Худомеҳварӣ ва худобоварӣ дар зиндагӣ

64

Инсонҳои худобовар ҳамеша Худовандро дар рафторҳояшон дар назар мегиранд ва дар чорчӯби дастуроти илоҳӣ қадам мебардоранд ва худро ба рушду боландагӣ мерасонанд. Мақсади онон ризо ва ризвони илоҳӣ аст ва Худованд қутбнамои корҳо ва рафторҳои онҳост.

Албатта бояд ёдовар шавем, ки худобоварӣ нишонаи дурӣ гузидан аз неъматҳои илоҳӣ, гӯшагирнӣ  ва баҳра набурдан аз онҳо нест, балки баҳраварии дуруст аз ин неъматҳост.

Инсони худобовар ҷони хешро аз олудагиҳо пок месозад ва дар натиҷа ба камолу сарафрозӣ мерасад ва хушбинӣ, мардумдӯстӣ, некхоҳӣ ва оромишу осоишро армуғони роҳи хеш медонад.

Худомеҳварон ва худобоварон ба даруни хеш рӯшанӣ медиҳанд ва бо ёди Худо, роҳи саодатро мепӯянд ва дили онон лабрез аз ёди Худованд аст. Онон касоне ҳастанд, ки дар амал бандагии Худовандро аз ҷону дил мепазиранд ва дастуроти илоҳиро ба анҷом мерасонанд.

Афроди худомеҳвар бо мардум, бо кушодарӯӣ ва бо табассум сухан мегӯянд ва ба фармони илоҳӣ гӯш фаро медиҳанд ва ҳамеша ниёзҳои дигар бандагони Худоро бароварда мекунанд.

Дар ривоят омадааст: “Касе, ки яке аз ниёзҳои бародари диниашро барорад, Худованд сад ҳазор ҳоҷати ӯро бароварда месозад, ки нахустини онҳо, биҳишт аст”.

Нақл аст, ки Худо ба Мӯсо чунин дастур дод: Маро дӯст бидор ва дӯстии маро дар дилҳои дигарон бигустарон!

Мӯсо пурсид: Эй Худои Бузург, ман туро дӯст медорам. Аммо чӣ гуна муҳаббати туро дар дилҳои дигарон ҷой диҳам?

Худованд ба Мӯсо гуфт: Неъматҳоеро, ки ба онон додаам, барояшон ёдоварӣ кун, зеро онон ҷуз хубӣ аз ман надида ва ба ёд надоранд.

Инсонҳои худобовар бо мардум дӯстӣ мекунанд ва меъёри дӯстиашон низ хостаи парвардигорашон аст ва чун парвардигорашон аз онҳо ин гуна хостааст, ба он амал мекунанд.

Дар оини муқаддаси ислом, мавзӯи хонавода, мавзӯи бисёр арзишманд дониста мешавад. Бинобар ин шоиста аст, аъзои хонавода бар асоси супориши дин, дар истеҳкоми он кӯшиш намоянд ва бо меҳру муҳаббат дар ҳаққи ҳамдигар ва  гузашт аз лағзишҳои ҳамдигар, ба хонаводаашон сафою гармӣ бахшанд.

Расули раҳмат ва меҳрубонӣ, ҳазрати Муҳаммад(с) низ дар супориши зебое ин гуна мефармоянд: “Некӯтарин имонро касе дорад, ки бо хонавоадааш меҳрубонтар бошад ва ман аз ҳамаи шумо бо хонаводаам меҳрубонтар ҳастам”.

Инчунин он ҳазрат мефармоянд: “Касе, ки ҳамсаре интихоб намуд, бояд ба ӯ эҳтиром бигузорад”.

Пас, меҳру муҳаббат ва эҳтиром гузоштан ба ҳамсару фарзандон дар муҳити хонавода, аз хусусиёти худомеҳварон аст.

Баростӣ, агар рангҳои зебо, табиати ҳайратангез ва чеҳраҳои зебо кашишҳои аҷибе дар дилҳо эҷод мекунад, пас, шинохт ва огоҳӣ аз сарчашмаи ин зебоиҳои ёдшуда – яъне Парвардигор, чӣ шавқу лаззате хоҳад дошт.

Аввалин ва муҳимтарину аслитарин даъвати паёмбарон ба сӯи тавҳид ва худомеҳварӣ мебошад. Ва ҳадафи ниҳоии Худованд аз офариниши инсон ин аст, ки инсон боимону худомеҳвар бошад ва ба ин хӯи фариштагон ороста гардад.

Вақте ба ин сифати писандида ороаста мегардем, маҳбуби Худованд хоҳем шуд ва файзу тавфиқи илоҳӣ ба сӯямон мисли борон резиш мекунад ва дар ниҳоят низ, олитарин дараҷоти биҳштӣ насибамон хоҳад гашт.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.