Осори хушахлоқӣ дар хонавода

34

Хушахлоқӣ ба маънои баҳрамандии инсон аз сифоти арзишмандест, ки дар рафтору гуфтори инсон таҷаллӣ пайдо мекунад. Хушзабонӣ, эҳтиром ба ашхос, фурӯтанӣ, салом кардан, дилҷӯӣ ва меҳрубонӣ аз намунаҳои хушахлоқӣ ба шумор меравад.
Некхӯӣ бо мардум, бавижа бо ҳамсар ва фарзандон, таъсири амиқ дар шахсияти инсон мегузорад ва ҷомеа ва муҳити хонаводаро пур аз сафову самимият мекунад.
Имом Содиқ(а) мефармоянд: “Ҳеч зиндагоние гуворотар аз хушахлоқӣ нест”.
Дар идома ба муҳимтарин осори хушахлоқӣ дар муҳити хонавода ишорае хоҳем намуд:
1 – Конуни хонавода гарм мешавад.
2 – Афрод маҷзуби якдигар мешаванд.
3 – Афроди хонавода бештар дӯст доранд канори ҳам бошанд.
4 – Мавзӯоти сӯҳбати муштарак зиёд мешавад.
5 – Исору гузашт ва вафо ба аҳд афзоиш меёбад.
6 – Ташаккур ва қадрдонӣ аз якдигар бештар мешавад.
Зиндагии рӯзона пур аз фарозу нишебҳоест, ки боиси навасони руҳия мешавад. Ҳаводис замоне инсонро ғамгину нороҳат мекунад ва гоҳе боиси шодии мо мегардад. Дар мавриди шод зистан, ин ҷумла дар байни мардум маъруф аст, ки бештари мардум тақрибан ба ҳамон андозае шод ҳастанд, ки интизорашро доранд. Ончи ки дар зиндагии мо иттифоқ меафтад, таъйинкунандаи шодӣ нест, балки дар воқеъ навъи вокуниши инсон ба рухдодҳост, ки нақши таъйинкунанда дорад.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.