Равишҳои эҷоди ангезаи дарсхондан дар писарон

140

Афзоиши ҳузури духтарон дар донишгоҳ ва афзоиши савод ва тай кардани дараҷаи илмии боло як иттифоқи хуб дар ҷомеа аст, аммо ба назар мерасад, ки ин масъала, танҳо як рӯи сикка аст ва мутаассифона бо афзоиши алоқамандӣ, иштиёқ ва талоши чашмгири духтарон барои идомаи таҳсил, вуруд ба донишгоҳ ва ҳатто идомаи таҳсил то дараҷаҳои болотар, шоҳиди камранг шудани алоқа ва талоши писарон дар заминаи идомаи таҳсил ва вуруд ба марказҳои омӯзиши олӣ ҳастем ва гуё духтарон пеширо аз писарон гирифтаанд ва шояд битавон гуфт дар баъзе аз мавридҳо ҷое барои ҳузури писарон дар баъзе аз риштаҳо намондааст.

Шояд яке аз содатарин ва аввалин мушкилоте, ки дар ин замина шоҳиди он хоҳем буд, эҷоди мушкил дар заминаи издивоҷи духтарон ва писарон аст. Чаро ки бисёре аз писарон алоқаманд ба издивоҷ бо духтарон нестанд, ки аз ҷиҳати таҳсилот ва мавқеияти иҷтимоӣ аз онҳо болотар бошад ва аз тарафи дигар духтарон низ хоҳони издивоҷ бо марди ҳамдараҷаи худ ҳастанд.

Албатта дар ин ёдошт мо қасд дорем дар мавриди, осебҳо ин ноҳамоҳангӣ ва мушкилоти сарчашмагиранда аз онро бипардозем чаро ки ба назар мерасад ҳам аз ҷойгоҳи мақолаҳои равоншиносӣ хориҷ аст ва ҳамчунин шоҳиди он ҳастем, ки дар ин замина ба матлаб ва мақолаҳои бисёре пардохта шудаааст.

Дар ин ёдоштҳо мо қасд дорем тавсияҳоеро ба хусус ба падару модари писарон баён кунем, то бидонанд чигуна фарзанди худро тарбият ва таҳти контрол қарор диҳанд. То онҳо аз ин амри муҳим –идомаи таҳсил- манъ нашуда ва бештар ба ояндаи шуғлӣ ва таҳсилии худ диққат дошта бошанд.

Агар шумо ҷузъи он даста аз падару модре ҳастед, ки соҳиби фарзанди писар буда ва аз тарафи дигар бо дарс хондан бозӣ бо телефон, мушкилоти таҳсилӣ ва …. ӯ дар ҳам печида шудаед, беҳтар аст ин мақоларо дунбол кунед. Шояд роҳкорҳои баён шудаи он битавонад каме аз бори мушкилоти шумро бикоҳад. Дар зимн фаромуш накунед, ки ба ҳеҷ унвон таслими бетавҷҷуҳиҳо ва кӯтоҳиҳояш (нисбат ба дарсу мактаб) нашуда ва бо тамоми тавон талош кунед, ки ӯро табдил ба як узви муассир дар ҷомеаи фардо кунед.

– Мушкилоти таҳсилии фарзандонро бишносед

Мутобиқ бо оморҳо, бисёре аз мушкилоти таҳсилӣ монанди дар ҳам барҳамҳои ёдгирӣ, фарор аз мактаб , тарсидан аз мактаб ва …. дар писарон, фаровонии бештаре дорад. Ин ки ба чӣ сабаб чунин масъалае унвон мешавад, ҷои баҳсҳои тӯлонӣ дорад, аммо ҳадафи мо аз баёни ин мавзӯъ ин аст, ки агар мебинед фарзанди писари шумо дар амри идомаи таҳсил бо мушкил рӯ ба рӯ шудааст, лозим аст, ки ҳатман эҳтимоли навъҳои дар ҳам барҳами ёдгирӣ, мактабтарсӣ ва …. ро дар назар бигиред ва ҳатто дар ин замина бо мушовири мактаб ва ё равоншиносон машварат дошта бошед. Табии аст, агар мушкилоти фарзанди шумо шинохта шавад имкони дармони комили он ва сипас мувафақияти онҳо дар амари таҳсил чанд баробар мешавад.

-Бо мактаби писаратон доиман дар тамос бошед

Дар мавриди ғайбатҳои фарзандонатон аз мактаб бисёр ҳасос бошед. Иҷозат надиҳед бо ҳар далели соддае аз мактаб рафтан сарбоз зананд. Барои осудагии ҳоли худатон (монанди зудтар рафтан ба мусофират ва ё дертар бозгаштан аз сафар) аз мактаб рафтани вай пешигирӣ накунед. Шумо бо наҳваи рафтори худ аҳамияти дарс ва мактабро ба таври ишораӣ ба вай меомӯзед. Бинбар ин дар фикри рафторӣ худ бошед.

