Баҳрабардории ҷавон аз замони фароғат

40

Замони фароғат (сооти бекорӣ ё фориғ аз кор), ҳассотарин лаҳзаҳои зиндагии инсонҳо бахусус насли ҷавон аст ва барои баҳраварии муносиб аз фурсатҳо, ниёз ба барномарезии хос дорад.

Замони фароғат имрӯза чунон аҳамияте ёфтааст, ки дар амал, ба кушоиши боби вижае дар ҳавзаи улуми иҷтимоӣ, бо унвони “Ҷомеашиносии фароғат” анҷомидааст ва фалсафаи он, раҳонидани инсони ҷомеаи санъатӣ аз доми “азхудбегонагӣ” аст; ба ин маъно, ки аз соатҳои бекории афрод, ба унвони фурсате барои бозёбии худ ва таҷаллӣ ёфтани бӯъди маънавии инсон истифода мешавад.

Ислом ҳам замони фароғатро бисёр боаҳамият медонад, дар ривояте омадааст: “Замони як мусалмон ба чаҳор бахш тақсим шудааст: бахше ба розу ниёз бо Худо, бахши дигар ба кору талош барои касби рӯзӣ, қисми дигар ба иртиботи созанда бо дигарон ва порае аз он низ ба тафреҳу истироҳати солим ихтисос ёфтааст”.

Бар асоси ин замонбандӣ, тамоми фаъолиятҳои фардӣ ва иҷтимоии яе мусалмон, чӣ дар қолаби кор ва чӣ тафреҳи солиму созанда, муфид ва ҳадафманд аст.

Чунон ки дар бархе дастуроти динӣ, ҳадаф аз тафреҳ, касби ниру ва нишот барои анҷоми дигар фаъолиятҳо шумурда шудааст.

Соҳибназарони улуми иҷтимоӣ ва улуми тарбиятӣ, пас аз баррасӣ ва пажӯҳиши бисёр, беҳтарин васила барои гузарони замони фароғати ҷавононро тафреҳоти солиме чун варзиш, мутолиаи китоб ва фаъолиятҳои арзишманди иҷтимоӣ унвон мекунанд.

Дар ислом низ масъалаи варзиш ва парвариши ҷисм, аҳамияти вижае дорад, ҳамон гуна ки ба парвариши фикрӣ низ баҳо дода шудааст, Имом Алӣ(а) мефармоянд: “Соатеро барои тафаккур ва тааммуқ дар хештан ва баррасии нуқоти заъфу қувват ва муҳосибаи аъмоли рӯзонаи худ ихтисос диҳед”.

Ба ин тартиб, мутолиаи китобҳои судманд, аз беҳтарин саргармиҳо ва тафреҳоти солим аст. Ин амр бино бар фармоиши Амиралмӯъмини Алӣ(а) афзун бар баҳрабардории илмӣ ва фарҳангӣ, оромишро низ фароҳам месозад, тавре ки мефармоянд: “Ҳар кас хештанро бо китобҳо саргарм созад, оромиши хотирро аз даст нахоҳад дод”.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.