Дидани айби худ

133

Гоҳе вақтҳо бо нигоҳ кардан ва мушоҳидаи рафтори дигарон, барои худамон дарсҳои хубе мегирем. Аслан ҷомеа ва инсонҳои пиромунамон ба мо омӯзиш медиҳанд, ки чӣ гуна корҳои хуб ва сифоти хубу шоистаро  бишносем ва ёд гирем.

Бинобар ин, агар нигоҳ кардан ба рафтору аъмоли дигарон, моро ба корҳои дуруст раҳнамоӣ кунад, ба ин маъност, ки мо инҷо бурд кардаем. Ва дар ин ҷо, ҳунари мо ин аст, ки битавонем рафтори дурусту мусбати дигаронро бубинем.

Худи ҳамин як амали дурустест, ки мо дар паи дидани корҳои хуби дигарон бошем битавонем корҳои хуби дигаронро бубанем ва аз онҳо барои худамон илҳом гирем.

Мо инсонҳо мавҷудоти иҷтимоӣ ҳастем ва дар ҷомеаҳо, бо ҳам дар иртиботем. Дар иртибот ва таомул бо дигарон, муҳимтарин коре, ки мекунем, дидан аст. Бо дидан, бо нигоҳ кардан, метавонем, рафторҳои мусбату манфии дигаронро баррасӣ кунем. Гоҳе ин диданҳо боиси ин мешавад, ки мо нуқоти мусбатеро кашф кунем ва гоҳе ҳам, боиси ин мешавад, ки мо нуқоти манфии дигарон ва айбу нақси ононро барҷаста бубанем. Айбу нақйсҳое, ки шояд дар хъудамон ҳам ҳаст ва намебинем.

Мавлоно дар китоби Фиҳи мо фиҳӣ гӯяд:

“Агар дар бародари худ айб мебинӣ, он айб дар туст, ки дар ӯ мебинӣ… Гуфт: пилеро оварданд бар сари чашмае, ки об хӯрад. Худро дар об медид ва мерамид. Ӯ мепиндошт, ки аз дигарӣ мерамад, намедонист, ки аз худ мерамад…

Ҳамаи ахлоқи бад – аз зулму кину ҳасаду бераҳмиву кибр – чун дар туст намеранҷӣ. Чун онро дар дигарӣ мебинӣ, мерамию меранҷӣ…”

Хеле вақтҳо, сифоти нописанди дигаронро мебинему ба он таваҷҷӯҳ мекунем, ҳатто бархе вақтҳо дар паи сифоти нописанди дигарон мегардем, то он шахсро сарзаниш кунем.

Орифону бузургон ва дар раъси онҳо анбиёи илоҳӣ, дар зиндагии хеш, як меъёр доранд, ки хеле роҳкушост. Онон таваҷҷӯҳро ба худи шахс бармегардонанд ва аз ӯ мехоҳанд, ба ҷои ин ки дигаронро бубинад ва оламу одамро муқассир бидонад, пеш аз ҳар чиз, худро нигоҳ кунад. Зеро худи мо сифоту рафторҳои нодурусту нописанди зиёде дорем, ки бояд ислоҳ шавад.

Бинобар ин, агар бар асоси ин қоида, оинаро ба самти худ баргардонем ва сифоти нодурусти худро бубинем, дар паи ислоҳи худ мебароем.

Дар Маснавии маънавӣ, дар ин бора, чунин омадааст:

Эй басо зулме, ки бинӣ дар касон,

Хӯйи ту бошад дар эшон, эй фалон!

Андар эшон тофта ҳастии ту,

Аз нифоқу зулму бадмастии ту.

Он туӣ в-он захм бар худ мезанӣ,

Бар худ он дам тори лаънат метанӣ.

Дар худ он бадро намебинӣ аён

В-арна душман будаӣ худро ба ҷон. (Маснавии маънавӣ).

(Акрамхон Зиёдулло)

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.