Тарбияти хонаводагии кӯдак

83

Равишҳои тарбиятии кӯдакон

Баъзе аз падару модарони ҷавонтар, суол медиҳанд, ки бо фарзандони хурдсолашон ва бо фарзандоне, ки дар синфҳои поёнии мактаб ва синфҳои ибтидоӣ дарс мехонанд, бо мушкилоте рӯбарӯ мешаванд.

Бинобар ин мавзӯи ин навиштаро ба посухи ҳамин мавзӯъ ихтисос медиҳем, ки тарбияти фарзандони хурдсоли мо чӣ гуна бошад.

Дар тарбият, авалин кор, фаҳмидани кӯдак аст. Мо падару модарон бояд бифаҳмем, ки кӯдакамон чӣ мегӯяд, чӣ мехоҳад, чӣ мушкилиҳо дорад. Дар хона чӣ мушкилӣ дорад дар мактаб ва ё боғча мушкилоташ чист.

Бинобар ин, бо кӯдакамон робитаи хуб дошта бошем.

Бо ӯ суҳбат кунем. Ба гапҳояш гуш диҳем. Бо ин кор, ниёзҳояшро мефаҳмем ва мефаҳмем, ки чӣ мехоҳад чӣ хостаҳое дорад. Ва бо ин кор кӯдакамон ба мо бовар мекунад ва гапҳояшро ба мо мегӯяд.

Падару модар, пеш аз он ки як падару модар бошанд, бояд бо фарзандашон дӯст бошанд. Фарзанд дар чеҳраи мо дӯсти худро бинад. Аз мо натарсад ва бемалол гапашро ба мо бигӯяд.

Аз дигар корҳои муҳим дар ин бора, эҷоди оромиш дар хонавода аст. Мо падару модарон бояд дар хонаамон, фазои орому оромишро барои фарзандон муҳайё кунем. Падару модар дар ҳузури кӯдак бо ҳам ҷангу ҷанҷол накунанд. Вақте оромишро дар хонаамон барқарор кардем. Фарзандонамон ҳам, аз назари таҳсилӣ пешрафт мекунанд ва муҳимтар аз ҳама, кӯдаконамон саломату тандуруст хоҳанд буд.

Яке аз масоили муҳимми дигар, ки бисёр вақтҳо мо ғафлат мекунем ва ба он аҳамият намедиҳем, мавзӯи мактаб ва таҳсилоти фарзандон аст. Аз ин назар, ки мо бояд бо муаллимон ва ва мураббиёни мактаби фарзандамон робита дошта бошем. Ба мактаб равем, муаллимонро ҳузурӣ мулоқт кунем ва бо онҳо дар бораи одобу ахлоқ ва пешрафтҳои дарсии кӯдакамон сӯҳбат кунем. Агар рафтан ба мактаб муяссар намешавад, ҳадди ақал шумораи телефони муаллими фарзандамонро гирем ва бо муаллимон телефонӣ сӯҳбат намоем.

Албатта агар ин корро анҷом диҳем, ба натиҷаҳои бисёр хубе аз назари тарбиятӣ ва таҳсилии фарзандамон мерасем.

Масъалаи баъдӣ, дар мавриди тарбияти хонаводагии фарзандон, масъалаи кӯмак ва роҳнамоии фарзандон барои мушаххас кардани ҳадафҳояшон аст.

Тамоми одамон, аз хурду бузург, дар зиндагиашон бояд ҳадаф дошта бошанд. Ҳадафҳои дарозмуддат ва кӯтоҳмуддат. Масалан ман дар ин сол мехоҳам ин корро анҷом диҳам, ё ман мехоҳам дар оянда духтур ва ё муҳандис шавам ва монанди инҳо.

Албатта фарзандони мо ҳам ҳадафҳое доранд ва мо падару модарон вазифа дорем, дар таъйини ин ҳадафҳо ва роҳҳои расидан ба он ба фарзадамон кӯмак кунем. Масалан фарзанди мо мехоҳад дучархасавориро ёд гирад. Аз рӯзи аввал, ки мо барояш дучарха харидем, наметавонад онро савор шавад, аммо агар барномарезӣ ва тамрин карданро мо барояш ёд диҳем, табиист, ки фарзандамон ба зудӣ ин корро ва дигар корҳои сахту осонро ёд мегирад.

Фарзандон гулҳои баҳори зиндагии мо ҳастанд ва мо ба унвони падару модар дар парвариш ва тарбияти онҳо бояд ҳамаи талошамонро анҷом диҳем ва иншоаллоҳ ба натиҷаҳои хуб дар ин роҳ бирасем.

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.