Робитаи некӯ бо ҳамсар

76

Ҳар зану шавҳаре бидуни истино мехоҳанд зиндагии муштарак ва босафо ва саодатманде дошта бошанд ва барои ёфтани чунин саодате дар паи авомили хушбахтӣ мераванд, суол мекунанд, меандешанд ва машварат мекунанд то ба мақсуди худ бирасанд.

Барои доштани робитаи муваффақ бо ҳамсар нукоти зайл бояд мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирад:

1-Садоқат

Зану мард аз лаҳзаи хостгорӣ то поёни умр бояд бидонанд, ки ҳеч кас дилсӯзтар аз шарики зиндагии онҳо нест. Дилсӯзӣ вақте муҳаққақ мегардад, ки садоқат ва ростӣ дар кор бошад.

2-Хостаҳо ва таваққӯоти муносиб

Мусаллам аст, ки инсон дар авоили ҷавонӣ аз таҷруба ва даромад ва дороии андак ва эҳтимолан аз сатҳи ташхиси поине бархӯрдор аст. Лизо таваққӯъ доштани манзили шахсӣ ва васоили боло ва рифоҳи дилхоҳ дар ибтидои зиндагӣ хостаи маъқуле нест. Аз ин рӯ зану марди оқил аз ибтидои зиндагӣ, зимни пазируфтани ин воқеият, бо матонат, талош ва улгу қарор додани таҷоруби бузургон ва хирадмандон ва бо ҳамфикрӣ ва дарки авзоъ, зиндагии худро ба сатҳи матлуб мерасонанд.

3-Машварат бо якдигар

Машварат дар умури мухталифи зиндагӣ бо ҳамсар зимни эъломи эҳтиром ба андеша ва фикри вай, боиси тақвияти иртибот ва ташдиди алоқа ва ҳамдилӣ мешавад. Ҳазрати Алӣ (а) дар ин робита мефармояд: «Ҳеч пуштибоне чун машварат нест».

4-Хуб садо задани ҳамдигар

Ҳар як аз зану мард бояд ҳамсари худро ба номе садо кунад, ки ӯ бештар дӯст дорад. Дар садо задан, навъи баён хеле муҳим аст. Ҳазрати Алӣ (а) дар ҳамин робита мефармояд: «Баёни ҳар инсоне ҳикояткунандаи маротиби қуввати нафс ва дараҷаи нерӯи равонии ӯст». Ва ҳамчунин дар ҷои дигар мефармояд: «Бо мухотаби худ муаддаб сухан бигӯед то ӯ низ ба шумо бо эҳтиром ҷавоб диҳад».

5-Салом кардан ба якдигар

Салом кардан эҷоди унсу улфат мекунад. Кинаҳо ва кудуратҳоро мезудояд. Гирифтагии  пешониҳоро боз мекунад. Салом бояд бо садои баланд ва возеҳ бошад, на оҳиставу пинҳон. Зану шавҳар набояд ин нуктаро, ки ислом ба он аҳамият додааст, кӯчак шуморанд ва бигӯянд, салом кардан барои бегонаҳост, на барои зану шавҳар, ки бо ҳам наздиканд. Пас дар салом кардан бар якдигар сибқат биҷӯед.

6Суханони муҳаббатомез

Гуфтугӯ ва суолу ҷавоби зану мард бояд муаддабона бошад, на хасмона ва нафратангез. Як матлаби собитро метавон ба гунае адо кард, ки шунаванда хушаш ояд ва посухи некӯ диҳад. Ва ҳамон матлабро мешавад тавре баён кард, ки мухотаб ҷавоб надиҳад, ё ҷавоби зишту тунд бидиҳад. Аз сӯе, зану шавҳар бояд саъй кунанд, дар баробари калимоти тунд ва хашини тарафи муқобил, матонат ва сиъаи садр нишон диҳанд ва саҳнаи низоъро ба маҷлиси мазоҳу шӯхӣ табдил кунанд. Чизе ки дар эҷоди муҳаббат ё нафрат муҳимтар аз калимот ва вожаҳо аст, лаби хандон ва чеҳраи боз аст, ки мухотабро ҷалб мекунад. Чунон ки туршрӯӣ ва гирифтагӣ ҳангоми сухан гуфтан, мухотабро дилсарду афсурда мекунад. Зану шавҳар дар муколимоти рӯзмарраи худ бояд ин нукотро риоят кунанд.

Барои гарм нигаҳ доштани конуни меҳру сафо дар зиндагӣ танҳо анҷоми вазифа ва муҳаббати қалбӣ кофӣ нест, изҳори муҳаббат ва ташаккур нисбат ба ҳам таъсири равонии амиқе дар руҳи тарафи муқобил боқӣ мегузорад.

Пойгоҳи интернетии “Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.