Як зану шавҳари муваффақ чӣ корҳоеро анҷом намедиҳад?

90

Зану шавҳарони муваффақ ва хушбахт ин корҳоро нисбати ҳамдигар анҷом намедиҳанд:

1 – Ифшогар нестанд ва асрори хонаводаро бо дигарон дар миён намегузоранд.

Сӯҳбат кардан дар мавриди ҳамсар, бо дӯстон ва ошноён, танҳо мушкилофарин аст ва ҷуз ошкор кардани масоили хусусии шумо, барои дигарон паёмаде надорад. Мумкин аст шумо ва ҳамсаратон, дар ниҳоят, ба тафоҳум бирасед ва аслан масъалаи пешомадаро фаромӯш кунед, аммо ҳаргиз он тасаввуре, ки шумо аз ҳамсаратон, ҳангоми нороҳатӣ, барои дигарон сохтаед, аз зеҳнашон пок нахоҳад шуд.

Аслан набояд пушти сари касе ҳарф зад, махсусан ҳамсари худ.

2 – Муқоиса намекунанд. Зану шавҳарони муваффақ ва хушбахт, ба робитаи худ имон доранд. Онҳо роҳи зиндагии худро бар асоси аҳдоф ва хостаҳои муштаракашон тай мекунанд ва барои ҳаракатҳои бузургтар худро омода мекунанд. Миқдори мушаххасе аз замонро бо ҳам мегузаронанд ва на худро бо завҷҳои дигар муқоиса мекунанд ва на суханони дигарон барояшон муҳим аст.

3 – Сарзанишгар нестанд. Зану шавҳароне, ки ҳамеша ҳамдигарро сарзаниш мекунанд, дар ниҳоят ба далели шикасти иззати нафс ва эътимоди якдигар, ба суқуту ҷудоӣ мерасанд. Завҷҳо бояд нуқоти заъфу қуввати ҳамро бишносанд ва ба рушду беҳбудии якдигар кӯмак кунанд ва дар баробари дигарон, мисли ҷомаи зебо, айбҳои якдигарро бипӯшонанд.

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.