Насиҳат ба ҷавонон

149

Саъдии Шерозӣ

Бӯстон – Насиҳат ба ҷавонон

Ҷавоно, раҳи тоат имрӯз гир

Ки фардо ҷавонӣ наояд зи пир

Фароғи дилат ҳзасту нируи тан

Чу майдон фарох аст, гӯе бизан

Қазо рӯзгоре зи ман даррабуд

Ки ҳар рӯзе аз вай, шаби қадр буд

Ман он рӯзро қадр нашнохтам

Бидонистам акнун, ки дарбохтам

Чӣ кӯшиш кунад, пирхар зери бор?

Ту мерав, ки бар бодпоӣ савор

Шикаста қадаҳ в-ар бибанданд чуст

Наёвард хоҳад баҳои дуруст

Кунун к-уфтодат ба ғафлат зи даст

Тариқе надорад магар боз баст

Ки гуфтат, ба Ҷайҳун дарандоз тан

Чу уфтод, ҳам дасту пое бизан

Ба ғафлат надодӣ зи даст оби пок

Чӣ чора кунан, ҷуз таямум ба хок?

Чу аз чобукон дар давидан гарав

Набурдӣ, ҳам афтону хезон бирав

Гар он бодпоён бирафтанд тез

Ту бе дасту пой аз нишастан бихез.

***   ***   ***

Эй ҷавон, имрўз ба тоату ибодати Парвардигор бипардоз, ки фардо чун пир шудӣ, мисли даврони ҷавониат наметавонӣ ибодат кунӣ. Имрўз, ки дилат аз ғаму ташвиши рўзгор озод ва фориғбол ҳастӣ ва танат нерўманд аст, бандагӣ кун ва дар ҳоле ки майдон холист, гӯй партоб кун!

Ҳар шаб аз шабҳои ҷавонӣ шаби қадр аст, ки бояд қадрашро бидонӣ ва агар надонӣ, қазо онро аз дастат мегирад ва пушаймонӣ суде надорад, ки гуфтаанд:

Чун тавонистам надонистам, чӣ буд,

Чун бидонистам, натонистам, чӣ суд!

Ман низ дар ҷавонӣ қадри он рўзҳоро нашинохтам ва акнун, ки донистам, чизе дар даст надорам, ҳамаро бохтам.

Талошу кўшиши хари пир, ки дар зери бор мондааст, бефоида аст ва ба ҷое намерасад, вале он кас, ки ба аспи бодпо савор аст, метавонад бо тай кардани мароҳил ба манзили мақсуд бирасад.

Косаи шикастаро агар хуб пайванд кунанд, боз ҳам ба қимати косаи солим намерасад ва аз нархаш коста мешавад. Бинобар ин, саъй кун, то умри ҷавониат ба ғафлат нагузарад ва косаи ҷавониатро аз дастат надеҳ, то замин афтад ва бишканад, вале агар афтод ва шикаст, чорае надорӣ, ҷуз ин ки онро пайванд занӣ.

Касе ба ту намегўяд, ки худатро ба Ҷайҳун биандоз! Вале агар худатро ба Ҷайҳун андохтӣ, бояд дасту по бизанӣ ва барои наҷоти ҷонат талош кунӣ. Агар қадри оби покро надонистӣ ва онро ба корҳои беҳуда сарф кардӣ ва аз даст додӣ, бояд бо хок таяммум кунӣ, ки ғайр аз ин чорае надорӣ. Вақте ки бо инсонҳои чобук ва даванда мусобиқа кардӣ, агар баранда ҳам нашавӣ, бояд бидавӣ ва афтону хезон талоши худатро анҷом диҳӣ. Агар мардони бодпо тез ва чобук роҳ рафтанд, ҳадди ақал ту нанишин, бе дасту пой ҳам бошӣ, аз ҷоят бархез.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.