Ҳаққи мард бар зан дар ривоёт

189

Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ мефармояд:

Яке аз авомили саодати мард ҳамсари шоистааст. (Васоил, ҷ14, с23)

Масъала: Барои зан ҳаром аст бе иҷозаи шавҳар аз хона берун биравад ҳар чанд бо ҳаққи шавҳар мунофот надошта бошад, ва бояд худро барои лаззатҳои ҷинсӣ ҳар вақт, ки ӯ мехоҳад таслим намояд ва бе узри шаръӣ аз наздикӣ кардани ӯ ҷилавгирӣ накунад. Ва таҳия ғизо ва либос ва хонаи зан ва таҳияи эҳтиёҷоташ модоме, ки ба вазифааш амал менамояд бар шавҳар воҷиб аст ва агар таҳия накунад, чӣ тавоноӣ дошта бошад ё надошта бошад, мадюни зан аст. (Рисолаи амалия, аҳкоми ақд)

Ҳаққи мард бар зан

Имом Боқир (а) фармуд: Зане ба хидмати расули Худо (с) омад ва пурсид ҳаққи шавҳар бар зан чист? Ҳазрат фармуд:

Зан бояд, ки фармонбардори шавҳар бошад ва аз ӯ нофармонӣ накунад, аз матои хона чизе бе иҷозаи шавҳар садақа надиҳад, рӯзаи мустаҳабӣ нагирад магар ба иҷозаи шавҳар, ӯро аз худ манъ накунад агарчи бар ҷиҳози шутур бошад, ва бе иҷозаи шавҳар аз хона берун наравад, ки агар бе иҷозаи ӯ берун равад фариштагони замину осмон ва фариштагони раҳмат ва азоб ӯро лаънат кунанд то замоне ки ба хонааш боз гардад. 1

Ҳадиси дигар

Расули акрам (с) фармуд:

Ҳаққи мард бар зан ин аст, ки зан чароғи хонаро равшан кунад, ғизоро омода кунад, ҳангоми вуруди мард то дари хона ба истиқболи ӯ биравад ва хушомад бигӯяд, об рӯи дасташ бирезад, ва бе узр худро аз ӯ дареғ нанамояд.

Ҷиҳоди зан

Аммоми Козим фармуд:

Ҷиҳоди зан ба некӯ шавҳардорӣ аст.(3) (Зеро зиндагӣ ва сомон додан ба он ва мубориза бо мушкилоти моддӣ ва маънавӣ камтар аз ҷиҳод нест).

Ризояти шавҳар

Паёмбари гиромии Ислом (с) фармуд:

Вой бар зане, ки шавҳари хешро ба хашм оварад, ва хушо ба ҳоли зане, ки шавҳараш аз вай хушнуд бошад. 4

Зане, ки аз ҷойгаҳи шавҳар ҷудо бихобд

Расули акрам (с) фармуд:

Зане, ки дӯр аз бистари шавҳараш шабро ба рӯз оварад фариштагон то субҳ ӯро лаънат мекунанд. 5

Подоши зани бо сабр

Набии мукаррами Ислом (с) мефармояд:

Ҳар зане, ки бар бадахлоқии шавҳараш сабр кунад Худованд монанди подоши Осия духтари Музоҳим ба ӯ ато намояд.6 ва 7

Зане, ки шавҳар аз ӯ розӣ бошад

Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ваолиҳ фармуд:

Ҳар зане, ки бимирад ва шавҳараш аз ӯ розӣ бошад ба биҳишт меравад.8

Зан ва бӯи хуш барои шавҳар

Алӣ (а) фармуд:

Зани мусулмон бояд худро барои шавҳараш хушбу кунад.12

Ҳадиси дигар

Имом Содиқ (а) фармуд:

Ҳар зане, ки барои ғайри шавҳар худро хушбӯ намояд Худованд ҳеҷ намозе аз ӯ қабул накунад то инки аз ин хушбу кардан ғусл кунад ҳамчунон, ки аз ҷанобат ғусл кунад.10

Зинати зан барои шавҳар

Паёмбари гиромии Ислом (с) фармуд:

Бар зан лозим аст, ки беҳтарин атри худро ба кор барад ва беҳтарин либосро бипушад ва ба зеботарин шакл зинат кунад ва худро субҳу шом бар шавҳараш пешкаш намояд.11

Суфориши дигар ба занон

Имом боқир (а) фармуд:

Шоиста нест зан худро раҳо кунад ва зинат накунад гар чӣ бо як гарданбанд бошад.12

Ҳамнишинӣ бо Фотимаи Заҳро(с)

Расули Худо (с) фармуд:

Худованд аз се гурӯҳ аз занон азоби қабрро бармедорад ва растохезашон бо Фотима духтари Муҳаммад (с) хоҳад буд: зане, ки бар ғайрати шавҳараш сабр кунад, зане, ки бар бадахлоқии шавҳараш сабр кунад, ва зане, ки меҳрияашро ба ҳамсараш бибахшад. Худованд ба ҳар як аз онон савоби ҳазор шаҳид ато мекунад ва низ барои ҳар як аз онон подоши як сол ибодат менависад.13

Нигоҳи зан ба марди номаҳрам

Ҳазрати Расули акрам (с) мефармояд:

Хашми Худо шадид аст бар он зани шавҳардоре, ки чашми хешро бо нигоҳ ба бегона пур кунад.14

Заноне, ки аз ҳар дари биҳишт бихоҳанд, ворид мешаванд

Паёмбари бузургавори Ислом (с) фармудааст:

Вақте, ки зане намози панҷгонаашро бихонад ва моҳи рамазонро рӯза бигирад ва домани худро ҳифз кунад ва аз шавҳари хеш итоат намояд, аз ҳар даре аз дарҳои биҳишт, ки бихоҳад, ворид мешавад.15

Хайри дунё ва охират барои мард

Расули гиромии Худо (с) аз Худованд азза ва ҷал нақл мекунад, ки мефармояд:

Вақте бихоҳам хайри дунё ва охиратро барои марди мусулмоне гирд оварам [чаҳор чиз ба ӯ медиҳам]:

1- Дили мутавозеъ ва бо парво.

2- Забоне, ки зикр гӯяд.

3- Бадане, ки бар бало сабр ва истиқомат кунад.

4- Зани бо имоне, ки чун ба ӯ нигоҳ кунад хушҳол ва шод шавад ва дар набудани шавҳар, афиф ва дар амволи ӯ амин бошад.16

 

Понавиштҳо:

1- Ман ло яҳзурҳулфақиҳ, ҷ3, с. 276.

2- Низоми хонавода дар Ислом, с 383.

3- Васоил, ҷ14, с116.

4- Ҳамон, с141

5- Наҳҷулфасоҳа, шумораи 187.

6- Баҳоруланвор, ҷ.100, с.247.

7- Осия ҳамсари Фиръавн буд, ки ба ҳазрати Мӯсо имон овард ва зери шиканҷаҳои ҳавлноки шавҳараш ҷон дод.

8- Наҳҷулфасоҳа, шумораи 1022

9- Баҳоруланвор, ҷ100, с245.

10- Васоил, ҷ14, с114.

11- Ҳамон, с113.

12- Ҳамон, с118.

13- Васоил, ҷ.21, с.285.

14- Баҳоруланвор, ҷ.101, с.39.

15- Макоримулахлоқ, боби.8, фасли.2.

16- Васоил, ҷ.14, с.23.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.