Ахлоқи хуш  – нишонаи имон

107

Паёмбари Акрам (с) фармудаанд:

“Некӯтарини мардум аз назари ислом, некӯтарини онҳо аз назари ахлоқ аст.”

Одами хушахлоқ аз бадани солим, руҳияи қавӣ ва зиндагии гуворою лаззатбахше бархӯрдор аст ва ин тавоноӣ дар ӯ ҳаст, ки барои хеш зиндагии саодатмандонаеро бисозад. Дар муқобил, одами бадахлоқ дар ранҷу азоб басар мебарад ва зиндагии ногуворе дорад.

***   ***   ***

Хушахлоқ кист?

Хушахлоқӣ, унсури калидӣ дар диндорӣ ва омили муҳимме дар муваффақияти инсон аст. Шояд муҳимтарин вижагии Расули Худо (с), ахлоқи бартари эшон аст, ки дар Қуръон низ ба он ишора шудааст: “Ба ростӣ, ту дорои ахлоқи азим ҳастӣ”.[1]

Қуръони Карим бо тамҷиди нармхӯйии РасулиХудо(с) таъкид мекунад, ки агар эшон тундхӯй мебуд, мардум аз атрофаш пароканда мешуданд: “Эй Паёмбар! Ба меҳру бахшоише аз сӯи Худост, ки барои эшон нарм шудӣ ва агар дуруштхӯи сахтдил будӣ, аз атрофи ту пароканда мешуданд. Пас, аз онон даргузар ва барои эшон омурзиш бихоҳ ва бо онон дар кор машварат кун…”[2]

Хушахлоқӣ, дар сираи иҷтимоии Паёмбари Аъзам(с), аз ҷойгоҳи волое бархӯрдор аст; ба гунае ки Расули Худо(с) дар ривояте ҳадафи рисолати худро “комил кардани ахлоқи писандида”[3] донистаанд ва дар ҷои дигаре фармудааст: “Некӯтарини мардум аз назари ислом, некӯтарини онҳо аз назари ахлоқ аст”,[4] – яъне мусалмонтарини мардумон хушахлоқтарини онҳост.

Дар ривояте омадааст: “Агар дорои чаҳор вижагӣ ҳастӣ, дигар ба надории дунё ғам махӯр: ростӣ дар гуфтор, амонатдорӣ, ахлоқи некӯ ва покӣ дар хӯрок”.[5]

Ҳар касе дар ҳавзаи фаъолияти худ метавонад аз тариқи ахлоқи хуб ва хушрӯӣ, нерӯи мусбати фаровонеро эҷод кунад, таъсирҳои мусбати зиёдеро бар дигарон бигузорад, ҳаракатҳои мусбати бисёреро ба вуҷуд оварад ва бисёре аз мушкилоти зиндагии худ ва дигаронро ҳал кунад. Ахлоқи хуш, яке аз манобеи бузурги таъмини энержӣ, нишот ва таҳаррук дар зиндагии инсон аст ва дар муқобил, хашм, асабоният ва тундхӯӣ, иллати аслии бисёре аз бемориҳои тан ва равони одамист ва ҳомили энержии манфии бисёр хатарнокест, барои худи фарди асабонӣ ва афроде, ки дар асари бархӯрди хашини ӯ асабонӣ мешаванд.

Пайнавиштҳо:

1 – Сураи Қалам, ояти 4.

2 – Сураи Оли Имрон, ояти 159.

3 –  Байҳақӣ аз Абӯҳурайра ривоят кардааст.

4 – Ривояти Табаронӣ ва Аҳмад.

5 – Ал-ҷомеъ-ус-сағир ва зиёдатуҳ, 1/88 (Ашшомила).

***   ***   ***

ХОНАВОДАИ НАМУНА

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.