Паёмбари Акрам(с) ва одоби муошират

82

Одоби муоширати Набии мукаррами ислом, ҳазрати Муҳаммади Мустафо(с)

Бахши аввал

Дайламӣ ривоят мекунад, Расули Худо(с) бештари корҳоро худ анҷом медоданд. Либосашу пойафзолашонро худашон медӯхтанд, гӯсфандонро худашон медӯшиданд, бо ғуломон таом мехӯрданд, ба замин менишастанд, ба мапкаб савор мешуданд ва каси дигарро бар пушташон савор мекарданд.

Расули Худо(с) шахсан аз бозор харидорӣ мекарданд ва ба хона мебурданд ва аз ин кор ибое намекарданд. Бо сарватманду фақир даст медоданд ва дасташонро намекашиданд, то тарафи муқобил дасташро бикашад. Бо ҳар кас рӯ ба рӯ мешуданд, чи фақиру чӣ сарватманд ва чӣ хурду чӣ бузург, салом мекарданд. Ба ҳар чӣ даъват мешуданд, онро ночиз намешумурданд, гарчи пасттарин навъи хурмо буд. Он ҳазрат(с) камхарҷ, баландтабъ, хушмуоширату хушрӯ буданд. Ҳамеша лабханд бар лаб доштанд, вале баланд намехандиданд, ғамгин ба назар меомаданд, аммо туршрӯ набуданд. Фурӯтану бетакаббур буданд, аммо худро назди дигарон хору залил намекарданд.

Бахшанда буданд, аммо исроф намекарданд. Бо ҳамаи мусалмонон нозукдилу меҳрубон буданд. Ҳаргиз аз серӣ оруғ надоданд ва ҳаргиз ба касе бадиву накарданд.

Ба ривояти Табарсӣ, Расули Худо(с) ба оина нигоҳ мекарданд ва мӯи сарашонро шона мекарданд ва баъзе вақтҳо ба об нигоҳ мекарданду мӯи сарашонро мураттаб мекарданд.

Ҳам барои хонавода ва ҳам барои ёронашон худро меоростанду мефармуданд: “Худованд дӯст дорад, ки бандааш вақте барои дидани бародарон аз хона берун меравад, худро тозаву ороста намояд”.

Паёмбари Акрам(с) фармуданд: Панҷ чиз ҳаст, ки то вақти марг аз онҳо даст барнамедорам:

Якум: Рӯи замин нишастану бо ғуломон таом хӯрдан.

Дуюм: Савори маркаб шудан.

Сеюм: Шири бузро бо дасти худ дӯшидан.

Чаҳорӯм: Либоси пашмина пӯшидан.

Панҷум: Ба кӯдакон салом кардан, то онки пас аз ман суннат шавад.

Ба ривояти Қутби Ровандӣ, Расули Акрам(с) ба хурду калон салом мекарданд.

Имом Содиқ(р) фамуданд: Расули Акрам(с) ба занҳо салом мекарданд ва онҳо низ ҷавоб медоданд. Ва ҳазрати Алӣ(р) низ ба занҳо салом мекарданд, вале кароҳат доштанд, ки ба занҳои ҷавон салом кунад ва мефармуданд: Метарсам аз оҳанги садои онҳо хушам биёяд, онгоҳ зиёни ин кор (салом кардан) зиёдтар аз аҷре, ки дорад, бар ман ворид шавад.

Ҳазрати Алӣ(р) мефармоянд: Ҳеҷ вақт дида нашуд, ки Расули Худо(с) ба касе даст диҳанд ва зудтар аз ӯ дасташонро бардоранд, балки меистоданд, то ӯ дасташро берун кашад. Ҳаргиз касе бо он ҳазрат(с) дар коре ё сухане шарик нашуд, ки он ҳазрат(с) зудтар аз он шахс, аз кор даст бикашанд, балки сабр мекарданд, то он шахс даст аз кор бардорад. Ва низ ҳеҷ вақт дида нашуд, ки касе бо он ҳазрат(с) гуфтугӯро шурӯъ кунад ва он ҳазрат(с) пеш аз ӯ сукут кунанд. Ва ҳаргиз дида нашуд, ки назди касе пояшонро дароз кунанд. Ва ҳаргиз миёни ду кор мухайяр нашуданд, магар ин ки сахттарини онро интихоб мекарданд. Дар зулму ситаме, ки ба он ҳазрат(с) ворид мешуд, интиқом намегирифтанд, магар онки ҳароми Худоро касе ҳалол донад, дар ин вақт ба хотири Худо ғазабнок мешуданд. Ҳаргиз дар ҳоли такя додан, чизе нахӯрданд, то онки аз дунё рафтанд.

Чизе аз он ҳазраташ(с) хоста нашуд, ки “на” гӯянд. Ҳаргиз ҳоҷатмандеро аз худ дур намекарданд, магар ин ки ҳоҷати ӯро бароварда мекарданд, ё ӯро бо сухани ширину дилнавоз хушҳол мекарданд. Намозашон дар айни тамомияту комил будан аз намози ҳамаи мардум сабуктар ва хутбаашон аз ҳама кӯтоҳтар ва аз беҳудагӯӣ холӣ буд. Вақте аз ҷое меомаданд, аз бӯи хушашон маълум мешуд. Замоне ки бо дигарон бар сари суфрае менишастанд, аввалин касе буданд, ки хӯрок хӯрданро оғоз мекарданд ва охирин нафаре буданд, ки аз таом даст мекашиданд, ҳангоми хӯрок хӯрдан аз пеши худашон мехӯрданд ва танҳо ҳангоми хӯрдани хурмо, даст ба тарафи дигар дароз мекарданд.

Нӯшиданиро бо се нафас менӯшиданд ва обро кам-кам ва оҳиста-олҳиста менӯшиданд ва якдафъа неменӯшиданд.

Дасти росташонро барои хӯрдану нӯшидан, гирифтану додан ба кор мебурданд ва фақат бо дасти рост чизеро мегирифтанду медоданд ва дасти чапашонро барои дигар аъзои баданашон ба кор мебурданд. Дар ҳамаи корҳо мисли либос пӯшидан, пойафзол пӯшидан, аз асб пиёда шудан, бо даст ё пойи рост шурӯъ мекарданд.

Чун касеро садо мезаданд, се бор такрор мекарданд, вале дар гуфтани сухане як бор бештар намегуфтанд. Агар мехостанд, ба хонае дароянд, иҷоза мегирифтанду се бор такрор мекарданд. Суханашон равшану маълум буд ва ҳар шунавандае онро мефаҳмид. Ҳангоми сухан гуфтан, сафедии дандонашон медурахшид…

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.