Хурокиҳои тиллоӣ барои пешгирӣ аз вируси “Корона”

94

Як мутахассиси тибби ниёгон гуфт, масрафи адас, зирк, себи биҳи,себ, сабзӣ, шалғам, асал, сирпиёз, пиёз ва дамнӯшҳои гулиговзабон, марҷорам, бобуна ва парисиёвушон дар пешгирӣ аз ибтило ба коронавирус бисёр муфид аст.

мутахассиси тибби ниёгон бо ишора ба масрафи дамнӯшҳои гулиговзабон, марҷорам, Бобуна ва парисиёвушон ба унвони дамнӯшҳои муассир дар пешгирӣ аз ибтило ба коронавирус ёдовар шуд, масрафи сиёҳдона ҳамроҳ бо асал ё истифода аз равғани он дар дохили бинӣ низ бисёр муассир хоҳад буд.

Ёрқулӣ дар ҳавзаи доруӣ низ истифода аз барраи муми асалро бисёр муфид донист ва гуфт, барраи мум навъе самғи сахту часбандааст, ки занбури асал тавлид мекунад ва хавоси зиддивирус, зиддибактерия ва тақвияткунандаи системи эминии бадан дорад.

Ин мутахассиси тибби ниёгон ҳамчунин истифода аз сирпиёз ва пиёзи пухта дар ғизоҳо ва истифода аз сабзавоти тозаро низ тавсия кардааст.

ишон афзуд, барои пешгирӣ аз сирояти ин вирус истифода аз маска, шустани тез тези дастҳо, риояти беҳдошт ба вижа беҳдошти ҷамъӣ монанди парҳез аз рӯбӯсӣ кардан ва даст додан аз ҷумла мавориди муҳими пешгирона аст.

Вай бо баёни ин ки тилифони мобелӣ ва дастгираи зинаҳои хона ва автобусҳои ҳамлу нақли умумӣ аз марказҳои асосии олӯдагӣ аст гуфт, ашхосе, ки системи эминӣ ва рияҳои бемор ва заиф доранд, бештар дар маърази ибтило ба коронавирус ҳастанд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.