Маънои хушбахтӣ

89

Аз хушбахтӣ пурсиданд: Куҷо зиндагӣ мекунӣ?

Посух дод: Дар қалби инсонҳое, ки ба қазову қадари илоҳӣ розию хушнуданд.

Хушбахтӣ дақиқан ҳамон мафҳумест, ки мо дар зиндагӣ дар паи он мегардем ва хостаи аслиамон ин аст, ки ба он бирасем.

Аммо оё то ба ҳол ба ин фикр кардаем, ки хушбахтӣ яъне чӣ?

Оё хушбахтӣ, доштани пулу сарвату моли зиёд аст?

Оё доштани ҳамсари хуб аст?

Ва ё доштани фарзанди хуб аст?

Ё кори хуб, шуғли хуб ва хонаи хуб, ё дӯсти хуб?

Хушбахтӣ чист?

Шояд ҳамаи ин мавориде, ки гуфтем, нишонаҳои хушбахтист ва худи хушбахтист?

Одатан дар ин гуна мавридҳо, меравем суроғи ин ки бубинем хушбахтиро чӣ гуна таъриф мекунанд ва таърифи он чист?

Дар таърифи хушбахтӣ назарҳое матраҳ шуда ва ихтилофоти зиёде низ ба чашм мехӯрад. Дар идома ба ду намуна аз таърифҳо ишора мекунем, ки мафҳуми таорифи дигар ҳам ба ҳамин наздик аст:

Хушбахтӣ яъне расидан ба лаззати бисёр ва ё расидан ба лаззатҳои доимӣ дар зиндагӣ.

Ва таърифи дуюм: Хушбахтӣ иборат аст аз ризояти куллӣ аз зиндагӣ ва хушнудӣ аз вазъияти хештан ва аз зиндагии худ…

Аз дидгоҳи бузургон низ маънои хушбахтӣ мутафовит аст, масалан Маҳатма Гондӣ гуфтааст: Хушбахтӣ замонест, ки фикр мекунед, чизе ки анҷом медиҳед, бо ҳам ҳамоҳанг бошад. Метавон гуфт, ки Гондӣ ҳамоҳангӣ ва назмро ба навъе ба маънои хушбахтӣ маъно кардааст.

Аз назари Арасту, хушбахтӣ ба маънои ҳадафи зиндагист, ҳадафи ниҳоии вуҷуди инсонӣ.

Ва аз дидгоҳи Денис Войтлей: Хушбахтӣ, ба маънои ҳар лаҳза бо ишқ, қадршиносӣ ва бахшандагӣ зиндагӣ кардан аст.

Ва албатта аз назари бархе, балки аз назари хелеҳо, хушбахтӣ ба маънои доштани пулу молу сарвати дунёст.

Достонеро бароятон нақл мекунам, ки ба ин маъно рӯшанӣ меандозад ва посухи инро, ки оё хушбахтӣ ҳамон доштани молу сарават аст, медиҳад.

Нақл мекунанд, ки подшоҳе бемор шуд. Табибон аз тамоми шаҳрҳо ва аз кишварҳои ҳамсоя омаданд ва натавонистанд бемории ӯро табобат кунанд.

Рӯзе ҳакиме ба болини подшоҳи бемор омад ва гуфт: Илоҷи бемории ту ин аст, ки пироҳани як фарди хушбахтро ба танат бипӯшӣ!

Ҳамаи навкарони подшоҳ дар тамоми билод ҷор заданд, ки ҳар кас марди хушбахтеро пайдо кунад ва назди подшоҳ биёварад, подоши зиёде насибаш хоҳад гашт. Сипас навкарону сарбозони подшоҳ дар тамоми мамлакат ба ҷустуҷӯи марди хушбахт пароканда шуданд. Онҳо ба ҳар касе, мерасиданд ва гумон мекарданд, ки хушбахт аст, ба сӯҳбатҳояш, ки гӯш медоданд ва мефаҳмиданд, ки чӣ қадар аз хушбахтӣ бенасиб аст.

