Дуои аввали моҳи мубораки Рамазон

109

Дуои рӯзи аввали моҳи мубораки Рамазон

Худоё, дар ин рӯз

рӯзаи маро, аз навъи рӯзаи рӯзадорони ҳақиқӣ ва барпо доштани намозамро монанди намозгузорони ҳақиқӣ бигардон!

ва маро аз хоби ғафлат бедор кун!

ва эй Худои оламиён, ҷурму гуноҳамро дар ин рӯз бибахш!

ва аз бадиҳоям даргузар, эй бахшандаи гунаҳкорон!

Ҷамъбандии дуо

Рӯзадорони азиз, дар дуои ин рӯз аз Худованд

  1. рӯза ва намози ҳақиқӣ,
  2. бедор шудан аз хоби ғафлат,
  3. бахшидани ҷурму гуноҳ
  4. ва авфу гузашт аз бадиҳоро дархост кардем.

 

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.