Хоби издивоҷ дар кӯдакӣ

44

Гоҳ баччаҳо бо иттифоқҳое, ки дар бораашон меафтад ҳамонандсозӣ мекунанд, масалан вақте туй мераванд барояшон хӯш мегузарад, дар заҳенашон худро арӯс ё домод тасавур карда ва бо ҳамонандсозӣ чунин маҷлисеро барои худ муҷассам мекунанд. Дар ин шароит ҳаяҷони мусбат ва фазои шоде, ки кӯдак дар он қарор гирифта сабаб мешавад ба ин навъ хаёлпардозӣ рӯ биёварад. Зимни ин ки гоҳе кӯдак фақат диққат мехоҳад.

Муҳити хастакунандаи хона, баъзе кӯдаконро маҷбур мекунад, ки дар хаёлашон ҷойгузинӣ барои он фазои хастакунандау касолатовар пайдо кунанд.

Гоҳе эҳсоси оромиш намекунад

Кӯдаке, ки дар ин муҳит эҳсоси оромиш намекунад, дар хаёлаш хоби издивоҷро мепарваронад ва худро дар хонаи дигар ва дар канори шахси дигаре тасавур мекунад. Аз сӯи дигар баччаҳое, ки дар хона мавриди камдиққатӣ қарор мегиранд ё тасавур мекунанд дигарон ба онҳо диққат намекунанд хоби издивоҷро хеле зуд ба хаёлпардозияшон ворид мекунанд.

Гоҳе низ кӯдак мехоаҳд ташвиқаш кунед

Ташвиқи атрофиён метавонад ба такрори хаёлпардозии кӯдак дар ин маврид кашида мешавад. Вақте кӯдак хостаашро барои издивоҷ карданд ба забон меоварад ва бақия ба ӯ механданд ба ҳарфаш диққат мекунанд дар воқеъ рафторашро тақвият мекунанд.

Гоҳе ҳам кӯдак маънои ҳарфашоро намедонад

Баён кардани орзуи издвоҷ ё гуфтани ин ки мехоҳам бо дӯстам издивоҷ кунам, дақиқан ба маънои орзӯи кӯдакон барои издивоҷ нест. Гоҳе баччаҳо маънои ҷумлаҳоро намефаҳманд ва намедонанд вақте аз издивоҷ ҳарф мезананд, дақиқан аз чӣ чизе суҳбат мекунанд. Онҳо танҳо вожаҳое, ки дигарон ба забон меоварандро такрор мекунанд, аммо таҳти маънои вожаро намедонанд. Ӯ танҳо шодии маҷлиси арусиро  мебинад ва орзуяш барои қарор гирифтани фазое аз он ҷинсро ба забон меоварад.

Агар фарзандатон беш аз андозаи ин хобро ба забон меоварад, нигарон набошед бо ин тавсяҳо ором–ором тамоюлаш ба пайдо кардани ҳамсарро камранг кунед. Ин се роҳро имтиҳон кунед:

  1. На ташвиқ кунед, на танбеҳ! Вақте кӯдаке аз издивоҷ суҳбат мекунад ба ҷои таҳсин карданаш дар ин маврид бештар бо ӯ суҳбат кунед. Бидуни ин ки ӯро манъ ё ташвиқ кунед, танҳо бепурсед чӣ шуд ки ба ин фикр афтидед? Оё дар арусӣ ба ту хуш гузашт? Дӯстдорӣ ба ту бештар диққат шавад? Дар чунин шароите бояд бо гуфтугӯи бештар, барои ворид шудан ба даруни кӯдакатон талош кунед ва бидуни тасдиқ ё танбеҳ ҳарфи ӯро танҳо ҳамчун радди пое аз эҳсоси дигаре, ки дар дилаш аст бипазиред.
  2. Бештар диққат кунед баёни ин ҳарфҳо барои кӯдаке дар ин син, метавонад аз ниёз ба ҷалби диққат бештар ҳикоят кунад дар хонае, ки падару модар камтар ба баччаҳо диққат доранд, кӯдакон ба дунболи роҳе барои ҷалби муҳаббат ва диққати бештар мегарданд. Агар намехоҳед камбуди диққат ба хаёлрпардозиҳои фарзандатон шидат диҳад ва албатта намехоҳед бо таваҷуҳи беш аз андоза ӯро ноз кунед, аз абзорҳои кучаке барои нишон додани диққат кӯмак бигиред. Барои мисол метавонед вақте бо ҳамсаратон ҳарф мезанед, мӯи кудаконро ҳам навозиш кунед ва бо ҳамин рафторҳои содда ба ӯ нишон диҳед, ки саҳме аз диққати шуморо дар ихтиёр дорад.
  3. Ҷидди нагиред баёни чунин тамоюле аз сӯи кудакон то андозаи табиӣ аст ва ҷои нигаронии хоссе надорад кофӣ аст падару модар бо рафтори дуруст аз тақвияти ин тамоюл пешгирӣ кунанд ва ба он ҳамчун хостаи гузаро, ки дар сурати тақвият нашудан хомӯш мешавад, нигоҳ кунанд. Кофӣ аст падару модар ба соддагӣ бигӯянд: Чӣ ҷолиб! Ҳамаи ин ҳиссро таҷриба мекунанд. Оё ин ки бидуни гуфтани ҷумали хоссе баҳсро иваз кунанд ё дар қолаби бозӣ ва қисса зеҳни кӯдакро ба роҳи дигар ҳидоят кунад.
You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.