Душманони зиндагии муштарак (2)

72

4- расидагӣ ба вазъи зоҳир

Фикр накунед чун дигар зану шавҳар ҳастед ва чандин сол аз зиндагии муштаракатон мегузарад, бояд нисбат ба вазъи зоҳиратон бехаёл шавед! Чаро, ки дар ривоятҳои исломӣ ҳам нисбат ба ин, ки ҳар кадом аз зану шавҳар худашро барои ҳамсараш ороста кунад, таъкидот ва супоришҳои бисёр фаровоне вуҷуд дорад. Пас беҳтар аст, ки даст аз шӯридагӣ ва номураттаб будан бардоред, муҳоятонро жулида ва дарҳам раҳо накунед, аз рехтупош кардан дар хона худдорӣ кунед ва ба худатон бирасид! ҳамсаратон мутмаиннан шуморо ҳамонгуна, ки ҳастед дӯст дорад, бо инҳол чаро саъй намекунед худро ба беҳтарин шакл нишон диҳед? Ба ин тартиб ба ӯ нишон медиҳед, ки ҳузури ӯ ва таъсире, ки бар ӯ мегузоред бароятон муҳим аст!

5- бетаваҷҷӯҳӣ

Яке дигар аз душманони бузурги зану шавҳарҳо, бетаваҷҷӯҳӣ аст. Дар инҷо манзур аз таваҷҷуҳ кардан гул харидан ва ё ҳадия додан нест балки танҳо нигоҳ кардан ба ҳамсаратон аст, ки гоҳе метавонад хеле бештар аз ончи, ки тасаввур мекунед, таъсири хубе дар зиндагиатон бигузорад. Замоне ки ҳамсаратон ороишгоҳ рафта ва ё либоси ҷадиде харидааст ба ӯ таваҷҷуҳ нишон диҳед; ба хусус замоне, ки ӯро зебо мебинед ва ё вақте, ки ӯ бо таърифҳои баҷо ва муносибаш шуморо таҳти таъсир қарор медиҳад, аз ӯ таъриф кунед. Зеро таъриф ва тамҷидҳо ҳамеша хушоянд ҳастанд, аммо танҳо замоне ки дуруст ва баҷо ба кор бурда шаванд.

6- ҳасодати зиёдӣ

Даст аз пойидан ва саволпеч кардани ҳамсаратон бардоред зеро зиндагии муштарак бар асоси эътимоди ду ҷониба бино мешавад. Шак ва бадгумониҳои беш аз ҳадди шмо, дар ниҳоят ӯро ба сутӯҳ оварда ва ба самти фарди дигаре ҳел медиҳад! пас мувозиб бошед, ки бо дасти худатон, ишқатонро нобуд накунед.

7- хонаводаи ҳамсар

На, мутмаиннан тамоми хонаводаҳои ҳамсар онгуна, ки дар филмҳо ба сурати манфӣ нишон дода мешаванд, нестанд. Пас саъй кунед, ки аз талқин ба зеҳнатон комилан дурӣ кунед ва ин боварро дар худатон тақвият кунед, ки тафоҳум байни ҳамсар ва хонаводаи шумо ағлаб метавонад гарм ва самимона бошад. Аммо нуктаи муҳим он аст, ки бидонед замоне ки ин тафоҳум ба ҳадди кофӣ вуҷуд дорад, чизеро ба ҳамсаратон таҳмил накунед. Чунончи эҳсос мекунед, ки ҳамсаратон аз рафту омадҳои охири ҳафта кам-кам хаста мешавад ба ӯ исрор накунед охири ҳар ҳафта барои ғизо бо хонаводаи шумо бошад ва албатта ин қоида дар мавриди меҳмониҳои ҳамкорон ва дӯстони қадимӣ низ сидқ мекунад.

8- набуди барнома

Ташкили хонавода ба маънои гузарондани зиндагӣ бидуни дар назар гирифтани оянда нест. Шумо бояд ба иттифоқи ҳам ояндаатонро бисозед. Аз барномаҳои кӯтоҳмуддат (маконе, ки таътилотро дар онҷо мегузаронед, хариди мошин ва…) гирифта то барномаҳои бузургтар (бачадор шудан, озими шаҳри дигаре шудан ва…) бедаранг дар мавриди ояндатон ва инки чигуна бо он рӯбарӯ мешавед фикр кунед. Ин амал равобити шуморо мунсаҷимтар ва шӯру шавқи пешравӣ дар зиндагиро дар шумо шӯълавар мекунад!

9- сукут

Яқинан адам гуфтугӯ барои зиндагии заношуии зарарнок аст. Ин амр бино ба далоили мухталиф ағлаби ношӣ аз камбуди вақт ва ё бетаваҷҷӯҳии зан ва мард нисбат ба якдигар аст, ки дар боло аз онҳо ном бурдаем. Бо ин ҳол, маъмулан гуфтугӯ миёни зан ва мард сурат мегирад, аммо ҳеҷяк аз тарафайн ба ҳарфҳои якдигар гӯш намедиҳанд… дар ин ҳолат, мавзӯеро бо ҳам матраҳ кунед ва саъй кунед ҳақиқатан ҳарфи тарафи муқобилатонро бифаҳмед. Дар сурати ниёз, бедаранг аз як равондармонгар кумак бигиред. Албатта ногуфта намонад, ки мутаассифона баъзе аз зан ва шавҳарҳо, ҳарфҳое мезананд, ки агар сукут кунанд ва онҳоро нагӯянд, бисёр барои онҳо беҳтар аст… пас ҳоло тасмим ва ташхиси онки чигуна сукути зиндагиро бишиканед, бо худатон аст.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.