Роҳкори хушбахтии ҳамсарон дар зиндагии заношӯӣ

43

Ҳамсарон пас аз издивоҷ ва ташкили хонавода бояд умуреро риъоят кунанд то мувафақият дар зиндагии муштарак ва ризояти заношӯии онон тазмин шавад. Яке аз ин роҳҳо муҳаббат кардан аст . Худованди мутаъол дар Қуръони карим мефармояд:

Аз нишонаҳои Худованд ин аст ки барои шумо аз ҷинси худатон ҷуфте офарид то дар канори он осоиш дошта бошед ва (Худованд) миёни марду зан дӯстиву муҳаббат қарор дод. Рум 21

Муҳаббат яъне ишқ варзидан ба зиндагӣ ва даст ёфтан ба саъодати абадӣ. Агар марду зан дар ммуҳити хонавода якдигарро бифаҳманд, эҳсоси ишқу дӯстӣ дар онҳо пайдо мешавад. Набийи мукаррами Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ мефармоянд: сухани мард ба ҳамсараш “туро дӯст медорам ва аз самими дил туро дӯст дорам”, ҳечгоҳ аз қалби зан берун намеравад ва таъсири меҳрофарини он барои ҳамеша боқӣ мемонад.

Муҳаббату меҳрварзӣ, зиндагиро шоду шерин мекунад. Муваффақияти ҳамсарон дар гарави ишқ варзидан ба ҳамдигар аст, зеро дуст доштани ҳамсар, имону баракатро зиёд мекунад ва сабаби рушди зану шавҳар дар зиндагӣ мешавад.

Ҳазрати имом Ҷаъфари Содиқ алайҳиссалом фармуданд: ҳангоме ки муҳаббати мард ба занаш зиёд шавад, имонаш зиёд мешавад.

Мард бояд бидонад ки зан бандаи муҳаббат аст ва дӯст дорад мавриди ҳимоят ва меҳрварзии шавҳараш қарор гирад ва барояш арзиш қоил шавад. Мард бояд қабул кунад ки зан эҳсосӣ аст. Ба тиллову чизҳои ташвиқкунанда алоқа дорад. Зуд ба гиря медарояд ва чи бисёр аст ки вақте ки таҳти таъсири эҳсосоташ қарор гирад, рафтори номуносиб бо мард дошта бошад.

Ҳазрати имом Саҷҷод алайҳиссалом яке аз ҳаққи занро меҳрубонӣ бо ӯ медонанд ва дар ин росто мефармоянд: аммо ҳақҳои зан ин аст ки бидонӣ ки Худованд ӯро сабаби оромиши ту қарор додааст ва бидон ки неъмате аст аз тарафи Худованд барои мард. Пас ӯро гиромӣ бидор ва бо вай мудоро кун. Бар ту лозим аст ки нисбат ба вай раҳм кунӣ, зеро асири ту аст ва бояд хӯроку пӯшокашро таъмин кунӣ ва агар бефаҳмӣ кард, ӯро бубахшӣ.

Зан низ бояд бидонад ки мард бандаи шаҳват аст ва аз тасоҳуб шудани зан хушаш меояд. Хунсарду шуҷоъ аст. Қабл аз он ки ба ташрифот андеша кунад, ба ҳақиқатҳои зиндагӣ фикр мекунад. Ҳарфҳои мард бештар бо мантиқ аст ва санҷидатару пухтатар аз зан сухан мегӯяд ва тасмим мегирад. Бинобар ин, интизор дорад ки мудирияти вай дар хона қабул карда шавад.

Паёмбари гиромии Ислом мефармоянд: Ҳаққи мард бар занаш ин аст, ки зан ҳамвора дар хона бимонад, ба мард меҳ варзад ва барояш дилсӯзӣ кунад.

Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ фармуданд: Беҳтарин занон, занони меҳрубон ва меҳркунанда ҳастанд.

Дар баъзе ривоёт барои меҳрубонӣ подоши маънавӣ барои меҳрубонӣ баён шудааст. Паёмбари Ислом саллаллоҳу алайҳи ва алиҳӣ фармуданд: Ҳангоме ки мард ба сурати занаш ва зан ба сурати шаваҳараш нигоҳ кунад, Худованд ба ҳар ду назари раҳмат дорад ва то замоне ки дастони ҳамдигарро бигиранд, гуноҳони онҳо аз миёни ангуштонашон мерезад. Ҳамчунин он ҳазрати саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ фармуданд: рӯзи қиёмат марде аз уммати манро меоварнд дар ҳоле ки савобе надорад ки вориди Биҳишт шавад, вале Худованди мутаъол мефармояд: ӯро вориди Биҳишт кунед, зеро бо ҳамсараш меҳрубон будааст.

Бо таваҷҷӯҳ ба матолиби зикр шуда, хушбахтӣ ва зиндагии хуб дошатан танҳо бо доштани ҳамсари зебо нест, балки меҳру муҳаббат байни зану шавҳар сабаби хушбахтӣ аст.

Пойгоҳи интернетии “Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.