Лаҳзаҳои зиндагиро қадр бидонем

163

Инсон мавҷуди аҷибест. Ва вақте ҳадафҳои зиндагиро гум кунад, аҷибтар ҳам мешавад. Аслан то ба ҳол фикр кардаем, ки аз зиндагӣ чӣ мехоҳем?

Оё аз худ пурсидаем, ки маънои зиндагӣ кардан чист? Ростӣ, оё мо зиндагӣ мекунем ё фақат зинда ҳастем?

Вақте ки дар атрофамон диққат мекунем, ба содагӣ ба иллати хеле аз иштибоҳотамон пай мебарем.

Дар суханони бузургон омадааст: Қадри лаҳзаҳои зиндагиро бидон!

Зиндагӣ яъне лабханд ба гузашта ва умед ба оянда.

Лабханди имрӯзро бо ғамҳои гузашта ва дилвопасӣ аз оянда талх накунем!

Қадри лаҳзаҳои умрамонро бидонем, қадри атрофиёнамон, дӯстону ҳамсару фарзандонамонро биднем.

Мавлавии бузургвор дар боби қадршиносӣ мефармояд:

Биё то қадри якдигар бидонем

Ки то ногаҳ зи якдигар намонем

Чу мӯъмин ойинаи мӯъмин яқин шуд

Чаро бо ойина мо рӯйгаронем…

Аз Афлотун пурсиданд, шигифтангезтарин рафтори инсон чист?

Посух дод: Аз кӯдакӣ хаста мешавад, барои бузург шудан саросема аст ва сипас дилтанги даврони кӯдакии худ мешавад.

Ибтидо барои ба даст овардани молу сарват аз саломатии худ моя мегузорад.

Сипас барои бозпас гирифтани саломатии аздастрафта пули хули худро харҷ мекунад. Тавре зиндагӣ мекунад, ки гӯё ҳаргиз нахоҳад мурд ва баъд, тавре ки гӯё ҳаргиз зиндагӣ накардааст, мемирад.

Ончунон замони худро сарфи омода шудан барои зиндагӣ мекунад, ки барои зиндагӣ кардан вақт пайдо намекунад. Он қадар ба оянда фикр мекунад, ки мутаваҷҷеҳи аз даст рафтани имрӯзи худ нест. Дар ҳоле ки зиндагӣ гузашта ва ё оянда нест, балки таҷрибаи мо аз замони ҳол аст.

Пойгоҳи интернетии “Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.