Аз қазо, рӯзе марди хушбахтро пайдо карданд ва ба қасри подшоҳ хабар фиристоданд. Подшоҳ дастур дод, зуд пироҳанашро аз танаш дарбиёред ва барои ман бифиристед!

Ба хонаи марди хушбахт расиданд. Ӯ марди фақире буд. Навкарон хостанд, пироҳанашро аз ӯ бигиранд. Аммо бо тааҷҷуб диданд, ки пироҳане дар тан надошт…

Воқеият ин аст, ки хушбахтӣ танҳо як чиз нест. Балки маҷмӯае аз шароити муҳитӣ, руҳӣ ва равонӣ аст, ки боис мешавад инсон ба нишоти дарунӣ даст пайдо кунад ва эҳсоси хушбахтию саодат дошта бошад.

Албатта саодату хушбахтӣ барои инсони худобовар ва мӯъмин ба гунаи дигаре маъно мешавад. Мӯъмин ғарқ шудан дар Худоро айни хушбахтии худ медонад. Лаҳзае ибодат ва розу ниёз бо маъбуд ва мавриди таваҷҷӯҳи хосси парвардигори хеш гаштан, нуре дар замири мӯъмин рӯшан мекунад, ки ӯро ба хушбахтӣ мерасонад.

Расидан ба хушбахтӣ низ монанди ҳар мафҳуми ноби дигар, муқаддамоте дорад, ки инсон бояд онро фароҳам созад то ба хушбахтӣ бирасад.

Гоҳе бидуни далел меҳрубонӣ кардан, гоҳе ғарқ шудан дар муҳаббати наздикон ва гоҳе худро вақфи Худо кардан, метавонад пуле бошад барои расидан ба хушбахтӣ.

Масалан, гоҳе мо инсонҳо дар асари фишори мушкилот ба сутӯҳ меоем ва забон ба шиква мекушоем ва тасаввур мекунем, ки ҳеч гоҳ хушбахт набудаем. Аммо гоҳе бояд биниши худро ба ҳастӣ ва ҷаҳони пиромунамон тағйир диҳем. Гоҳе хушбахтӣ ҳамон лаҳзаҳоест, ки аз даст медиҳем ва бетаваҷҷӯҳ аз канораш мегузарем.

Лозим аст, баъзе вақтҳо бе ҳеч баҳонае лабханд бизанем, бе баҳонае меҳрубон бошем ва саховатмандона худро вақфи муҳаббат кунем то эҳсоси хушбахтӣ ба мо даст диҳад.

Гоҳе ҳамон лаззате, ки дар шод кардани дигарон ҳаст, ҳисси хушбахтии воқеиро барои мо ба армуғон меоварад.

Шояд одамони хушбахт онҳое ҳастанд, ки бароҳатӣ аз хатои дигарон чашм мепӯшанд. Зеро инҳо инсонҳои қавӣ ва тавонманде ҳастанд. Инҳо касоне ҳастанд, ки намегузоранд таконҳои зиндагӣ оромиши даруниашонро хадшадор кунад. Бинобар ин, ин афрод, афроди хушбахте ҳастанд. Чунки тавоноии инро доранд, ки бо мушкилот дӯстона рӯбарӯ шаванд ва пирӯзмандона аз майдони мубориза берун оянд.

Пас, агар мо битавонем дигаронро, ки сабаби озорамон шудаанд, ба осонӣ бубахшем ва аз хатояшон чашмпӯшӣ кунем, дар воқеъ тавонистаем зеҳни худамонро аз бори сангине, ки маҷбур будем то муддатҳо онро бар дӯш кашем, халос кунем.

Ва шояд ҳамин аст, маънои хушбахтӣ…

Ёдамон бошад, лаҳазоти хушӣ ва некбахтӣ ҳамеша дар дастрас ҳастанд, ба шарти он ки ба ҳастӣ  хушбин бошем.

Ва шояд ҳамин аст, маънои хушбахтӣ…

You might also like
1 Comment
  1. […] Маънои хушбахтӣ […]

Leave A Reply

Your email address will not be published.