Роздорӣ дар каломи ҳазрати Исо(а)

88

Нақл мекунанд, ки рӯзе ҳазрати Исои Масеҳ (а) хитоб ба ёронаш фармуд:

“Чӣ кор мекунед вақте яке аз бародарони худро, ки хоб аст бибинед, ки бод бивазад ва либосашро аз рӯяш бардорад (ва авраташ макшуф гардад)? Гуфтанд: зуд бо чизе ӯро мепӯшонем. Ҳазрат фармуд: на (шумо чунин намекунед), балки аврати ӯро макшуф месозед. Гуфтанд: Субҳоналлоҳ! Чӣ касе чунин мекунад? Фармуд: шумо сухани норавое дар ҳаққи бародари худ аз касе мешунавед ва сипас чизе ҳам бар он меафзоед ва миёни мардум мепароканед.”

* * *

Ин иттифоқ чи басо бо ҳар як аз мо иттифоқ афтода, ки дар ҷамъе нишастаем, ва дар ин ҷамъ, дар бораи яке аз дӯстонамон сухане ба миён омада, масалан айби ӯро яке фош месозад ва ё дар бораи масоили хусусӣ ва шахсии ӯ сухан мегӯяд ва бадтар аз ин, гоҳе дар бораи ӯ сухани норавое гуфта мешавад ва ё тӯҳмате бар ӯ зада мешавад ва ё нисбати ношоисте ба ӯ дода мешавад.

Дар якчунин ҳолате, мо ба ҷойи ин, ки он сухангӯро аз ифшо кардани асрору масоили хусусии дӯстамон бозбидорем ва ӯро аз ғайбат кардан наҳй кунем, ба ӯ гӯш фаро медиҳем.

Ҳазрати Исои Масеҳ (а), ин паёмбари илоҳӣ, чунин рафтору мавзеъи моро ташбеҳ ба рафтори касе мекунад, ки ба ҷойи пӯшидани аврати дӯсту бародараш, онро бештар мекушояд ва балки бар он афзуда ва миёни мардум пахш мекунад.

(Манбаъ: Пойгоҳи интернетии Кимиёи саодат)

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.