Аҳамияти сатр ва пӯшиш барои бонувон

151

Дар маорифи исломӣ чӣ аҳамияте барои пӯшиш ва ҳиҷоби бонувон дода шудааст?

Шакли ҳиҷоб ва сатр чӣ гуна бояд бошад?

Дар асари аҳмияте, ки Ислом нисбат ба пўшидагӣ ва ҳиҷоби занон медиҳад, дастур додааст, ки зан агар дар хонааш намоз хонад, беҳтар аз он аст, ки дар масҷид ва ба ҷамоат ҳозир шавад.

Зане назди Расули Худо омад ва гуфт: Ман мехоҳам намозамро ба ҷамоат бо шумо бихонам.

Ҳазрат фармуданд:

Медонам, ки дўст дорӣ бо ман намоз бихонӣ, вале бидон, ки намоз хондан дар хона бароят беҳтар аз намоз хондан дар масҷиди ман аст ва намоз хондан дар масҷиде, ки ба хонаат наздиктар аст беҳтар аз намоз хондан дар масҷиди ман аст.

Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуданд:

«Тамоми бадани зан аврат аст».

Ва низ фармуданд:

«Беҳтарин макон барои намози зан пинҳонтарин ҷои хонааш мебошад».

***

Шакли ҳиҷоби исломӣ

Миқдоре аз бадани зан, ки бояд пўшида бошад, ҳамчунон ки Қуръони Карим мефармояд, иборат аз ин аст:

1 – Худованд мефармояд:

«Эй паёмбар ба занон бигў чашмҳои худро фурў банданд ва иффати худро ҳифз кунанд ва зебоиҳои худро (ҷуз дар мавориди ошкор) зоҳир накунанд ва гарданҳои худро бипўшонанд ва зинату зебоии худро ҷуз барои шавҳаронашон ошкор нанамоянд…»

Ва низ фармудааст:

«Занҳо пои худро бар замин накўбанд то он чӣ аз зару зевар бар худ доранд ошкор шавад ва дар ҳар сурат мўъминин тавба кунанд, то растгор шаванд».

Он чӣ аз ин каломи Худованд дар бораи ҳиҷоб маълум мешавад, лузуми пўшондани рўсарӣ ва мақнаа бар гулў ва ибтидои сина мебошад. Пас ҳадди ҳиҷоб аз боло ба он миқдор аст ва аз поин пинҳон сохтани халхол ва зинате аст, ки ба по мебанданд, пас бояд ду соқ то маҳалли насби халхол, ки буҷулаки ду тарафи пой мебошад, пўшида гардад.

2 – Вақте Асмо духтари ҳазрати Абўбакр(р) бо либосҳои нозук назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) омад, ҳазрат ба ў фармуданд:

«Эй Асмо! Вақте зан ба синни булуғ (ва ҳайз) расид набояд ҷуз рўй ва ду дасташро касе бибинад».

Оиша гуфт, ки занони мўъмина ба сурати бисёр маҳфузу пинҳон дар чодар ба намози ҷамоати субҳи Паёмбар ҳозир мешуданд ва бидуни таъхир пас аз намоз ба хонаҳояшон бармегаштанд, то касе онҳоро нашиносад.

Дар инҷо шартҳои дигаре барои ҳиҷоб вуҷуд дорад:

1 – Либоси зан ба худии худ зинат набошад, ҳамон гуна ки Худованд фармуд:

«Дар хона бимонанд ва ба монанди замони ҷоҳилият нанамоянд (ва дар байни мардум зоҳир нашаванд)».

2 – Либоси зоҳир ё чодари занон бисёр нозук ва баданнамо набошад, зеро Паёмбар фармуданд:

«Дар охирзамон заноне аз уммати ман бараҳна ва урён дар ҷомеа (дар миёни ҷамоат) зоҳир мешаванд, ки бар сари худ баландие эҷод мекунанд ва шавҳаронашон аҳли намозу масҷид ҳастанд, онҳоро лаънат кунед, ки онҳо лаънатшудагон ҳастанд».

3 – Либоси рў ва ё чодар дорои аксу нақш (нақшу гулкорӣ) ва низ хушбўй (ва муаттар бо атр ва ё чизи дигар) набошад, чун Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуданд:

«Зане, ки атр бизанад ва аз канори гурўҳе бигзарад ва онҳо бўи атри ўро ҳис кунанд, он зан ҳукми зинокорро дорад ва гуноҳи зинокор ба ў дода мешавад».

4 – Либоси зан шабеҳи либоси мардҳо набошад, зеро Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуданд:

«Зане, ки худро шабеҳи мардон кунад ва марде, ки худро шабеҳи занон намояд аз мо нест».

5 – Либосаш шабеҳи кофирон набошад, зеро Қуръони маҷид муслиминро аз пайравии куффор манъ кардааст.

6 – Либоси зан либоси шаҳватангез набошад, зеро Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуданд:

«Касе, ки дар дунё либоси шаҳватангез бипўшад Худованд дар рўзи қиёмат либоси зиллату хорӣ бар танаш мекунад ва сипас ўро ба оташ меандозад».

7 – Дар баъзе ривоёт аз пўшидани либоси ҳарир наҳй шудааст (ва албатта либоси ҳарире, ки рўпўш надошта бошад)

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.