Робитаи қадди инсонҳо бо бемориҳо

66

Масъалаи қад ҳамонанди вазн танҳо ба зебоӣ ва ҷаззобият хулоса намешавад ва иртиботи мустақим бо саломати афрод дорад. Бинобарин агар мо аз таъсироти эҳтимолии қад бар саломати ҷисмонӣ огоҳ бошем метавонем аз бурузи бархе бемориҳо пешгирӣ кунем.

Лахта шудани хун

Бар асоси таҳқиқоти анҷомшуда, эҳтимоли сактаҳои мағзӣ ва лахтаҳои хунӣ дар занони қадбаланд бештар аз кӯтоҳқоматон аст. Дар воқеъ, қолаби бадании бузурги ин занон гардиши хунро қадре мушкил мекунад ва гоҳе хун ба таври комил дар саросари бадани ин афрод ҷараён пайдо намекунад. Дар натиҷа чунин амре эҳтимоли лахтагӣ ва сактаҳои мағзӣ дар ин даста занон ба хусус дар солҳо пирӣ афзоиш пайдо мекунад.

Саратон

Шояд ғариб ба назар бирасад; вале афроди қадбаланд дар муқоиса бо афроди кӯтоҳқад бештар дар маърази ибтило ба анвои саратон аз ҷумла: сина, куля ва рӯда ҳастанд. Ин амр аз онҷо эҷод мешавад, ки бадани бузургтар ба маънои андомҳои дарунии бузургтар аст ва андоми бузургтар яъне вуҷуди силлулҳои бештар дар ҳар узв ва силлули бештар яъне афзоиши эҳтимоли осебпазирӣ ва мавриди ҳамла қарор гирифтан.

Илова бар ин, ҳаҷм ҳормунҳои мавҷуд дар бадани афроди қадбаланд ағлаб боиси аз байн рафтани бархе силлулҳо ва афзоиши осебпазирӣ дар баробари саратон мешавад. Бино ба ёфтаҳои мавҷуд, афроди қадбаланд 13 то 29 дарсад беш аз дигарон дар маърази ибтило ба саратон ҳастанд.

Фаромушӣ ва заволи ақл

Занони кӯтоҳқад бештар аз занони баландқад дар баробари фаромушӣ ва заволи ақл осебпазир ҳастанд. Бино ба як назарияи қадимӣ дар илми пизишкӣ, афроди кӯтоҳқад дар зиндагии худ бо осебҳои бештаре мувоҷеҳ мешаванд ва фаромушӣ яке аз ҳамин маворид аст. Албатта ин иртибот на танҳо дар занон балки дар мардон ҳам мушоҳида шудааст; мардоне бо қадди баланд 59 дарсад камтар аз онҳое, ки қадди кӯтоҳи доранд ба фаромушӣ дучор мешаванд.

Бемориҳои қалбӣ

Агар саратон баландқоматонро таҳдид мекунад, дар тарафи муқобил бемориҳо ва сактаҳои қалбӣ ҳам кӯтоҳқоматонро таҳдид мекунад. Бино ба мутолиоти анҷомшуда, ҳар 5 сантиметр баландии қад ҳудуди 14 дарсад эҳтимоли бемориҳои қалбиро коҳиш медиҳад. Далели ин падида ба генҳое марбут мешавад, ки сабаби кӯтоҳии қад мешаванд, ин генҳо мизони колеструли баданро афзоиш медиҳанд.

Бордорӣ

Қад, яке аз авомили муҳимме аст, ки ба рушди ҷанини даруни раҳими модар кумак мекунад. Заноне бо қадди баландтар ҳангоме, ки бордор мешаванд на танҳо шароити беҳтаре барои нигаҳдорӣ аз ҷанинашон доранд балки бордории бо изтироби камтареро думбол мекунанд. Ба ҳамин далел, эҳтимоли ибтило ба қанд даврони бордорӣ дар ин даста аз занон камтар аз дигарон аст ва ағлаб 9 моҳи роҳаттареро сипарӣ мекунанд.

Тӯли умр

Бар асоси мутолиоти анҷомшуда дар муассисаи таҳқиқотӣ ва пизишкми Алберт Анештайн, афроди кӯтоҳқад ғолибан умри тӯлонитаре нисбат ба баландқадҳо доранд. Масъалае, ки беш аз ҳар чиз ба генҳои мавҷуд дар бадани ин афрод марбут мешавад. Дар воқеъ тағйири коркардии бархе аъзо ва органҳо дар бадан зиндагии тӯлониро барои онҳо ба армағон меовард.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.