Кӯдак ва бадхулқӣ (қисмати севвум)

42

Чӣ бояд кард?

Решаи изтироб ва нигаронии кӯдакро шиносоӣ ва бартараф кунед. Маъмулан кӯдаке, ки бар асари изтироб пархошгарӣ мекунад зуд пушаймон мешавад ва узрхоҳӣ мекунад. Дар ин сурат ҳатман узрхоҳиашро бипазиред ва бо ӯ ба нармӣ ва мулоимӣ сӯҳбат кунед то иллати нигарониашро пайдо кунед.

Ба ҷои он ки бигӯед: “Маъзаратхоҳӣ чӣ фоидае дорад? Ту ҳамеша маро нороҳат мекунӣ ва баъд узрхоҳӣ мекунӣ, ин тавр намешавад!”

Метавонед бигӯед: “Ман мефаҳмам, ки баъзе чизҳо туро асабонӣ мекунад, вале мо вақте асабонӣ ҳастем ба худамон осебе мерасонем. Чӣ чизе ин қадар туро нороҳат кардааст? …”

Агар дар ҳузури кӯдак аз дасти касе асабонии шадид ҳастед, аз фарёд ва носазогӯӣ худдорӣ кунед ва бигӯед: “Чун ҳоло нороҳатам наметавонам роҷеъ ба ин мавзӯъ сӯҳбат кунам.”

Диққат кунед, ки мабодо фарзанди шумо аз нокомии бемавриде ранҷ барад чун дар бештари маворид нокомӣ метавонад ба бадхулқӣ хатм мешавад.

Ҳангоме ки бар сари ду роҳии интихоб қарор мегирад ба ӯ кӯмак кунед то ба суръату диққат, дурусттарин роҳро интихоб кунад, маслан агар дар як замон бо дидани бачаҳои дигар дӯст дорад ба мактаб биравад ва ҳамзамон ба хотири дур шудан аз модар дӯст дорад дар манзил бимонад, хеле зуд далоили бартарии кореро, ки бояд дар ин лаҳза анҷом диҳад ёдовар шавед. Вақте худаш интихоби дуруст кард, барои анҷоми кор омодааш кунед.

Ба ҷои он ки бигӯед: “Ту хиҷолат намекашӣ? Ҳамаи бачаҳои ҳамсинну соли ту ба мактаб мераванд!”

Метавонед бигӯед: “Азизам, медонам дӯст дорӣ ҳозир дар хона бимонӣ, аммо бо рафтан ба мактаб дӯстоне пайдо мекунӣ, ки ҳам метавонӣ бо онҳо дарс бихонӣ ва ҳам дар ҳавлии мактаб бозӣ кунӣ. Ман ҳам мунтазир мемонам, то вақте ки баргаштӣ бароям баён кунӣ, ки чи корҳое дар мактаб анҷом додаӣ, вале агар дар хона бимонӣ фақат метавонем ҳамон корҳои ҳамешагиро анҷом бидиҳем. Ба назарат кадом беҳтар аст?”

Пархошгарӣ рафторе аст, ки кӯдак онро меомӯзад. Агар ин корро аз касоне ғайр аз шумо омухта аст, пеш аз ҳаргуна танбеҳ ва сарзаниш вонамуд кунед, ки аз рафтораш хеле тааҷҷуб карда ва нороҳат шудаед. Ба ӯ фурсат диҳед то ором шавад. Сипас аз ӯ бихоҳед, ки далели рафтори худро тавзеҳ диҳад, ки чаро ин корро анҷом додааст. Баъд ба ӯ ёд диҳед, ки чигуна метавонад бо оромиш ва адаб масъалаи худро ҳал кунад. Масалан агар ӯ дахолати хоҳар ё бародари майдатарашро ба унвони далели бадхулқии худ зикр кард метавонед ба ӯ бигӯед: “Ман мефаҳмам, ки кори ӯ туро нороҳат карда аст, вале худат ҳам медонӣ, ки ӯ ҳанӯз хеле бача аст ва намедонад беиҷозат даст задан ба дафтари ту, кори баде аст. Ӯ ҳатто нафаҳмид, ки ту нороҳат шудӣ. Дидӣ чигуна лабханд мезад? Вале вақте дод задӣ хеле тарсид! Чун фикр намекард, ки ту ӯро даъво кунӣ… Ман ёдам ҳаст, ки дафъаи пеш вақте ба дафтарат наздик шуд ту ба ӯ нигоҳ кардӣ, хандидӣ ва дафтаратро аз сари роҳаш бардоштӣ ва ҳеҷ иттифоқ наафтод… Агар имрӯз ҳам ин корро мекардӣ беҳтар набуд? Намедонам чаро ин қадар нороҳат шудӣ, ки ингуна фарёд задӣ! Бароям тавзеҳ бидеҳ…”

Маҳдудиятҳоеро барои контроли будхулқӣ эҷод ва эълом кунед. ки ин қавонин барои ҳамаи аъзои хонавода аст ва онҳоро ба иттилоъи кӯдак бирасонед. Масалан қарор бигузоред, ки “Агар касе ба ҳар далеле дар хона фарёд бизанад ва чизе партоб кунад бақияи афроди хонавода ба муддати 15 дақиқа бо ӯ сӯҳбат нахоҳанд кард ва ӯ аз тамошои телевизион маҳрум хоҳад шуд. Ва агар ба хотири ин кор узрхоҳӣ кард ва иллаташро тавзеҳ дод ин маҳрумият рафъ мешавад, вале агар дубора ин корро такрор кунад, аз бозӣ кардан маҳрум хоҳад шуд.”

