Нуктаҳои муҳим барои духтарони дами бахт

108

Имрӯзҳо аҳмияти таҳқиқ бештар шудааст

Таҳқиқ барои издивоҷ, комилан лозим ва зарурӣ аст ва набояд барои чунин мавзӯи муҳимме ба зоҳири фард кифоят кард чаро кӣ имрӯза бо печида шудани алоқа тағйири улгуҳои ошноӣ ва издивоҷ ҳатто боло рафтани мушкилоте монанди эътиёд ё бемороҳиои асабӣ бояд дар бораи мавзӯи издивоҷ таҳқиқи бештаре кард. Дар воқеъ ҳамон қадар, ки эҳтимоли издивоҷи номуваффақ афзоиш ёфтааст, зарурати таҳқиқ, диққат ва шинохт ҳам бештар шудааст.

Таҳқиқ кардан бо ошно будан бо хонаводаи муқобил ҳеҷ зиддияте надорад. Ин ки яке аз хонаводаҳо фикр мекунад чун хонаводаи тарафи муқобилро мешиносад пас ба таҳқиқ ҳоҷате нест, як иштибоҳи бисёр бузург аст, ки мумкин аст сабаби мушкилоти зиёде дар зиндагии фарзандашон шавад.

Дар издивоҷ ду навъ таҳқиқ вуҷуд дорад; таҳқиқи аввалӣ ва таҳқиқи аслӣ. Таҳқиқи аввалия, мухтасар аст, ки бидуни он набояд ба тарафи муқобил, ҳатто иҷозати вуруди ба хона барои хостгориро бидиҳем ё ба хостгориаш равем ин таҳқиқ пеш аз хостгорӣ анҷом мешавад ва дар он масъалаи кифояти хонаводаҳо аз назари иҷтомӣ, фарҳангӣ ва динӣ мадди назар қарор мегирад. Нуктаҳои аввалия дар бораи син, таҳсилот, хидмати низом ва вазифа (дар бораи мардон) шаҳри маҳалли зиндагӣ ва … дар ҳамон тамоси телефонӣ барои хостгорӣ пурсида мешавад, аммо таҳқиқи аслӣ пас аз хостгорӣ ва нишастҳои гуфтугӯии писару духтар ва бо ҳадафи рафъи нофаҳмиҳо анҷом мешавад. Дар замоне ки ҳар ду тараф то ҳудуде шароити якдигарро писандидаанд, марҳалаи таҳқиқи дуюм бояд оғоз шавад.

Аз ин афрод савол кунед

Ошноён, дӯстон, ҳамкорон ва ҳамдонишгоҳиҳо, ҳамсояҳо, маъруфҳо

– Таҳияи як феҳристи баланд боло аз хусуиёти ҳамсари мавриди назар бо тамоми ҷузъиёт ва резакориҳо иштибоҳ аст. Дуруст аст, ки бояд фардеро интихоб кунед, ки хусусиёти ӯ ба назарҳо ва андешаҳои шумо монантар ва наздик бошад, аммо агар зиёда аз ҳадди муҳофизакорона амал кунед ва тамоми зеру рӯи ӯро мавриди қазоват қарор диҳед, ба ҳар ҳол мавриде пеш меояд, ки бо феҳристи шумо ҳамхонӣ надорад ва ҳамин мавзӯъ сабаб мешавад ба далели масъалаҳои ҷузъӣ фарди мавриди назрро қабул накунед.

– Агар то як синне издвоҷ накардед ва ҳоло фикр мекунед дер шуда ва дигарон шуморо зери заррабин қарор додаанд ва баъд фақат ба ҳамин далел, фавран ба як хостгор бале мегӯед, бисёр иштибоҳ мекунед.

– Дар мавриде, ки духтархонумҳо интизор доранд фавран ишқ ва алоқаи шадид ва рӯё рӯи байни онҳо ва ҳамсари ояндаашон ба вуҷуд биёяд ва ба иборате тарафи муқобил фавран як дил на сад дил ошиқашон шавад. Вақте чунин интизоре доранд ва зилзилаи мавриди назари онҳо иттифоқ намеафтанд, фавран дилсард шуда, ақиб мекашанд. Агар интизор доранд дар ҳамон бархурд вашиносоии аввал як робитаи ошиқона ба вуҷуд биёяд, пеш ин издивоҷ, як парчами сурхи бузург нигаҳ дошатед. Бо ин кор воқеъ биниро канор гузоштаед, дар ҳоле ки дунёи мо комилан воқеӣ аст.

Ба ҳамин сабаб ҳамеша ришсафедон ва бузургони мо таъкид мекарданд, ки аввал хуб фикр ва андеша кунед ки идиали зиндагии шумо чӣ ҳамсари аст ба он мушахассот дунболи ҳамсар гардед ва зиёд сахтгириҳам накунед. Аз назари симои ба шумо писанд ва аз назари динӣ мушкил надошта бошад онро ба ҳамсари интихб кунед ва дустӣ ва муҳаббат баъд аз зиндагӣ худ ба худ оғоз мегардад. Духтархонумҳо ҳам бубинанд мард агар содик ва характери ӯ ба он кас маҳқул аст онро ба ҳамсарӣ бипазирад. Инҳо насиҳатҳое ҳастанд ки маъмулан ришсафедон ба ҳамаи мову шумо мекунанд ва дуруст ҳам ҳамин ба назар мерасад

Муваффақу сарбаланд бошед

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.