Аз тарафи дигар тавсия мешавад, ки ба таври муназзам бо мурабиён, муалимҳо, муовин ва мудири мактаби писаратон дар иртибот бошед ва вазъияти дарсӣ, таҳсилӣ ва инзиботӣ (ахлоқи) вайро пайгирӣ кунед. Агар мушоҳида мекунед, ки дар баъзе аз дарсҳо дорои заъф аст, ба вазъияти дарсии вай диққати бештаре дошта ва агар худатон тавоноии расидагӣ ба умури дарсии ӯро надоред аз дигар атрофиён (монанди тағои ва амакӣ ва…. писаратон) кӯмак бигиред. Истифода аз китобҳои кумакомӯзишӣ ва ҳамчунин баҳрагирӣ аз килосҳои фавқи барнома низ аз равишҳои дигар кӯмак ва ҳамкорӣ ба ин даста аз донишомӯзон аст. Барои осудогии ҳоли худатон (монанди зудтар рафтан ба мусофират ва ё дертар бозгаштан аз сафар) аз мактаб рафтани вай пешгирӣ накунед. – фармӯш накунед, ки чӣ дар даврони дабиристон ва чи дар замони интихоби риштаи донишгоҳӣ, ба фарзандон фишор наёварда ва иҷозат диҳед, ки мутобиқи майл ва алоқаи худ иқдом ба интихоб намоед. Дар баробари он пеш аз ҳадди тавони навҷавон ва ҷавонон аз онҳо интизор надошта бошед ва дар заминаҳо, риштаҳо ва дарсҳое, ки пешрафт доранд, ташвиқи ба мавқеъ зарурӣ ба назар мерасад.

– Диққат ба уфти таҳсилии писарон

Чунон чӣ фарзандон дучори уфти таҳсилии шадид шуданд ва натавонанд аз ҳадди аксари тавоноиҳои худ дар ёдгирӣ истифода кунанд, бояд дар ҷустуҷӯи иллат ё авомили гуногуни он бошед. Маслан имкон дорад, ки фарзандатон аз мактаб нороҳатие дошта ё дар манзил бо мушкили хоссе рӯ ба рӯ шуда бошад.

– Тарғиби писарон ба барномарезии дарсӣ

Ба назар мерасад, ки писарон нисбат ба духтарон бисёр роҳаттар бо масоил рӯ дар рӯ шуда ва гоҳ ин масъала аз ҳад гузашта ва сабаби бедиққатӣ ва нодида гирифтани аҳмаияти барномарезии дарсӣ мешавад.

Лизо шояд лозим бошад шумо падару модари гиромӣ дар ин замина сахтгирии бештаре дар мавриди барномарезии дарсӣ дар мавриди писратон дошта бошед. Бинобар ин ба фарзанди худ барои таҳяи як барномаи дарсии муносиб барои истифодаи муфид аз вақтҳои фароғат ва ҳамчунин диққати вижае ба дарсҳо, кунед.

– Ислоҳи улгуи шинохтии писарон

Бисёре аз писарон сарбозӣ рафтан, ёфтани кори муносиб, касби даромад ва…. ро баҳонае барои худдорӣ аз идомаи таҳсил ба шумор оврда ва аз ин роҳ саъй дар диққати амалкарди худ доранд.

Ба таври қатъ масъулиятҳои мардон ва нақши авомили моддӣ дар зиндагӣ, ғайри қобили инкор аст, аммо ин ки бихоҳем ин навъ масъулият ва нақшаҳоро монеи барои рушд ва пешрафти илмӣ ва таҳсилӣ ба шумор овардем, кори нодуруст ва ғайри мантиқӣ аст, лизо дар ин мавқеъият аст, ки бояд падару модар нақши асосии худро нишон дода ва ба нишон додани хатти фикрии сеҳеҳ ва мантиқӣ ва ақлонӣ ба писарон бипардозанд.

Барои нишон додани чунин роҳнамоиҳое лозим аст, ки ӯро ташвиқ кунед, ки дар мавриди ояндаи худ фикр кунад ва на фақат барои ояндаи наздик, балки барои даҳҳо соли оянда низ ҳадфҳое дошта бошад. Бубинад ӯ умедвор аст, ки барои зиндагии ояндаи худ чӣ коре анҷом диҳад? Дар солҳои оянда ва бо диққат ба боло рафтани сатҳи таҳсилии ҷомеа мехоҳад чӣ навъ шуғле дошта бошад? Ва…

Ба назар мерасад, ки писарон нисбат ба духтарон бисёр роҳаттар бо масоил рӯ дар рӯ шуда ва гоҳ ин масъала аз ҳад гузашта ва сабаби бе диққатӣ ва нодида гирифтани аҳмаияти барномарезии драсӣ мешавад.

Агар дар  мавриди оянда бинише ба ӯ бибахшед, мумкин аст кам-кам дарк кунад, ки чӣ гуна тасмимҳои имрӯзии ӯ метавонад дар расидан ба аҳдофе, ки дар оянда дорад муассир бошад. Агар имрӯз талош накунад, бояд тамоми руъёҳои худро барои ин ки мавқеъияти шуғлӣ, иҷтимоӣ, заношуӣ ва… муносиб дошта бошад, канор бигузорад. Дар бораи он чунин роҳнамоиҳоеро метавон аз мушовирони сиддиқ ва бо таҷриба, ки маълумоти лозимро дар ин замина доранд, дарёф кард.

Дар охир зикри ин матлаб зарурӣ ба назар мерасад, ки саъй кунед аз вокунишҳои шадид ва ҳаяҷонӣ худдорӣ кунед. Агар беш аз ҳад ҷабҳагирӣ кунед ва барои эҷоди барномарезӣ ва … фишори зиёде ба ӯ ворид кунед, ҳамаи талошҳои шумо натиҷаи акс медиҳад.

Ҳавсала дошта бошед ва сабр кунед. Бубинед оё худи ӯ тағйире эҷод мекунад ё на? Дар ниҳоят агар тағйире дар рафтори ӯ мушоҳида накардед, он вақт замони дахолати шумост. Ба унвони падар ва модар, ин масъулияте аст, ки бар уҳдаи шумост.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.