Мудоро бо мардум

197

Паёмбари Акрам(с) дар мавриди мудоро бо мардум супориши зиёде намудаанд. Аз ҷумла дар ривояте омдааст: “Мудоро кардан бо мардум, ниме аз имон аст ва мулоимат ва рифқ бо онон, ниме аз хушии зиндагӣ мебошад”. (Кофӣ, 2/117).

Яке аз матолиби муҳим, дар баёнот ва низ сираи он паёмбари олимақом, масъалаи мудоро кардан бо мардум аст, ки дар ривояти дигар ба он ишора шудааст: “Худоям маро ба мудоро кардан бо мардум дастур дода ҳамон тавр ки ба анҷоми воҷибот маъмур сохтааст”. (Ҳамон манбаъ).

Достоне аз сираи Расули гиромӣ(с) нақл шудааст, ки марде аъробӣ вориди Мадина шуд ва яксара ба масҷид омад, то аз Паёмбар (с) кӯмаки молӣ бигирад. Ҳангоме ки ворид шуд, Паёмбар (с) дар миёни асҳобашон нишаста буданд. Ӯ ҳоҷаташро баён кард ва Паёмбар (с) ҳам чизе ба ӯ доданд, вале он мард қонеъ нашуд ва онро кам шумурд. Ва илова бар он, ба Паёмбари Худо (с) беадабӣ кард. Асҳоб ва ёрон сахт хашмгин шуданд ва чизе намонда буд, ки ба ӯ озор бирасонанд. Аммо Паёмбари Худо (с) монеъ шуданд. Расули Худо (с) сипас ин марди бодиянишинро ба хонаи худ бурданд ва миқдоре дигар ба ӯ кӯмак карданд. Он мард изҳори ризоят ва ташаккур кард.

Ҳазрат фармуданд: Ту дирӯз сухани баде бар забон рондӣ, ки сабаби хашми ёрони ман шуд ва ман метарсам онон ба ту газанде бирасонанд. Оё мумкин аст ҳамин ташаккури имрӯзро дар ҳузури онон ҳам анҷом диҳӣ, то хашми онҳо нисбат ба ту аз байн биравад?

Ӯ қабул кард ва ин кор дар миёни мардум ба хубӣ анҷом шуд.

Сипас Паёмбар (с) ба ёронашон фармуданд: Агар дирӯз ман шуморо озод гузошта будам, ҳатман ин бечора дар ҳоли куфр ва бутпарастӣ ба дасти шумо кушта шуда буд, вале ман худам бо нармӣ ва мулоимат ӯро ором ва ҳидоят кардам.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.