Фасли баҳор – руҳи замонҳост

102

Дар ривояте аз Имом Ризо(р) нақл шудааст, ки фармуд: “Фасли баҳор, руҳи замонҳост”. Баҳор ёдовари сар баровардани гиёҳони зинда аз даруни хок аст. Хокҳо канор зада мешаванд ва ончӣ моҳҳо пеш, зери хок пинҳон шуда буд, ҳоло ба шакли дигаре аз замин сар мебарорад.

Гӯё ки ин саҳна дар қиёмат ҳам такрор мешавад. Мурдагоне, ки солҳо пеш дар замин дафн шудаанд ва пӯсидаанд, дар баҳори қиёмат, зинда мешаванд ва ногоҳ сар аз хок берун меованд.

Инсон бо чархиши табиат, ки ҳамасола такрор мешавад, метавонад ба маърифат даст ёбад ва мушоҳида намояд, ки Худованд дар қиёмат чӣ тавр маргро ба ҳаёт табдил хоҳад кард. Бо омадани баҳор, раҳмату муҳаббати Худовандро мушоҳида мекунем, ки чӣ гуна чашмаи меҳри эзадӣ ба сурати ҳамешагӣ, ба сӯи одамиён ва ҳамаи мавҷудот, сарозер аст.

Ҷаҳони ҳастӣ, оинаи ҷалолу ҷамоли Парвардигор аст. Баҳор низ, яке аз бошукӯҳтарин ҷилваҳои Худо дар ҷаҳони ҳастӣ аст, ки метавон ба тамошои он роҳе ба сӯи Худо ёфт ва ҷамоли Парвадигорро ба тамошо нишаст.

Баҳор, ки меояд, руҳи зиндагиро низ бо худ меоварад. Ингор насими баҳорӣ дамидани руҳи илоҳӣ бар заминҳои мурда аст. Заминҳое, ки дар тирамоҳу зимистон сарсабзии худро аз даст дода буданд ва ба гӯристоне аз баргҳо ва чӯбҳои хушкида табдил шудаанд.

Агар бо диққат ба ин саҳнаҳо назар кунем ва аз рӯи одат аз канори онҳо ба роҳатӣ гузар накунем, нуктаи бузурге ба дастамон меояд. Қуръон аз ин рухдоди бузурги табиат, дарсе ба мо меомӯзад. Худованд дар ояти 9, сураи Фотир мефармояд: “Мо заминро пас аз мурданаш, зинда мекунем, растохез низ ҳамин гуна аст”.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.