Адаби Паёмбари Акрам(с)

111

Қуръон ва адаби Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) нисбат ба Қуръон бисёр фурўтан ва ба Худои Мутаол бисёр залил буд. Ў бардавом аз Худо мехост, ки ўро ба одоби зебо ва ахлоқи некў биёрояд. Дар дуояш мегуфт:

“Парвардигоро! Ҳам халқ ва ҳам хулқамро[1] некў соз”.[2]

Ва низ мегуфт:

“Парвардигоро! Маро аз ахлоқи нописанд дур соз”.[3]

Худои Мутаол чун ваъда дода, ки: “Маро дуо кунед, бароятон иҷобат хоҳам намуд”,[4] дуои он ҳазратро иҷобат намуда, Қуръон бар ў фуруд фиристод ва ба воситаи он ўро адаб дод. Ва хулқи он ҷаноб, ба як сухан, худи Қуръон буд.

Ҳамоно адаб додани Худои Таоло он ҳазратро ба воситаи Қуръон, ба мисли ин фармудаи Ў сурат пазируфта, ки:

“Тариқаи афв ва бахшиш пеш гир ва ба хубиҳо дастур бидеҳ ва аз нодонон рўй гардон”.[5]

Ва низ ба монанди ин ояти карима, ки:

“Ҳамоно Худованд халқро фармон ба адл ва эҳсон (некўкорӣ) медиҳад ва ба базлу атои хешовандон амр мекунад ва аз корҳои зишт ва зулм наҳй мекунад ва ба шумо аз рўи меҳрубонӣ панд медиҳад, ки шояд панди Худоро бипазиред”.[6]

Ва ба монанди ин фармудааш, ки:

“Ва (ту эй Расул!) барои ризои Худо бар ранҷи уммат сабру таҳаммул пеша кун”.[7]

Ва ба ин фармудаи Ў, ки:

“Ва ҳар ки бар зулми касе сабр кунад (ва бо вуҷуди интиқом, бубахшад, ин мақоми ҳилм ва бурдборист, ки) азм дар умури илоҳӣ (ва тасаллут бар нафс ва қуввати ақлу ирода) аст”.[8]

Ва ба ин дастураш, ки:

“Пас ту (эй Расул!) аз онҳо даргузар ва аз кори бадашон афв кун, ки ҳамоно Худо некўкоронро дўст медорад”.[9]

Ва низ ба ин, ки:

“(Бояд мўъминон бо халқ) афву гузашт пеша кунанд ва аз бадиҳо даргузаранд. Оё дўст намедоред, ки Худо ҳам дар ҳаққи шумо мағфират ва эҳсон (некўкорӣ) намояд?”[10]

Ва ҳам ба ин фармонаш, ки:

“(Эй Расул! Ту ва умматат) ҳамеша бадии халқро ба беҳтарин амал подош деҳ, то ҳамон ҳамон касе ки (гўё) бо ту душманӣ дорад, дўст ва хеши ту гардад”.[11]

Ва низ ба ин ки:

“(Касоне ки) хашм ва ғазаби худ фурў нишонанд ва аз бадии мардум даргузаранд, (чунин мардуме некўкоранд)”.[12]

Ва ҳам ба ин фармудаи Ў, ки:

“Эй аҳли имон! Аз бисёр пиндорҳо (ва гумони бад) дар ҳаққи якдигар дурӣ гузинед, ки баъзе гумонҳо гуноҳ аст ва низ ҳаргиз аз ҳоли дарунии якдигар ҳам ҷосусӣ макунед ва ғайбати якдигар раво мадоред”.[13]

Замоне ки дандонҳои мубораки он ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) дар аснои набарди Уҳуд шикастанд ва хун бар чеҳраи муборакаш ҷорӣ шуд ва бо дастонаш онро пок кард ва фармуд:

“Чигуна мардуме, ки чеҳраи паёмбарашонро бо хун оғушта намуданд ва ҳол он ки ў эшонро ба сўи парвардигорашон даъват мекард, растгор гарданд?”[14]

Онгоҳ Худованд аз барои адаб додани он ҷаноб дар баробари ин гуна мусибатҳо, ин оятро фуруд фиристод, ки:

“(Эй Паёмбар!) Ба дасти ту коре нест”.[15]

