Сабр дар баробари суханони нописанд

125

Сабки зиндагии исломӣ

Барои он ки фазои гарм ва меҳрубониро  дар хонавода ҳифз кунем, бояд аз бадгӯӣ ва калимоти нохушоянду нописанд парҳез намоем. Аммо гоҳе мумкин аст, зан ё мард калимоти хашин ва номуносибе аз забони ҳамсари худ бишнаванд. Дар ин ҳолат бояд бикӯшем матонатро ҳифз кунем ва муроқиби забони хеш бошем ва саҳнаи ҷанҷолу низоъро тағйир диҳем, ки ҳамсари асабонӣ натавонад ба хушунати худ идома диҳад. Ёдамон бошад, набояд дар ин шароит бо посухе шабеҳ ё бадтар аз он чӣ шунидаем, бар оташи маърака биафзоем.

Худованди Мутаол мефармояд: “Бадиро бо шевае, ки некӯтар аст, дафъ кун, ки ногоҳ хоҳӣ дид, ҳамон ки миёни ту ва ӯ душманӣ буд, чун дӯсти самимӣ гаштааст”. (Сураи Фуссилат, ояти 34).

Аз Имом Содиқ(р) нақл шудааст, ки Расули Худо(с) фармуд: “Он ки дар баробари бадхулқии ҳамсараш шикебо ва интизори подоши илоҳӣ бошад, Худованд подоши сипосгузоронро дар охират ба ӯ ато хоҳад кард”.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.