Чаро бачадор намешавам?

127

Ҳануз муддати зиёде аз талошатон барои бордор шудан нагузаштааст

Аввалин чизе, ки бояд ба он диққат дошта бошед ин аст, ки “чӣ муддат” аз замоне ки барои бордор шуданат иқдом кардаед мегузарад. Шояд фақат “эҳсоса”-тон ин аст, ки муддатҳост талош доред бордор шавед, аммо дар воқеъ бояд бидонед, ки хеле аз зану шаваҳар фавран баччадор намешаванд. Пизишкон тавсия мекунанд, ки дар мавриди зер бояд ба пизишк муроҷиат кунед:

– Агар 35 сол ё бештар доред ва дасти кам шаш моҳ аз иқдоматон барои бордорӣ мегузарад.

– Агар камтар аз 35 сол доред ва дасти кам як сол аст, ки саъй доред бордор шавед.

Агар ҳар як аз шароити гуфта шуда дар мавриди шумо сидқ мекунад бояд ба пизишк муроҷиат кунед, ҳатто агар ҳеҷ аломате аз мушкили бордорӣ надошта бошед.

Фазилатҳои ахлоқии занон нисбат ба шавҳарон

Тухмакгузорӣ намекунед

Барои борваршудан, тухмак ва сперм лозим аст. Агар дар бадани шумо тухмакгузорӣ анҷом нашавад табиатан наметавонед бордор шавед. Бештари хонумҳое, ки дучори мушкилоти тухмакгузорӣ ҳастанд, одати моҳонаи номуназам доранд, аммо муназам будани қоидагӣ низ тазмине барои рӯй додани тухмакгузорӣ нест. Агар сиклҳои қоъидагятон номуназаманд, ҷиҳати баррасӣ ба пизишк муроҷиат кунед, ҳатто агар муддати зиёде аз талошатон барои бордорӣ намегузарад.

Мушкил аз ҳамсаратон аст на шумо

Вақте бидуни сперм наметавонед бордор шавед пас возеҳ аст, ки ҳамсаратон ҳам дар бордорӣ нақш дорад. 20% то 30% аз завҷҳои ноборвар баъд аз баррасӣ мефаҳманд, ки фоктурҳои ноборварӣ  ба мард марбут мешавад. 4% мавридҳои ноборварӣ низ вобаста ба ҳар ду тараф ҳастанд. Мавриди дигаре, ки бояд бидонед ин аст, ки ноборварии мардон маъмулан бидуни аломат аст ва бидуни онолизи сперм дар озмоишгоҳ қобили мушоҳида нест. Бинобар ин лозим аст, ки ҳар ду тестҳои лозимро анҷом диҳед.

Сини шумо иллати ноборвариатон аст

Ба таври куллӣ занон баъд аз 35 солагӣ ва мардон баъд аз 40 солагӣ сахтар баччадор мешаванд. Баъзе аз хонумҳо тасавур мекунанд, агар одати моҳонаашон ҳамчунон муназам аст, пас метавонанд бордор шаванд, аммо ин тавр нест. Син, ҳам бар кайфияти тухмакҳо ва ҳам бар теъдодашон асар мегузорад. Зимнан агар ҳамсаратон аз 5 сол аз шумо бузургтар бошад, риски мушкилоти бордориатон баъд аз 35 солагӣ бештар хоҳад буд.

Лулаҳои баччадонатон баста шудаанд

Баҳамхурдани тухамкгузорӣ омили 25% то 30% аз ноборвариҳои занона аст. Бақаяи ноборвариҳои занона метавонад ба басташудани лулаҳои баччадон ё лулаҳои фолуп, мушкилоти сохтории баччадон ва ё андуметрюз вобаста бошанд. Лулаҳои раҳим, роҳҳои миёни туҳмдонҳо ва раҳим ҳастанд. Лулаҳои баччадон мустақиман ба тухмдонҳо пайваст нестанд. Сперм бояд аз гарданаи баччадон, шинокунон худашро ба баччадон ва лулаҳои баччадон бирасонад. Вақте як тухмак аз тухмдон раҳо мешавад, кашиши лулаҳои фолуп, тухмакро ба даруни мекашад. Борварӣ дар дохили лулаҳои фолуп рӯи медиҳад, яъне ҷое, ки сперм ва тухмак билахира бо ҳам мулоқот мекунанд. Агар ҳар чизе монеи амалкари дурсти луалҳои баччадон шавад, ё чизе пеши мулоқоти сперм ва тухмакро биград, шумо қодир ба бордор шудан нахоҳед буд. Басташудани лулаҳои фолуп иллатҳои эҳтимолии зиёде метавонад дошта бошад. Баъзе аз хонумҳое, ки дучори басташудани лулаҳои баччадон ҳастанд, лекин дард ҳам доранд, аммо гурӯҳи дигар мумкин аст ҳеҷ аломате надошат бошанд, фақат қарор гирифтан дар шароити бордорӣ метавонад нишон бидиҳад лулаҳои фолум баста ҳастанд ё на. Акси ранагии раҳим (HSG) барои нишон додани боз будани лулаҳои баччадон ба кор меравад, ки бояд тавсути пизишки мутахасиси занон иҷозат шавад.

