Оини ҳамсардорӣ – 3

166

Бахши сеюм

Дар бахшҳои гузашта ва ин бахш, ривоятҳоеро гирд овардаем, ки дар мавзӯи чигунагии рафтор ва кирдори марду зан бо якдигар ва ҳамчунин ҳар як аз онҳо бо фарзандон ва соири инсонҳо мебошад. Бештари ин ривоётро аз китоби арзишманди “Оиладорӣ аз нигоҳи Қуръон ва суннат” нақл намудаем.

Салом кардан ба аъзои хонавода

Паёмбари Худо (с): “Эй Анас! … Ҳаргоҳ вориди хонаат шудӣ, бар аҳли хонаат салом кун, то хайру баракати хонаат зиёд шавад.”

***

Шод кардан

Паёмбари Худо (с): “Ҳар кас оилаашро шод созад, Худованд аз он шодӣ махлуқе меофаринад, ки то рӯзи қиёмат барояш талаби омурзиш мекунад.”

Паёмбари Худо (с): “Ҳар кас аз бозор меваи наврасе барои фарзандонаш биёрад, монанди касе аст, ки садақае ҳамл мекунад, то онгоҳ ки онро дар даҳони онон бигузорад ва бояд аз духтарон шурӯъ кунад, зеро Худои Мутаол нисбат ба духтарон дилсӯз аст ва ҳар кас нисбат ба духтарон дилсӯз бошад, монанди касе аст, ки аз тарси Худо гиря мекунад ва ҳар кас аз тарси Худо бигиряд, омурзида мешавад ва ҳар кас духтареро шод кунад, Худованд дар рӯзи ғаму андӯҳ ӯро шод мегардонад.”

Паёмбари Худо (с): “Дар ҳар ҷумъа чизе мисли мева ё гӯшт барои оилаатон ҳадя оваред, то аз омадани ҷумъа шод шаванд.”

Дар ривояте дар Торихи Димишқ овардааст: “Паёмбар (с), шӯхтабътарини мардум буд.”

Дар Алмӯъҷам-ус-сағир овардааст: “Паёмбари Худо (с) шӯхтарини мардум бо кӯдакон буд.”

***

Ҳамнишинӣ ва таом хӯрдан бо оила

Паёмбари Худо (с): “Нишастани мард дар канори аҳли хонааш назди Худо маҳбубтар аз эътикоф дар ин масҷиди ман аст.”

Дар Танбеҳул-ғофилин ба нақл аз Анас овардааст: “Гуфтам: Эй Паёмбари Худо! Нишастан бо оила савобаш бештар аст ё нишастан дар масҷид? Фармуд: Як соат нишастан дар канори оила, назди ман маҳбубтар аз эътикоф кардан дар ин масҷиди ман аст. Гуфтам: Эй Паёмбари Худо! Назди шумо, харҷ кардан барои оила маҳбубтар аст ё инфоқ кардан дар роҳи Худо? Фармуд: Як дирҳам, ки мард барои оилааш харҷ мекунад, назди ман маҳбубтар аз ҳазор диноре аст, ки дар роҳи Худо инфоқ мекунад.”

Паёмбари Худо (с): “Худованд мӯъминро дӯст медорад ва зану фарзандонашро низ дӯст медорад. Маҳбубтарин чиз назди Худои Таоло он аст, ки бубинад мард бо зану фарзандонаш бар сари як дастурхон таом мехӯранд. Сипас ҳаргоҳ бар он суфра гирди ҳам оянд, бо назари раҳмат ба эшон менигарад ва пеш аз он ки аз ҷои худ пароканда шаванд, ононро меомурзад.”

