Паёмбари Акрам(с) ва одоби муошират – 2

163

Одоби муоширати Набии мукаррами ислом, ҳазрати Муҳаммади Мустафо(с)

Бахши дуюм

Нигоҳ карданашон кӯтоҳ буд ва ба касе хира намешуданд. Ба касе ки аз сухане хушаш намеомад, намегуфтанд. Ҳангоми роҳ рафтан монанди касе роҳ мерафтанд, ки гӯё аз баландие пойин меояд, қадам бармедоштанд.

Пайғамбари Акрам(с) мефармуданд: Беҳтарини шумо хушхӯтарини шумо аст.

Ҳеҷ ғизоеро бад ё таъриф намекарданд. Ёрони он ҳазрат(с) дар наздашон мушоҷира  намекрданд. Ҳар кас аз Пайғамбар(с) сухан мегуфт, мегуфт: Ҳеҷ касро монанди он ҳазрат(с) пеш аз он Ҷаноб(с) ва баъд аз он надидаам ва нахоҳам дид.

Имом Содиқ(р) фармуданд: Расули Акрам(с) нигоҳашонро миёни ёронашон тақсим мекарданд ва ба ҳама як хел нигоҳ мекарданд.

Он ҳазрат(с) ҳеҷ вақт дар байни ёронашон пояшонро дароз намекарданд. Агар касе ба он ҳазрат(с) даст медод, дасташро тезтар аз ӯ сар намедоданд, то вақте, ки худаш дасташро бигирад, чун мардум инро медонистанд, вақте ки ба он ҳазрат(с) даст медоданд зуд дасташонро аз дасти Пайғамбар(с) мегирифтанд.

Ба ривояти дигар, ки мегӯяд: Расули Акрам(с) ҳаргиз мӯҳтоҷро рад накарданд, агар чизе дошта бошанд медоданд ва агар надошта бошанд мегуфтанд: Худо расонад.

Имом Содиқ(рз) мефармоянд: Расули Худо(с) ҳар вақт бо касе менишастанд аз ҷояшон намехестанд, то ҳамнишинашон аз ҷо бархезад.

Ба ривояти Табарсӣ: Расули Акрам(с) ҳангоми сухан гуфтан лабханд мезаданд.

Юнуси Шайбонӣ мегӯяд: Имом Содиқ(р) ба ман фармуданд: Шумоён бо якдигар чӣ қадар шӯхӣ мекунед?

Гуфтам: Хеле кам.

Фармуданд: Барои чи шӯхӣ намекунед? Шӯхӣ кардан аз хушахлоқист. Бо шӯхӣ метавонӣ бародари диниатро шод кунӣ. Ҳамоно Расули Акрам(с) бо мардум шӯхӣ мекарданд ва мехостанд бо ин кор онҳоро шод кунанд.

Имом Содиқ(р) мефармоянд: Мӯъмине нест магар он ки аз хислати шӯхӣ кардан бархӯрдор аст. Расули Акрам(с) ҳам шӯхӣ мекарданд, вале ҷуз сухани ҳақ намегуфтанд.

Муаммар ибни Халлод мегӯяд: Аз Ҳазрати Имом Ризо(р) пурсидам: Касе, ки дар миёни гурӯҳе қарор дорад, сухане дар миёни он гурӯҳ гуфта мешавад ва ҳама шӯхӣ мекунанду механданд, ҳукми ин чист?

Имом Фармуданд: Ҷоиз аст, агар сухани фаҳшу носазо набошад. Сипас фармуданд: Марди араб, ки чодаршин буд назди Расули Акрам(с) меомад ва барои он ҳазрат(с) тӯҳфа меоварду мегуфт: Пули тӯҳфаамро диҳед, эй Расули Худо(c)! Расули Акрам(с) аз сухани ӯ хушашон меомаду механдиданд. Ҳар вақт ғамгин мешуданд, мегуфтанд: Он марди араб куҷост? Кош назди мо меомаду бо суханонаш моро механдонд.

