Арзиши кор

84

Сабки зиндагии Паёмбари Акрам(с)

Аз назари Паёмбари Акрам(с) кор бисёр боарзиш аст ва талоши хастагинопазир подоше дар ҳадди муҷоҳидони роҳи Худоро дорад.

Расули Акрам(с) мефармоянд: “Касе, ки барои таъмини маоши аъзои хонаводаи худ талош мекунад, арзиши ӯ монанди муҷоҳиди дар роҳи Худост”.

Дар ривояте омадааст, ки рӯзе Расули Акрам(с) бо ҷамъе аз асҳоб ва маҳалле ҳузур доштанд. Дар он лаҳза чашмони онон ба ҷавони нируманд ва зебоандоме афтод, ки дар аввали субҳ, ба кор машғул буд. Ёрони Паёмбар гуфтанд: Эй Паёмбари Худо, агар ин ҷавон ниру ва тавони худро дар роҳи Худо масраф мекард, чӣ қадар шоистаи мадҳу тамҷид буд!

Ҳазрат фармуд: Ин суханро нагӯед! Агар ин ҷавон барои таъмини маош мекӯшад ва ангезаи ӯ бениёзӣ аз дигарон аст, ӯ дар роҳи Худо қадам бардоштааст ва агар ҳадафи ӯ пазироӣ аз падару модари нотавони худ бошад, боз ҳам дар роҳи Худо кор мекунад ва агар мақсуди ӯ сару сомон додан ба хонавода ва фарзандонаш бошад, ӯ роҳи Худоро рафта ва ангезаи муқаддасе дорад.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.