Андуметрюз доред

роиҷтарин аломатҳои андуметрюз дарбаргирандаи одатҳои моҳонаи занона ба ҳолати дарднок ва дарди лаган дар замонҳои ғайр аз қоидагӣ мешавад, аммо ҳамаи хонумҳое, ки андуметрюз доранд ин аломатҳоро надоранд. Баъзе аз хонумҳо тайи талош барои бордор шудан андуметрюзи худро мефаҳманд. Андуметрюз аксран иштибоҳ ташхис дода мешвад ё ин ки аслан ташхис дода намешавад. Андуметрюз бо озомиши хун ё узӣ ташхис мешавад дод ва ниёз ба ҷароҳӣ ташхиси лопроскуӣ дорад. Ба ҳамин иллат ташхиси дурусти андуметрюз маъмуллан ба таври миёна 4 сол тӯл мекашад.

Доруи хоссе масраф мекунед

Баъзе бемориҳо метавонанд бар бордориатон таъсиргузор бошанд маслан таъодул набудани ҳурмунҳои троид ва ё диёбети ношинохта мумкин аст аз далолили ноборварӣ бошанд. Баъзе аз бемориҳои худ эминӣ монанди лупск ва слёкси ношинохта ҳам метавонанд бар борварӣ асаргузо бошанд, аммо ҳаргиз бе машварати пизишк, масрафи доруятонро манъ накунед. Дар сурате, ки қасди бордорӣ доред ва худатон ё ҳамсаратон дору истифода мекунед бояд пизишкатонро дар ҷараён қарор диҳед.

Дилҳура доред

Шояд борҳо ин ҷумаларо аз касоне, ки муддати ноборвариро таҷриба кардаанд ва баъд баччадор шуданд шунида бошед, ки ин иттифоқ, дуруст замоне афтид, ки дигар барояшон хеле муҳим набуд ва ё ин ки дигар дар мавриди ин масъала нигаронии хосе надоштанд ва ё ин ки хеле аз касоне, ки вақте навзодиро ба фарзанде қабул карданд баъд аз худашон ҳам бордор шуданд ва ин яке аз далелҳояш оромиш аст. Пас то метавонед  оромиши худро ҳифз кунед ва нисбат ба ин масъала тарс надошта бошед. Корҳои лозимро анҷом диҳад, аммо бидуни нигаронӣ. Тарс бо тарашуҳи куртизул бар тухмакгузорӣ ва тавлиди сперм асар мегузорад.

Одоби фарзандпарварӣ аз манзари Қуръон

Иллати ноборвориатон номушахс аст

Байни 25% то 30% аз завҷҳои ноборвар ҳаргиз огоҳ намешванд чаро наметавонанд баччадор шаванд. Баъзе аз пизишкон  мегӯянд иллати мушахас нашудани далели ноборварӣ камбуди ташхиси дақиқ аст. Онҳо мегӯянд чизе таҳтти унвони »ноборварӣ бе далел« вуҷуд надорад, балки мушкил аз далелҳои кашф нашуда ва ё ташхис дода нашудааст. Ба ҳар ҳол асли моҷаро ҳамчунон боқи аст ва баъза аз завҷҳо ба дели набудани ташхиси дуруст наметавонанд бордор шаванд. Аммо ин ба он маъно нест, ки шумо ҳамчун як завҷи ноборвар, ки иллате барои мушкилатон пайдо накардед, наметавонед дармон шаваед. Шумо боз ҳам метавонед  бобати ноборвариатон дармон шавед, ҳатто агар ташхис дода бошанд нобовариатон бе далел аст!

Чанд тавсия

1- Агар барои бордор шудан мушкил доред бояд бидонед, ки мушкилатон роҳи ҳал дорад. Хеле аз завҷҳо озмоиш ва дармонро ақиб меандозанд ва мунтазири муъҷиза мешванд ё тасавур мекунанд фақат бояд каме бештар сабр кунанд. Аммо ин иштибоҳ аст. Баъзе аз илаттаҳои ноборварӣ бо гузашти замон бадтар мешаванд. Бинобар ин ҳар чи зудтар барои баррасӣ ва дармон иқдом кунед баҳтар аст ва бештар эҳтимол дорад аз одамоҳои ноборварӣ натиҷа бигиред.

2- Иллати дигаре, ки завҷҳо гоҳе иқдомҳои дармониро ба таъхир меандозанд ин аст, ки эҳсос мекунанд аз ҷиҳати саломатӣ аз мушкил борварӣ надошта бошед ва сикли одати моҳонаатон комилан муназзам ва табии бошад, аммо маънеаш ин нест, ки ҳар вақт тасмим ба бордор шудан гирифтед метавонед фавран бордор шавед ё ин ки мушкили борварӣ надоред.

3- Далелҳои ноборварӣ ҳамеша қобили мушоҳида ё маҳсус нест, ба ҳамин далел агар як сол аст талош мекунед бордор шавде ё агар 35 сол ба боло доред ва шаш моҳ аз иқдоматон барои бордор шудан гузаштааст, сабр накунед ва зудтар ба пизишк муроҷиат кунед. Шояд баъзе тағйироти кучак мисли баланд нашудани билофосила баъд аз наздикӣ, дар назар гирифтани замони тухмакгузорӣ ва… кӯмак кунад, то мушкилатон зудтар ҳал шавад.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.