Имом Содиқ(р) мефармоянд: Расули Акрам(с) зиёд рӯ ба қибла менишастанд.

Ба ривояти Табарсӣ: Агар касе фарзанддор мешуд, барои номгузорӣ назди Расули Акрам(с) меоварданд, Пайғамбари Акрам(с) ба эҳтироми падару модараш ӯро ба зону менишонданд, гоҳе вақтҳо бачаҳо дар бағали он ҳазрат(с) қазои ҳоҷат мекарданд, касоне, ки ин саҳнаро медиданд, ба бача фарёд мезаданд, Пайғамбар(с) мефармуданд: Бо тундӣ аз кори бача пешгирӣ накунед, монед то тамоми корашро кунад. Онгоҳ ба он кӯдак ном мемонданду дуо мекарданд ва баъд аз рафтани онҳо Пайғамбар(с) либосашонро мешустанд.

Табарсӣ мегӯяд: Расули Акрам(с) вақте савора буданд, намегузоштанд касе пиёда бо он ҳазрат(с) ҳаракат кунад, ё ӯро бо худашон савор мекарданд ва агар ӯ қабул намекард, ҳазрат(с) мефармуданд: Пештар рав, ҳарҷо ки мехоҳӣ биравем мунтазирам бимон.

Дар ривоятҳо омадааст: Расули Худо(с) ҳеҷ вақт аз касе интиқом нагирифтанд, балки озордиҳандагонро мебахшиданд ва аз онҳо гузашт мекарданд.

Боз Табарсӣ мегӯяд: Расули Акрам(с) агар яке аз ёронашонро се рӯз намедиданд, ҳоли ӯро ҷӯё мешуданд, агар дар сафар буд, барояш дуо мекарданд ва агар дар шаҳр буд, ба диданаш мерафтанд ва агар бемор буд, ба аёдаташ мерафтанд.

Ҳазрати Анас ибни Молик(р) мегӯянд: Нӯҳ сол хидматгузории Пайғамбарро кардам, ҳаргиз ба ёд надорам, ки дар ин муддат ба ман фармуда бошанд: Чаро фалон корро накардӣ ва ё дар коре, ки анҷом додам, ҳеҷ вақт нагуфтанд, ин корро хуб анҷом надодӣ.

Боз Ҳазрати Анас ибни Молик(р) мегӯянд: Ба Худое, ки Пайғамбарро барҳақ мабъус кард, қасам, ҳеҷ вақт нашуд, ки он ҳазрат(с) аз коре, ки хушашон намеомад, ба ман гуфта бошанд: Чаро чунин кардӣ ва ҳеҷ вақт занҳояшон маро маломат накарданд, магар он ки мегуфтанд: Коратон ба ӯ набошад, тақдир чунин будааст.

Ҳамчунин Ҳазрати Анас ибни Молик(р) мегӯянд: Расули Акрам(с) барои эҳтиром ба ёронашон ва ба даст овардани дили онон, онҳоро бо кунияҳояшон садо мезаданд. Касоне, ки куния надоштанд, куния мегузоштанд ва дигарон, онҳоро бо он куния мешинохтанд. Ҳамчунин барои занони бачадор ва бебача ва ҳатто барои бачаҳо куния мегузоштанд ва аз ин роҳ дилҳои онҳоро ба даст меоварданд.

Ҳар вақт касе барои дидани он ҳазрат(с) меомад, он ҷаноб(с) болишташонро ба ӯ медоданд ва агар меҳмон қабул намекард, Пайғамбар(с) ӯро қасам медоданд, то қабул кунад.

Расули Худо(с) дар моҳи мубораки Рамазон монанди бод тез мешуданд ва ҳарчи дар дасташон буд, ба дигарон инфоқ мекарданд.

