Ҷанҷоли ошиқона!

297

Бисёре ақида доранд, ки зиндагии заношуӣ дар асл як навъ низои дӯстона аст ва ихтилофи хилқат байни он ду сабаб мешавад, ки бо якдигар гоҳгоҳе низоъ кунанд, ва Худованди ҳаким тавре ин ду ҷинси мухолифро бо ҳамдигар пайванд дода ва байни онҳо улфат эҷод карда, ки пархошҳо ва тундхӯиҳо дар баъзе аз вақтҳо самарбахш аст. Аз ин рӯ камтар хонаводае аст, ки дар тӯли зиндагии заношуии худ дучори буҳронҳои зудгузар нашавад. Аксари ихтилофоти ҷузъӣ ва куллӣ дар аксари хонаводаҳо байни зан ва шавҳар амре аст табиӣ, ки натанҳо ба мароҳили хатар ва буҳрони шадид ва ҷудоӣ намекашд балки думболи он як навъ муҳаббат ва созиш падид меояд. Агар низоъ аслан руй надиҳад нороҳатиаҳои ду тарафа анбошта шуда ва якбора монанди кӯҳи оташфишон метаркад.

Набуди мувофиқатҳо ҳамеша сабаби ҷудоӣ намешавад балки пеш аз носозгорӣ нотавонои ҳар як аз онҳо дар ғалаба бар мушкилот сабаби ҷудоӣ мешавад.

Ихтилофоти хонаводагиро чигуна метавон ҳал кард?

– Ошноӣ ба ҳуқуқи якдигар ва амал кардан ба вазоиф.

– Вақтеро барои гуфтугӯ ва гӯш додан ба сӯҳбатҳо ва аҳёно интиқодҳои якдигар қарор додан ва ҳар як аз зан ва шавҳар бидонанд, ки вақт интиқод чӣ замоне аст. Дар қонуни ислом омадааст, ки вақте асабоният зиёд бар вуҷудатон мусаллат аст ва сахт асабонӣ ҳастед, аз тасмим гирифтан ва аз ҳаргуна интиқод бипарҳезед.

Мушовирони хонавода мегӯянд: Равобити зану шавҳар вақте самимона бошад интиқоди созанда мӯъҷиза мекунад.

Беҳтарин мавқеи интиқоди зану шавҳар аз якдигар ҳангоме аст, ки истироҳати лозимро карда бошанд. Зан ва шавҳарҳо бояд то ҷое, ки имкон дорад саъй кунанд интиқоди амалӣ ва забонии худро аз якдигар дар миёни аъзои хонавода ба хусус дар ҳузури хешу табор баён накунанд.

– Созиш бояд ду тарафа бошад, на инки ҳамеша яке аз ду тараф дар созиш пешқадам бошад, агарчи суфориш шудааст тарки ҷанҷол ва созиш аз тарафи зан ба хотири доштани рӯҳияи латиф ва муҳаббатомез шурӯъ шавад аммо мард ҳам набояд ҳамеша мунтазир шавад зан дар созиш пеш дарояд.

– Агар ихтилофот зиёд мешавад мутобиқи пешниҳоди китоби инсонсози илоҳӣ яъне

Қуръони карим ва таъкиди ривояҳо, намояндагоне аз ду тараф ҷамъ шаванд ва ин мушкилро поён диҳанд.

– Аз дахолат додан ва ё ҳатто огоҳ кардани дигарон аз ин камакашҳо худдорӣ шавад, ҳатто фарзандон ҳам набояд огоҳ шаванд, ки дар рӯҳияи латифи онҳо даъсир дорад. Ибтидо фарзандонро ба хонаи наздикон ё ҳамсоя бибаранд, баъд бо ҳам барои ҳалли ихтилоф гуфтугӯ намоянд.

– Дар гуфтугӯ саъй шавад ихтилофот ва сӯҳбатҳои қаблро ба миён накашанд ва ҳамдигарро ба ин хотир маломат накунанд, ки ту қаблан чунин ва чунон будӣ ва ё фомилҳоят ҳам ҳамин тавр лаҷбоз буданд.

– Инро ҳар ду ба ёд дошта бошанд, ки аввалин роҳи ҳал охирин роҳи ҳал нест ва аз ба забон овардани калимаи талоқ дар хона худдорӣ намоянд, вақте калимаи талоқ ба миён омад бунёни хонавода ба ларза медарояд. Ҳамон тавр, ки вақте талоқ амалӣ шавад араши Худо ба ларза медарояд.

Риояти мавориди зер метавонад ба пайванди бештари шумо бо ҳамсаратон бианҷомад:

1) Иртиботи каломии самимона: Яке аз мавориде, ки дар таҳкими равобити зану шавҳар бисёр муассир аст иртиботи каломӣ ва навъе муҳаббат ва мубодилаи калимот ва ҳарфҳое аст, ки дар тӯли шубонарӯз байни зану шавҳар гуфта мешавад.

Масодиқи иртиботи каломии самимона: «мазоҳ ва шӯхӣ», «тамҷид ва таъриф аз якдигар» ва «бо калимоти зебо ҳамдигарро садо кардан»

2) Замонеро барои сӯҳбат кардан барои ҳамсар ихтисос диҳед: Ҳамсарони пурмашғала бисёри вақтҳо аз муҳаббат кардан ғофил мешаванд. Дар ниҳоят аз назари эҳсосӣ фосилае миёни онҳо эҷод мешавад ва пур кардани ин кори душвор аст. Беҳтарин роҳи ҳал барои ҷилавгирӣ аз ин фосила, ихтисоси рӯзона чанд дақиқа барои сӯҳбат кардан бо ҳам аст.

3) Аз кунҷковии беш аз ҳад бипарҳезед: Агар эҳсос кунед, ки ҳамсаратон розеро аз шумо махфӣ мекунад, ба думболи ёфтани он роз наравед. Боз кардани номаҳои ҳамсар ё хондани дафтари ёддошти вай ва кофтукоби сумкаи ӯ нақси моликият ва ҳудуди ӯ мебошад бигузоред то ӯ дар замоне, ки эҳсос мекунад муносиб аст ҳақиқатро ба шумо бигӯяд.

4) Аз бовари ҳамдигар истифодаи ноҷо накунем: Аксари ҳамсарон аз сиру асрори ҳам ба унвони баҳона бар зидди якдигар истифода мекунанд. Ин ноҷо истифода бурдан аз асрори ҳамсар, эътимод ва боварӣ ба ҳамдигарро камтар мекунад.

5) Нисбат ба ҳам садоқат дошта бошед: Садоқат зербинои зиндагӣ аст ва ҳамаи сифатҳои хуб дар он нуҳуфтааст. Садоқат ниҳояти шукуфоии иззат дар зиндагии як зану шавҳар аст. Набуди садоқат ва дурӯӣ, офати бузурги хонавода аст, ки зан ва шавҳар метавонанд аз рӯзи аввал бо аҳду паймон бар ин, ки зербинои зиндагиашон садоқат бошад, ин офатро дӯр кунанд.

6)  Дар баробари лағзишҳо гузашт дошта бошед: Барои афроде, ки муддатҳо бо якдигар зиндагӣ мекунанд сарзадани лағзиш ва иштибоҳ ва хато амри одӣ ва мутаориф аст. Бинобарин лозим аст бо афву гузашт аз хатоҳо ва иштибоҳоти якдигар чашмпӯшӣ намоянд ва онҳоро ба рухи ҳамдигар накашанд.

 

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.