Қаноат ва содазистӣ

119

Сабки зиндагии Набии Акрам(с)

Қаноат ва содазистӣ аз усули зиндагии Паёмбари Аъзам(с) буд. Сода таом мехӯрд, сода либос мепӯшид, сода ҳаракат менамуд, зерандозаш ғолибан ҳасир буд, бар рӯи замин менишаст. Бо дасти худ аз буз шир медӯшид ва бар маркаби безину полон савор мешуд ва аз ин ки касе дар рикобаш ҳаракат кунад, башиддат ҷилавгирӣ мекард. Хӯроки аслиаш нони ҷавин ва хурмо буд. Кафш ва ҷомаашро бо дасти хеш дарбеҳ мезад.

Имом Алӣ(р) дар васфи Паёмбари Акрам(с) мегӯяд:

“Аз дунё ба қадри ҳоҷат иктифо кард ва чашмҳоро ба он надӯхт. Лоғартарин ва аз назари шикам гуруснатарини онҳо буд…

Чун дид, парда дар хонааш тасвир дорад (ва пардаи зебову гароне буд), ба яке аз занони худ фармуд: Ин пардаро аз ман пинҳон кун, зеро ҳар вақт ба он нигоҳ мекунам, ба ёди дунё ва зебоиҳои он меафтам”.

Торих шоҳид аст, ки Расули Худо(с) аз дунё рафт ва дар тамоми умр, ҳеч гоҳ аз нони ҷав сер нашуд. Гоҳе иттифоқ меафтод, ки як моҳ ё ду моҳ дар тамоми хонаҳои он ҳазрат, оташ барои пухтани хӯрок рӯшан намешуд ва хӯроки онҳо обу хурмо буд…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.