Шахсе ба номи Аҷлон мегӯяд: Назди Имом Содиқ(р) будам, ки ниёзманде омад. Имом аз ҷо бархоста аз сабаде, ки дар он хурмо буд, як каф хурмо доданд. Ниёзманди дигаре омад, Имом дубора аз ҷо бархоста як каф хурмо ба ӯ доданд. Чанд лаҳза баъд, ниёзманди дигаре омад. Имом боз аз ҷо бархоста чанд каф хурмо ба ӯ доданд. Бори чаҳорум ниёзманде омад. Имом фармуданд: Худованд рӯзирасони мову шумост! Сипас фармуданд: Ҳар кас аз Расули Худо(с) чизе мехост, Пайғамбар(с) ба ӯ медоданд, як вақт зане писарашро назди он ҳазрат(с) фиристода ба ӯ гуфт: Назди Пайғамбар(с) рафта аз он Ҳазрат(с) чизе талаб кун, агар гуфтанд ҳозир чизе надорам, бигӯ куртаатонро ба ман диҳед. Имом фармуданд: Он ҳазрат(с) либосашонро кашида ба ӯ доданд, он вақт Худованд Пайғамбари Акрамро бо фиристодани ин оят ба миёнаравӣ адаб кард: “Дастатро ба гарданат набанд (бахил набош) ва ҳамчунин дастатро тамоман накушо (ҳарчи дорӣ надеҳ)”. (Сураи Исро, ояти, 29).

Имом Боқир(р) мефармоянд: Расули Худо(с) аз ҳадя мехӯрданд, вале аз садақа намехӯрданд.

Мӯсо ибни Имрон ибни Базиъ мегӯяд: Ба Имом Ризо(р) гуфтам: Мардум ривоят мекунанд, ки Расули Акрам(с) ҳаргоҳ аз роҳе ба ҷое мерафтанд, ҳангоми баргаштан аз роҳи дигар меомаданд, оё ин ҳадис дуруст аст? Имом фармуданд: Дуруст аст, ман ҳам бисёри вақтҳо чунин мекунам, ту низ чунин кун; чун ин кор сабаби зиёд шудани ризқу рӯзӣ мешавад.

Имом Содиқ(р) фармуданд: Расули Худо(с) пас аз баромадани офтоб аз хона берун мерафтанд.

Имом Содиқ(р) мефармоянд: Расули Худо(с) ҳар вақт дохили хонае ё маҷлисе мешуданд, дар наздиктарин ҷои холӣ менишастанд.

Дар китоби Аволи-ал-лаоли омадааст: Нақл аст, ки Расули Худо(с) дӯст намедоштанд, касе пеши пои он ҳазрат(с) бархезад, мардум низ ба хотири ин аз ҷояшон намехестанд, вале вақте Пайғамбар(с) барои рафтан аз ҷояшон бармехостанд, мардум низ бо он ҳазрат(с) аз ҷойҳояшон мехестанд ва то дари хонаашон ҳамроҳашон мерафтанд.

Исҳоқ ибни Аммор гӯяд: Расули Худо(с) ҳар вақт иродаи ҷанг бо душманро мекарданд, занҳояшонро садо мезаданд ва бо онҳо маслиҳат мекарданд, сипас мухолифи назари онҳо амал менамуданд.

Дар китоби Маноқиб омадааст: Пайғамбари Акрам(с) баъд аз пешин дар хонаи Умми Салама(р) мехобиданд. Умми Салама(р) арақи он ҳазратро ҷамъ мекард ва дохили атр мерехт.

Имом Содиқ(р) фармуданд: Ҳеҷ гоҳ Расули Худо(с) бо бандагони Худо ба андозаи ақли худашон сухан нагуфтанд. Он ҳазрат(с) фармудаанд: “Мо гурӯҳи пайғамбарон маъмурем, бо мардум ба андозаи ақли онҳо сухан бигӯем”.

Пайғамбар мефармоянд: Мо гурӯҳи пайғамбарон ҳамон гуна, ки маъмур ҳастем, воҷиботро бигӯем, маъмур ҳастем, бо мардум бо мудоро рафтор кунем.

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.