***

Сабри зан дар баробари бадахлоқии шавҳар

Паёмбари Худо (с): “Се гурӯҳ аз занонанд, ки Худо азоби қабрро аз онон мебардорад ва бо Фотима духтари Муҳаммад (с) маҳшур мешаванд: зане, ки дар баробари ғайрати шавҳараш сабр кунад; зане, ки дар баробари бадахлоқии шавҳараш сабр кунад ва зане, ки маҳрияашро ба шавҳараш мебахшад. Худои Мутаол ба ҳар як аз ин гуна занон, савоби ҳазор шаҳид медиҳад ва барои ҳар як аз онҳо, ибодати як солро менависад.”

Паёмбари Худо (с): “Ҳар кас ба бадахлоқии шавҳараш сабр кунад, Худованд монанди подоши Осия духтари Музоҳим (ҳамсари Фиръавн) ба ӯ ато мефармояд.”

Паёмбари Худо (с): “Зан бояд бо шавҳараш дар суду зиён ва сахтию осоиш бисозад, монанди ҳамсари Аюб (а)-и балокаш, ки сабр кард, хаждаҳ сол сабурона ба ӯ хидмат кард, монанди боркашҳо ӯро бар пушти худ ҳамл мекард, бо осиёбонҳо осиёб мекард, бо рахтшӯён рахтшӯӣ мекард, тиккаи ноне барояш меовардад ва Аюб мехӯрд ва Худои азза ва ҷалларо шукр мекард. Ҳамсараш ӯро дар матое мениҳоду бар пушти худ ҳамл менамуд ва ҳамаи ин корро аз сари дилсӯзӣ ва некӣ кардан барои Худо ва тақарруб ҷустан ба Худои азза ва ҷалла анҷом медод.”

***

Сабри мард дар баробари бадахлоқии ҳамсар

Паёмбари Худо (с): “Ҳар марде, ки ба хотири Худо дар баробари бадахлоқии занаш сабр кунад, Худои Мутаол барои ҳар рӯзу шабе, ки сабр меварзад, савоберо ба ӯ медиҳад, ки ба Аюб (а) дар баробари гирифторияш дод ва гуноҳи зан низ дар ҳар шабу рӯз, ба андозаи регҳои регистон аст.”

Паёмбари Худо (с): “Ҳамоно дар биҳишт дараҷае аст, ки ҷуз пешвои одил ва хешованди аҳли силаи раҳим ва аёлвори сабур, касе ба он даст намеёбад.”

Дар Эҳёи улумуд-дин овардааст: “Гурӯҳе назди Юнуси паёмбар (а) даромаданд ва Юнус (а) аз онон меҳмондорӣ мекард. Ӯ ба даруни хона рафту омад мекарду ҳамсараш ӯро озор медоду бо вай густохӣ мекард, аммо Юнус (а) ҳеҷ чиз намегуфт. Он гурӯҳ аз ин ҳол тааҷҷуб карданд. Юнус (а) фармуд: Тааҷҷуб накунед, зеро ман аз Худои Мутаол дархост кардам ва гуфтам: Ҳар кайфареро, ки мехоҳӣ дар охират ба ман бидиҳӣ, дар ҳамин дунё ба ман бирасон. Худованд фармуд: Кайфари ту, духтари фалон кас аст, ки бо ӯ издивоҷ мекунӣ. Ман бо ӯ издивоҷ кардам ва ҳамон тавр ки мебинед, бар корҳо сабр мекунам.

***

Ғайрат

Паёмбари Худо (с): “Ғайратманд бош, зеро Худо инсони ғайратмандро дӯст дорад.”

Паёмбари Худо (с): “Ҳар марде, ки розӣ бошад, ки ҳамсараш худро биорояду аз хона берун равад, он мард дайюс аст ва ҳар кас ӯро дайюс биномад, гуноҳ накардааст. Ҳаргоҳ зан ороишкунону атрзанон аз хонааш берун равад ва шавҳараш ба ин кори ӯ розӣ бошад, ба ҳар қадаме, ки он зан мебардорад, барои шавҳараш хонае дар ҷаҳаннам бино мешавад.”

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.