Маҳрумият аз ризқу рӯзӣ

161

Расули Акрам(с) ба Абузар(р) фармуданд: “Чӣ басо, афрод бо гуноҳ ва маъсияте, ки анҷом медиҳанд, боиси маҳрумият аз ризқи худ мешаванд”.

Аз ин ҳадис маълум мешавад, ки олам олами иртибот аст. Яъне амали мо мӯҷиби асароте дар олам мешавад. Пас мудаббире ҳаст, ки иртибототро барқарор мекунад, ки ҳар феъле анҷом медиҳем, асари онро дар ихтиёри мо мегузорад; касе, ки гуноҳ кунад, аз рӯзӣ маҳрум мешавад.

Дар баъзе ривоёт низ омадааст, ки баъзе аз аъмол, боиси афзоиши рӯзӣ мешавад. Аз ҷумлаи ин аъмол намози шаб аст. Агар Худованд ба касе тавфиқ дод ва намози шаб хонд, агар гуфт, ки аз лиҳози рӯзӣ дар ранҷу сахтӣ ҳастам, бовар накунед, чун рӯзияш аз ҷониби Худованд мерасад! Ҳамон тавре ки шаб дар рӯзӣ муассир аст, маъсият ва гуноҳ ҳам мӯҷиби қатъи рӯзӣ мешавад.

Расули Худо(с) дар ҷои дигар мефармоянд: “Дар паи рӯзӣ ва ниёзҳо, саҳархез бошед; чаро ки ҳаракат дар оғози рӯз, мояи баракат ва пирӯзӣ аст”.

Ривояти зебои дигаре дар ин бора ворид шудааст, ки мефармояд: “Силаи раҳим инсонро хушахлоқ, босаховату покизаҷон менамояд, рӯзиро зиёд мегардонад ва маргро ба таъхир меандозад”.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.