Дар сурате ки ӯ ба дидани филмҳо ва тасвирҳои хушунатомез мепардозад ором-ором соати дидани ин филмҳо ва заминаи дидани ин тасовирро маҳдуду маҳдудтар кунед.

Ҳаргоҳ ӯ омодагӣ дошта бошад паёмадҳои хушунат ва натоиҷи оромишро ба шакли малмус ва қобили фаҳм барояш тавзеҳ диҳед. Диққат кунед каломи шумо ҷанбаи тамасхур, сарзаниш ва насиҳат ба худ нагирад ва ӯ эҳсос кунад, ки фақат доред ба таҳлили як мавзӯъ мепардозед. Дар ин мавоқеъ метавонед бо таърифи як хотира ё достони муртабит ба ин ҳадаф бирасед.

Улгуҳоеро барои ӯ муаррифӣ кунед, ки бадхулқ набошанд. Беҳтар аст ин улгу аз шахсиятҳои маҳбуби ӯ интихоб шаванд, масалан метавонед шахсияти як филми тасвирӣ (мултфилм)-ро мисол бизанед ва дар бораи он сӯҳбат кунед.

Ба ӯ масъулият бидиҳед ва дар ин амр бо ӯ ҳамкорӣ кунед то дар шароити сахт қарор нагирад. Ба ӯ биёмузед чигуна бо ҳифзи оромиш метавонад беҳтар фикр кунад ва муваффақияти бештаре дошта бошад. Масалан агар аз ӯ хостаед ба боғча об бидиҳад баъд аз чанд дақиқа ба ӯ наздик шавед ва бо меҳрубонӣ ва лабханд дастатонро рӯи дасташ бигузоред ва бо ҳамроҳи ӯ тарзи дурусти обпоширо ба ӯ ёд бидиҳед. Коре кунед, ки ба ӯ хуш бигузарад.

Ҳамроҳи ӯ ба дидани барномаи телевизионӣ бинишинед ва саҳнаи бадхулқии онро бо кӯмаки ӯ баён кунед. Барои натиҷа гирифтан ва тафсири филм ҳатман ба назари ӯ таваҷҷӯҳ кунед. Метавонед таҳлилатонро бо як савол шуруъ кунед.

Ба ҷои он ки бигӯед: “Ту ҳам вақте асабонӣ мешавӣ ҳаминтавр ҳастӣ!”

Метавонед бигӯед: “Ин мард чаро ин қадар асабонӣ шуд?”

Ба ин тартиб роҳи гуфтугӯ боз мешавад. Посухҳояшро рад накунед! Роҳҳои дурусти бархурдро дар ҳини ҳамин гуфтугӯ метавонед баён кунед.

Бо ӯ ҳамдилӣ кунед. Огоҳаш кунед, ки чи тавр бар асари асабоният ва сару садо ранҷ мекашад ва афроди асабонӣ дучори чи ҳолатҳо ва эҳсосоти нороҳаткунандае мешаванд.

Ба ҷои он ки бигӯед: “Дидӣ аз бас дод задӣ чӣ ҳоле пайдо кардӣ?”

Бигӯед: “Азизам, ин қадар ин мавзӯъ туро асабонӣ кард, ки маҷбур шудӣ фардё бизанӣ? Ин кор хеле зарар дорад ва намегузорад ту кори дурустро анҷом бидиҳӣ.”

Ба ҷои муқоисаи ӯ бо дигарон, рафторҳои ороми ӯро тақвият ва ташвиқ кунед.

Ба ҷои он ки бигӯед: “Саъй кун мисли писархолаат ором бошӣ”

Бигӯед: “Офарин! Агар оромиш дошта бошӣ ҳар вақт кори сахте бароят пеш биёяд метавонӣ ҳамаи роҳҳоро баррасӣ кунӣ ва онро ба осонӣ ҳал кунӣ.”

Кӯдак ба холӣ кардани ҳаяҷонҳояш ниёз дорад. Бо баргузори як мусобиқаи хонаводагӣ ё гардиши бо ҳаяҷон ё ҳар шеваи дурусти дигаре ин фурсатро барояш фароҳам кунед.

Низоми ташвиқ ва танбеҳро комил ва шафоф тавзеҳ диҳед ва рафторҳои манфӣ ва мусбатро мушаххас кунед.

Бо ӯ қарор бигузоред, ки рафторҳои хубашро сабт кунад ва дар фурсати муносиб ба хотири онҳо ба ӯ ҷоиза бидиҳед. Ҳамчунин натоиҷи рафторҳои номатлубашро барояш ошкор кунед то онҳоро бубинад.

Агар ӯ кӯдаки хашин ва бадхулқ аст метавонед бо баргузории корҳои гуруҳӣ ва бештар ба гӯш додани фаъол, ба оромиши ӯ кӯмак кунед. (Гӯш додани фаъол яъне дар ҳини сӯҳбатҳои ӯ вокунишҳои мухталифе нишон надиҳед то ӯ бидонад, ки ба суханҳояш диққат ва таваҷҷӯҳ доред.)

Хуб аст бидонед, ки фарзанди шумо алоқа дорад ба ӯ диққат кунед. Рафторҳои ӯ натиҷаи омузишҳое аст. Ба ӯ фурсат диҳед бошед. Бешак натиҷа хоҳед гирифт.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.