Монанди чунин адаб доданҳо дар Қуръон, фақат махсуси Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) намебошад. Оре, мақсуди аввал ба таъдиб ва таҳзиби нафс,[16] бешак Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ҳастанд ва аз вуҷуди ҳазраташ аст, ки нур бар тамоми халқ метобад. Чун он ҷаноб (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ба воситаи Қуръон адаб дода шуда ва онгоҳ ў ба навбати худ камари ҳиммат баста ва халқро ба василаи Қуръон адаб дод. Ва ба ҳамин ҷиҳат аст, ки ҳазраташ фармуд:

“Ман (ба паёмбарӣ) фиристода шудам, то ахлоқҳои писандидаро комил созам”.[17]

Ва онгоҳ ки Худованди Мутаол хулқи он ҷанобро комил сохт, ўро сутуда, фармуд:

“Ва ҳамоно ту (эй Расул!) хулқи бузурге дорӣ”.[18]

Пок бод Парвардигор, ки чӣ шаъни бузург ва чӣ миннати комил дорад! Нигоҳ кун ба лутфи фарогираш, ки бо ин ки худи Ўст, ки чунин хулқ ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ато намуда, вале ўро меситояд. Худи Ўст, ки ба хулқи зебо ўро ороста, вале мефармояд:

“Ва ҳамоно ту (эй Расул!) хулқи бузурге дорӣ”.

Хулоса Худованд барои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) хулқро баён фармуд, сипас он ҷаноб камари ҳиммат баст ва барои халқ онро баён намуд. Ў фармуд:

“Ҳамоно Худованд ахлоқи писандидаро дўст ва ба ахлоқи нописанд нафрат дорад”.[19]

Аз Алӣ (Алайҳис салом) ривоят шудааст, ки мефармояд:

“Тааҷҷубовар аст аз марди мусулмоне, ки бародари мусулмонаш пеши ў аз барои қазои ҳоҷате меояд, вале ў худро аҳли кори хайр намебинад (яъне саъй барои баровардани ҳоҷати бародараш намекунад). Агар умеди савобе надорад ва ё аз ҷазои рўзи қиёмат наметарсад, ақаллан барояш шоиста ин буд, ки ба сўи ахлоқи писандида биштобад. Чун (иқдом барои анҷоми ахлоқи писандида) роҳ ба сўи наҷот нишон медиҳад”.

Марде ба он ҳазрат (Алайҳис салом) арз кард: “Оё ин суханро аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) шунидаӣ?”

Ҳазраташ фармуд: “Оре, балки беҳтар аз инро ҳам аз он ҷаноб (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) шунидаам. Вақте асирони қабилаи Той ба ҳузури он ҷаноб (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) оварда шуданд, зане ҳам дар байни онҳо вуҷуд дошт. Он зан арз кард: “Эй Муҳаммад! Агар салоҳ бинӣ маро раҳо кун ва (бо асир гирифтани ман) баъзе аз қабилаҳои арабӣ (ки аз душманони мо ҳастанд)−ро хушҳол масоз. Чун ман духтари бузурги қавми худ мебошам ва падари ман бепаноҳро ҳимоят, зиндониро озод, гуруснаро сер ва салому дурудро мунташир мекард. Ў ҳаргиз ҳоҷатмандеро (бе баровардани ҳоҷаташ) барнамегардонид. Ман духтари Ҳотами Той ҳастам”.

Онгоҳ Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) фармуд: “Эй зан! Ин сифатҳоеро, ки баршумурдӣ, айнан сифатҳои мўъминон мебошад. Агар падарат мусулмон мебуд, ҳатман бар ў тараҳҳум[20] мегуфтам”. Сипас фармуд: “Ўро раҳо кунед, чун падараш дўстдори ахлоқи писандида буд ва Худо ахлоқи писандидаро дўст медорад”. Онгоҳ Абўбурда ибни Динор бархоста, гуфт: “Эй Расули Худо! Оё Худо ахлоқи писандидаро дўст дорад?” Ҳазраташ фармуд: “Савганд ба он Зоте ки ҷони ман дар дасти Ўст, ҷуз хушахлоқ вориди биҳишт намешавад”.

Ва аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ривоят шудааст, ки фармуд:

“Ҳамоно Худованди Мутаол Исломро ба ахлоқи писандида ва корҳои некў ороста”.

