Бархўрд бо занон

63

Сабки зиндагии Паёмбар(с)

Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуданд:

«Аз занони дигарон бигзаред, то аз занони шумо бигзаранд ва ба падаронатон некӣ кунед, то фарзандонатон ба шумо некӣ кунанд».

***

Атр барои зан ва мард

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуданд:

«Ҳар чашме (агар ба номаҳрам нигоҳ кунад) зинокор аст ва зане, ки атр бар худ бизанад ва дар маҷлисе биравад, (ки бўи атрашро номаҳрам ҳис кунад), ҳукми зинокорро дорад».

***

Ҳақдортарин инсон бар зан

Уммулмӯъминин Оиша аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) пурсид:

«Чӣ касе ҳақи бештар бар гардани зан дорад?»

Ҳазрат фармуданд:

«Шавҳараш».

Пурсид:

«Чӣ касе бештарин ҳақро бар гардани мард дорад?»

Фармуданд:

«Модараш».

Ибни Аббос гуфт:

Зане назди Расули Худо омад ва гуфт:

«Ман намояндаи тамоми занон ҳастам, то аз шумо суол кунам, ки Аллоҳ Парвардигори мардҳову занон ва шумо Паёмбари занону мардон ҳастед, аммо ҷиҳод фақат бар мардҳо воҷиб аст, ки агар солим бозгарданд аҷри бисёр мебаранд ва агар кушта шаванд, шаҳид мешаванд ва дар назди Худо зиндаанду рўзӣ мехўранд ва мо бо он ки худро барои онҳо муҳайё намуда ва зиндагии дохилии ононро идора мекунем, чӣ аҷру подоше ба даст меоварем?»

Ҳазрат фармуданд:

«Ба ҳар зане, ки расидӣ аз ҷониби ман бигў, ки итоат аз шавҳар ва шинохтани ҳаққи ў, баробари ҷиҳод дар роҳи Худованд аст ва иддаи каме аз занон ҳастанд, ки ин дуро анҷом медиҳанд».

***

Эҳтироми шавҳар

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуданд:

«Ҷоиз нест, ки инсоне барои инсони дигар саҷда кунад ва агар ин амр ҷоиз буд, ман фармон медодам, ки зан барои шавҳараш саҷда кунад, зеро ҳаққи шавҳар бар ҳамсараш бештарин ҳуқуқ аст».

Ривоят шудааст, ки чун Маоз ибни Ҷабал аз Шом баргашт ва дар пеши Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ба саҷда афтод, ҳазрат пурсид:

«Ин чӣ коре аст, ки анҷом медиҳӣ?»

Гуфт:

«Дар Шом чунин расм буд, ки мардум барои раҳбарон ва рўҳониёни масеҳии худ саҷда мекарданд ва ман ҳам хостам барои шумо саҷда кунам».

Ҳазрат фармуданд:

«Дигар ин корро накун, зеро агар бино буд, ки дастури саҷда бар инсонеро диҳам, фармон медодам, ки зан бар шавҳараш саҷда кунад. Ба Худо савганд ҳеҷ зане ҳуқуқи Худоро адо накардааст, магар он ки ҳаққи шавҳарашро адо кунад».

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.