Мақоми МОДАР аз дидгоҳи бузургон

68

Ба муносибати Рӯзи МОДАР

Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст

Дар зери қудуми модарон аст.

***

Дар дунё ду тасвир барои ман зебост – тасвири гул ва тасвири модарам. (Балзак)

***

Тору пуди руҳи модарро аз меҳрубонӣ бофтаанд. (Эмерсон)

***

Модар, шоҳкори табиат аст. (Гёте)

***

Модар созандаи ҷаҳон ва тоблуи Офаридгор аст. (Бетҳовен)

***

Як бӯсаи модари ман буд, ки маро наққош кард. (Рофоэл)

***

Шояд як модар битавонад бо фарзанди болиғи худ мухолифат кунад, аммо ҳаргиз наметавонад дар баробари кӯдаки хурдсолаш, ки бозувони кӯчакашро ба сӯяш дароз карда, то ӯро дар оғӯш бигирад, мухолифат кунад. (Мари Фон Троп)

***

Вақте мардум аз шуғлам мепурсанд, мегӯям: Қабл аз ҳар чиз, як модарам! Фарзандони шумо намояндаи афкоратон ҳастанд, онон дар ҳукми ҷумалоте ҳастанд, ки ақоиди шуморо баён мекунанд. (Жоклин Ҷексун)

***

Модар воситаест, ки аз тариқи вай кӯдаки наврасида вуҷуди худро ба сурати як инсони иҷтимоӣ мутаҳаввил мекунад. (Бето Ронк)

***

Замоне ки як модар ба фарзандаш нигоҳ мекунад, ки ором дар миёни бозичаҳояш ба хоб рафтааст, ба ин фикр мекунад, ки фардояшон ҳарчи қадар ҳам зебо бошад, ҳаргиз наметавонад ҷои он лаҳзаи нобро бигирад. (Жуан Бинз)

***

Ёдам меояд, вақте соати дуи нимашаб бо садои кӯдаки гуруснаам аз хоб бармехостам, аз дидори дуборааш тамоми вуҷудам лабрез аз шодию ишқ мегашт. (Моргорет Дрэбл)

***

Ногаҳон ишқ чун мавҷе дар вуҷудам печид ва водорам кард, то ба сӯи гаҳвора биравам ва он мавҷуди кучак ва маъсумро дар оғӯш бигирам. (Рузи Тумос)

Пойгоҳи интернетии “Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.