Аз ҷумлаи ахлоқи писандида аст: ҳамзистии некў доштан бо дигарон, муомилаи хуб, ҳилму бурдборӣ, базли хубиҳо, таом додан ба мустаманд, нашри салом, зиёрати бемор чӣ некўкор бошад ва чӣ бадкор, дар ҷанозаи мусулмон ширкат намудан, бо ҳамсоя рафтори некў доштан чӣ ҳамсоя мусулмон бошад ва чӣ кофир, эҳтироми ришсафедони мусулмон, қабули даъват ба меҳмонӣ ва дуо намудан барои вай, гузашт ва ислоҳкорӣ байни мардум, дасткушодӣ ва саховатмандӣ, шурўъ ба салом додан, фурў нишондани хашму ғазаб, гузашт аз мардум ва ғайра.

Ва аз ҷумлаи ахлоқи нописанд, ки Ислом аз онҳо наҳй намудааст иборат мебошад аз: андармонӣ бо корҳои беҳуда ва ботил ва ғиноҳо, дурўғгўӣ, ғайбат, бахилӣ, тамаъварзӣ, ҷафокорӣ, макру ҳила, фиреб, суханчинӣ, оташи душманӣ андохтан миёни мардум, қатъи омаду рафт бо хешовандон, бадхулқӣ, кибр, фахр, худро аз дигарон баланд донистан, чоплусӣ, дашном додан, кинатўзӣ, ҳасад, таҷовузгарӣ, душманӣ, зулм ва ғайра.

Маоз ибни Ҷабал гуфтааст: “Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) маро насиҳат карда, фармуд:

“Эй Маоз! Насиҳат мекунам туро ба: тақво ва худотарсӣ, ростгўӣ, вафодорӣ ба аҳду паймон, амонатдорӣ, хиёнат накардан, ҳамсоядорӣ, меҳрубонӣ ба ятимон, хушкаломӣ, салом додан, кореро некў анҷом додан, орзуи кўтоҳ, имон ва огоҳии амиқ пайдо кардан ба Қуръон, дўст доштани охират, тарс аз рўзи ҳисоб ва шафқат намудан. Мабодо ҳакимеро дашном ва ё ростгўеро такзиб ва ё гуноҳкореро фармонбарӣ ва ё пешвои одилеро нофармонӣ ва ё заминеро табоҳ созӣ. Ва насиҳат мекунам туро ба тарс аз Худо дар мавриди ҳар санг ва дарахт ва хокрезае (яъне дар мавриди ҳар чизе чӣ хурд бошад ё калон, тақвои илоҳиро пеша кун). Ва ба ин ки дар баробари ҳар гуноҳе (ки аз ту сар бизанад) тавба кунӣ. Агар махфиёна гуноҳ анҷом додаӣ, бояд тавбаат ҳам махфиёна бошад ва агар ошкоро гуноҳ карда бошӣ, бояд ошкоро тавба намоӣ”.[21]

Ҳамин гуна Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) бандагонро адаб омўхта ва эшонро ба сўи ахлоқи писандида ва одоби некў даъват намудааст.

***   ***   ***

Пайнавиштҳо:

[1]−Дар забони арабӣ, ба чигунагии зоҳири инсон халқ ва ба чигунагии ботинаш хулқ гўянд.

[2]−“Муснад”−и Аҳмад, ҷ. 2, с. 403.

[3]−”Мустадрак”−и Ҳоким, ҷ. 1, с. 532.

[4]−Сураи Мўъмин, ояти 60.

[5]−Сураи Аъроф, ояти 199.

[6]−Сураи Наҳл, ояти 90.

[7]−Сураи Наҳл, ояти 127.

[8]−Сураи Шўро, ояти 43.

[9]−Сураи Моида, ояти 13.

[10]−Сураи Нур, ояти 22.

[11]−Сураи Фуссилат, ояти 34.

[12]−Сура Оли Имрон, ояти 134.

[13]−Сураи Ҳуҷурот, ояти 12.

[14]−”Саҳеҳ”−и Бухорӣ, ҷ. 5, с. 127.

[15]−Сураи оли Имрон, ояти 128.

[16]−Таҳзиби нафс, яъне поксозии он аз олудагиҳои маънавӣ.

[17]−”Маҷмаъ−уз−завоид”, ҷ. 9, с. 15.

[18]−Сураи Қалам, ояти 4.

[19]−”Мустадрак”, ҷ. 1, с. 48.

[20]−Тараҳҳум бар касе гуфтан, яъне “Худо ўро раҳмат кунад!” гуфтан аст.

[21]−Байҳақӣ ин ривоятро дар боби зуҳд нақл кардааст.

***   ***   ***

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.