Меҳру муҳаббат ва эҳтиром ба ҳамсар

123

Вазоифи шавҳар нисбат ба зан

Зан самбули меҳру муҳаббат аст ва беҳтарин калиди ҳамсардориро муҳаббат медонад. Зан саодати хешро дар наздикӣ ва меҳру муҳаббати шавҳар мебинад. Муҳаббат боиси мустаҳкам шудани робитаи занушавҳарӣ мешавад ва рафтори шавҳар дар афзоиши меҳру муҳаббат аз ноҳияи ҳамсар бисёр муҳим аст, чун ӯ ташнаи муҳаббат аст.

Паёмбари Акрам(с) мефармоянд: “Ҳарчи имони мард комилтар бошад, бештар ба ҳамсараш изҳори муҳаббат мекунад”.

Ҳамчунин дар ривояти дигаре, муҳаббат ба хонаводаро сабаби тӯли умр донистаанд: “Касе, ки ба хонаводааш некӣ кунад, Худованд бар умраш меафзояд”.

Инчунин Худованд дар Қуръони Карим таъкид намуда, ки: “Бо ҳамсарони худ бо меҳрубонӣ ва некӣ муошират кунед ва аз беадолатӣ ва хушунат бипарҳезед”. (Сураи Нисо ,ояти 19).

Дар ривояти зебое, аз Имом Алӣ(р), ба некӣ ва мудоро ба ҳамсар ин гуна супориш шудааст: “Ҳамеша бо ҳамсарат мудоро кун ва бо ӯ ба некӣ ҳамнишинӣ кун то зиндагиат босафо шавад”.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.