бар асоси баргҳояш.

 

View this post on Instagram

@khonavoda (1)Набоядҳои муштараки ҳамсарон 1- Аъмоли шумо аз афкоратон сарчашма мегирад, пас талош кунед сарчашмаро гилолуд накунед. 2- Гоҳе баъзе аз калимоти манфӣ захмҳое эҷод мекунанд, ки то охири умр хуб намешавад. 3- Эҳтиёт кунед ба баҳонаи самимият ба ҳамсаратон беэҳтиромӣ накунед. 4- Коре накунед, ки ҳамсаратон эҳсос кунад дар зиндагии шумо асир ё маҳдуд шуда. 5- Дар баробари ноҳанҷориҳои ҳамсаратон ҷабҳа нагиред. 6- Бо шикастани исми ҳамсаратон ва омиёна садо задани ӯ ба вай беэҳтиромӣ накунед. 7- Аз ибороти куллӣ ва манфӣ мисли ту ҳамеша …. Ту аслан …. Ту ҳеҷ вақт … Ва ту хеле … истифода накунед: зеро се хатар дорад: яке дурӯғ будан; дувум ҷадал барои дифоъ; дилсард шудани ҳамсаратон. 8- Бо шурӯи зиндагии муштарак бисёре аз салиқаи шахсиро, ки мояи дардисари ҳамсаратон аст канор бигузоред. 9- Вақте амом Алӣ (а) аз дашном додан ба душман нороҳат мешавад; Ҳамсарон бояд чигуна бо ҳам сӯҳбат кунанд? 10- Набояд ба ғалат фикр кунед, ки салом кардан вазифаи кӯчактарҳост. 11- Агар дар хона муҳаббатро ривоҷ надиҳед; Тааҷҷуб накунед, ки агар ҳамсаратон ҷазби муҳаббати дигарон мешавад. 12- Агар дар назари дигарон паст ҳастед, ба иллати он аст, ки дар гузашта дигарон бароятон беарзиш будаанд. 13- Агар ҳамсаратон рафтори зиште кард ё ҳарфи зиште зад ва шумо ҳамон гуна посух додед; Набояд ба ӯ бигӯед: беадаб. 14- Ин фикр ғалат аст, ки ҳамеша дар масоили ҷинсӣ мунтазир бошед ҳамсаратон пешқадам шавад. 15- Дар масоили ҷинсӣ агар шумо пешқадам шавед; Ба маънои сабук будани шумо нест. . . . #Хонавода #Islom #khonavoda #javon #tajik #tojik #ҷавон #чавон #хамсар #ҳамсар #islam❤️ #dushanbe #tajikistan #фарзанд #издивоҷ #издивоч #хадис #ҳадис #Куръон #Қуръон #Хонаводаи_намуна

A post shared by Хонаводаи Намуна (@khonavoda) on

 

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.