Се хислати мӯъмин

120

“Се ҳолат ва хислат дар ҳар як аз мӯъминон бошад, дар паноҳи Худованд хоҳад буд ва рӯзи қиёмат дар сояи раҳмати арши илоҳӣ мебошад ва аз сахтиҳои саҳрои маҳшар дар амон аст:

1. Он ки дар коркушоӣ ва кӯмак ба ниёзмандон ва дархосткунандагон дареғ нанамояд;

2. Он ки қабл аз ҳар навъ ҳаракате биандешад, ки кореро, ки мехоҳад анҷом диҳад ё ҳар суханеро, ки мехоҳад бигӯяд, оё ризоят ва хушнудиии Худованд дар он ҳаст ё мавриди ғазаб ва хашми Ӯ мебошад;

3. Қабл аз айбҷӯӣ ва бозгӯии айби дигарон, саъй кунад айбҳои худро бартараф намояд.”

(Имом Зайнулобидин (а))

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.