Вазифаи падару модарон дар мавриди фарзандон

122

Зани мусалмон ҳангоме ки ҳомила шуд, вазифаи бордорӣ дар исломро муроот мекунад, аз ҷумла ин ки таоми ҳалол мехӯрад то дар тифл асари нек бигузорад, аз меваҳо биҳӣ мехӯрад, ки бӯи фарзандаш хуш ва ранги ӯ сафед гардад. Он гоҳ ки вазъи ҳамл кард, нахустин бор хурмо ва рутаб мехӯрад то кӯдак ҳалиму оқил бор ояд.

Он гоҳ ки башорати таваллуд шудани навзод ба падару модар дода шуд, аз писару духтарии ӯ намепурсанд, балки мепурсанд: солиму тандуруст аст? Агар солим буд, Худовандро меситоянд ва ҳамду сипоси фаровон мегӯянд.

Агар кӯдак духтар буд, ӯро мавлуди нек медонанд, зеро Худованд нисбат ба духтар рауфтару меҳрубонтар аст то писар. Духтар гулест, ки бояд онро бӯид ва аз муборакии зан аст, ки нахустин кӯдаки ӯ духтар бошад.

Ахлоқи хонавода

Зани мусалмон пас аз таваллуди кӯдакаш ӯро бо таҳорат ва ёди Худо шир медиҳад то аз саодатмандони ду ҷаҳон қарор гирад. Ҳаром ва чизҳои наҷас намехӯрад, зеро дар шир асар мегузорад. Шири модар барои кӯдак пурбаракаттар аз ҳар чизи дигар аст, зеро кӯдак бо шири модар рушд мекунад.

Мусалмон номи хубе барои фарзанд интихоб мекунад. Ӯро хуб тарбият мекунад, одоби нек ба ӯ меомӯзад, ӯро дӯст медорад, ба ӯ раҳиму меҳрубон аст, ҳамчун кӯдакон бо ӯ бозӣ мекунад, вайро мебӯсад ва агар ваъдае дод, вафо мекунад. Ба андозае, ки қудрат дорад, корашро мепазирад ва аз он чи дархури қудраташ нест, аз ӯ дархост намекунад. Ҳафт сол ӯро озод мегузорад, ки бозӣ кунад ва ҳафт соли дуюм ба ӯ китоб, Қуръон ва ҳалолу ҳаром меомӯзад, дар ин давра шино ва тирандозӣ низ ба ӯ ёд медиҳад. Барои тамоми ин корҳо, аз тарафи Худованд савоб ва аҷри фаровон дорад.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.