Мақоми Модар дар аҳодиси набавӣ(с)

129

Паёмбари Акрам(с) фармуданд:

“Дуои Модар аз мавонеи иҷобати дуо мегузарад”.

“Касе, ки пои модарашро бибӯсад, мисли ин аст, ки остонаи Хонаи Худоро бӯсидааст”.

“Касе, ки қабри волидайни худро дар рӯзи ҷумъа зиёрат кунад, гуноҳонаш бахшида мешавад ва аз некӯкорон навишта мешавад”.

“Нисбат ба падару модар некӯкор бош то подоши ту биҳишт бошад, вале агар оққи онҳо шавӣ, ҷаҳаннамӣ хоҳӣ буд”.

“Касе, ки дастури илоҳиро дар бораи падару модар итоат кунад, ду дар аз биҳишт ба рӯяш боз хоҳад шуд, агар фармони Худоро дар мавриди яке аз онҳо анҷом диҳад, як дари биҳишт кушода мешавад”.

“Бандае, ки мутеи падару модар ва Парвардигораш бошад, рӯзи қиёмат дар болотарин ҷойгоҳ аст”.

“Касе, ки ба нияти падару модараш ҳаҷ анҷом диҳад, ё қарзҳои онҳоро бипардозад, Худованд ӯро дар рӯзи қиёмат бо некон бармеангезад”.

“Касе, ки падару модарашро хушнуд кунад, Худоро хушнуд карда ва касе, ки падару модари худро ба хашм оварад, Худоро ба хашм овардааст”.

“Касе, ки дӯст дорад умраш тӯлонӣ шавад, нисбат ба падару модараш некӣ кунад ва силаи раҳим баҷой оварад”.

Хонавода намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.