Баргузидае аз суханони ҳазрати Фотимаи Заҳро(р)

152

Ҳикмат ва ахлоқ дар суханони ҳазрати Фотима(р)

“Ҳар кас ибодат ва корҳои худро холисона барои Худо анҷом диҳад, Худованд беҳтарин маслиҳатҳо ва баракоти худро барои ӯ тақдир мекунад”.

“Худованди Субҳон имону эътиқодро барои таҳорат аз ширк ва наҷот аз гумроҳиҳо ва шақоватҳо қарор дод. Намозро барои хузӯъ ва фурӯтанӣ ва покӣ аз ҳар навъ такаббур муқаддар намуд. Закотро барои тазкияи нафс ва вусъати рӯзӣ таин намуд ва рӯзаро барои истиқомат ва ихлос дар ирода, лозим донист. Ва ҳаҷро барои истеҳкоми асоси шариат ва бинои дини ислом воҷиб намуд”.

“Ҳар ки бар падарам Расули Худо(с) ва бар ман ба муддати се рӯз салом кунад, Худованд биҳиштро барои ӯ воҷиб мегардонад, чӣ дар замони ҳаёт ва ё пас аз марги мо бошад”.

“Беҳтарин чиз барои зан ин аст, ки мардеро набинад ва низ мардон ӯро мушоҳида накунанд”.

Марди нобиное вориди манзил шуд ва ҳазрати Фотима(р) пинҳон гашт. Вақте Руасули Худо(с) иллатро ҷӯё шуд, дар посух изҳор дошт: Агар он нобино маро намебинад, ман ӯро мебинам. Ва низ ӯ бӯи занро эҳсос мекунад.

“Се чиз аз дунё барои ман дӯстдоштанӣ аст: тиловати Қуръон, нигоҳ ба чеҳраи Расули Худо(с), инфоқ ва кӯмак ба ниёзмандон дар роҳи Худо”.

“Ҳамеша дар хидмати модар ва пойбанди ӯ бош, чун биҳишт зери пои модарон аст ва натиҷаи он неъматҳои биҳиштӣ хоҳад буд”.

“Рӯзадоре, ки забон, гӯш, чашм ва дигар аъзои худро нигаҳ надорад, ҳеч суде аз рӯзаи худ намебарад”.

Ҳазрати Фотима(р) рӯзи ҷумъа наздики ғуруби офтоб ба ғуломи худ мефармуд, болои пушти бом бирав, ҳар мавқеъ нисфи офтоб ғуруб кард, маро хабар кун то барои худ ва дигарон дуо кунам.

“Ҳамоно Худованди Мутаол тамоми гуноҳони бандагонашрро меомурзад ва аз касе боке нахоҳад дошт”.

“Аввал бояд дар фикри мушкилот ва осоиши ҳамсояву наздикон ва сипас дар фикри хештан буд”.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.