Бемории ҳасад

185

Достони хеле маъруфе дар китобҳои таърих нақл мекунанд: дар замони яке аз хулафо, марди сарватманде ғуломе харид. Аз рӯзи аввале, ки ӯро харид, монанди як ғулом бо ӯ рафтор намекард, балки монанди як оқо бо ӯ рафтор мекард. Беҳтарин ғизоҳоро ба ӯ медод, беҳтарин либосҳоро барояш мехарид, васоили осоиши ӯро фароҳам мекард ва дуруст монанди фарзанди худ бо ӯ рафтор мекард, гӯӣ парворе барои худаш овардааст. Ғулом медид, ки арбобаш ҳамеша дар фикр аст, ҳамеша нороҳат аст. Билохира арбоб ҳозир шуд ӯро озод кунад ва сармояи зиёде ҳам ба ӯ бидиҳад. Як шаб дарди дили худро бо ғулом дар миён гузошт ва гуфт: ман ҳозирам туро озод кунам ва ин миқдор пул ҳам бидиҳам, вале медонӣ барои чӣ ин ҳама хидмат ба ту кардам? Фақат барои як тақозо. Агар ту ин тақозоро анҷом диҳӣ, ҳар чи ки ба ту додам, ҳалол ва нӯши ҷонат бошад ва беш аз ин ҳам ба ту медиҳам. Вале агар ин корро анҷом надиҳӣ, ман аз ту розӣ нестам. Ғулом гуфт: ҳар чи ту бигӯӣ, итоат мекунам, ту валинеъмати ман ҳастӣ ва ба ман ҳаёт додӣ. Гуфт: на, бояд қавли қатъӣ бидиҳӣ, метарсам агар пешниҳод кунам, қабул накунӣ. Гуфт: ҳар чи мехоҳӣ пешниҳод кунӣ, бигӯ, то ман бигӯям: “бале”. Вақте комилан қавл гирифт, гуфт: пешниҳоди ман ин аст, ки дар як мавқеъ ва ҷои хоссе, ки ман дастур медиҳам, сари маро аз бех бибурӣ. Гуфт: охир чунин чизе намешавад. Гуфт: ман аз ту қавл гирифтам ва бояд ин корро анҷом диҳӣ. Нимашаб ғуломро бедор кард, корди тезе ба ӯ дод ва бо ҳам ба пушти боми яке аз ҳамсояҳо рафтанд. Дар он ҷо хобид ва кисаи пулро ба ғулом дод ва гуфт: ҳамин ҷо сари манро бибур ва ҳар ҷо ки дилат мехоҳад, бирав. Ғулом гуфт: барои чӣ? Гуфт: барои ин ки ман ин ҳамсояро наметавонам бибинам. Мурдан барои ман аз зиндагӣ беҳтар аст. Мо рақиби якдигар будем ва ӯ аз ман пеш афтода ва ҳама чизаш аз ман беҳтар аст. Ман дар оташи ҳасад месӯзам, мехоҳам қатле ба пойи ӯ биафтад ва ӯро зиндонӣ кунанд. Агар чунин чизе шавад, ман роҳат шудаам. Роҳатии ман фақат барои ин аст, ки медонам агар ин ҷо кушта шавам, фардо мегӯянд ҷанозааш дар пушти боми рақибаш пайдо шуда, пас ҳатман рақибаш ӯро куштааст, баъд рақиби маро зиндонӣ ва сипас эъдом мекунанд ва мақсуди ман ҳосил мешавад. Ғулом гуфт: ҳол, ки ту чунин одами аҳмақе ҳастӣ, чаро ман ин корро накунам? Ту барои ҳамон кушта шудан хуб ҳастӣ. Сари ӯро бурид, кисаи пулро ҳам бардошт ва рафт. Хабар дар ҳама ҷо печид. Он марди ҳамсояро ба зиндон бурданд. Вале ҳама мегуфтанд: агар ӯ қотил бошад, рӯи пушти боми хонаи худаш, ки ин корро намекунад, пас қазия чист? Муаммое шуда буд. Виҷдони ғулом ӯро роҳат нагузошт, пеши ҳукумати вақт рафт ва ҳақиқатро ин тавр гуфт: ман ба тақозои худаш ӯро куштам. Ӯ ончунон дар ҳасад месӯхт, ки маргро бар зиндагӣ тарҷеҳ медод. Вақте мушаххас шуд қазия аз ин қарор аст, ҳам ғулом ва ҳам марди зиндониро озод карданд.Пас, ин як ҳақиқате аст, ки воқеан инсон ба бемории ҳасад мубтало мешавад. Қуръон мефармояд:  اَهاَّسَدنَمَباَخْدَقَو.اَهاَّكَزنَمَحَلْفَأْدَق “Ҳар кас онро (қалбро) пок гардонид, қатъан растгор шуд. Ва ҳар ки олудааш сохт, қатъан дарбохт.” (Сураи Шамс, оятҳои 9-10). Аввалин барномаи Қуръон таҳзиби нафс ва тазкияи нафс аст. Покиза кардани равон аз бемориҳо, уқдаҳо, торикиҳо, нороҳатиҳо, инҳирофҳо ва балки аз масх шуданҳост.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.