Эҳтироми падару модар

632

Падару модар ба унвони ду инсони фидокор ва заҳматкаш, ки тамоми бори масъулиятҳои тарбияти фарзандро бар дӯш доранд, дар назди Худованд аз ҷойгоҳи хоссе бархурдор ҳастанд; ба тавре ки дар чандин оят аз Қуръони Карим, бар лузуми итоат ва такриму эҳтироми онҳо дастур дода шудааст ва бар риояти мақому манзалати онҳо таъкид гардидааст.

Некӣ ба волидайн дар чаҳор сураи Қуръон, билофосила пас аз тавҳид қарор гирифтааст. Ин ҳамрадиф будан, баёнгари мизони эҳтиромгузории ислом барои падару модар аст.

Дар оёти зайл мехонем:

“Ҷуз Худоро напарастед ва ба падару модар эҳсон кунед”. (Сураи Бақара, ояти 83).

“Ва Худоро бипарастед ва чизеро бо ӯ шарик магардонед ва ба падару модар эҳсон кунед”. (Сураи Нисо, ояти 36).

“Чизеро бо ӯ шарик қарор надиҳед ва ба падару модар эҳсон кунед!” (Сураи Анъом, ояти 151).

“Ва парвардигорат муқаррар дошт, ки ҷуз ӯро напарстед ва ба падару модар некӣ кунед”. (Сураи Исро, ояти 23).

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.