Ҳадду марзи интиқод аз ҳамсар (2)

Фалсафаи аслии зиндагии муштарак, қарор гирифтани ду нафар дар канори ҳам барои тай кардани масири рушд ва камол дар ин дунёст.

174

Инсон дар сурате метавонад ба рушди воқеӣ даст пайдо кунад, ки нақсҳои худро яке баъд аз дигарӣ рафъ кунад. Дар ин байн нодонӣ ё ғафлати инсон, монеи дастёбӣ ба тамоми нақсҳо аст. Аз ҳамин рӯ аст, ки бояд гуфт яке аз аслитарин маорифе, ки бояд ба думболи он буд, шинохти нақсҳои худ аст.

 Худдорӣ аз интиқоди тағйирнопазир

Аз баён интиқод дар мавриди масоиле, ки имкони тағйирпазирии маҳдуд ё номумкин доранд, парҳез кунед. “Ҳис мекунам агар дамоғат кӯчактар буд, зеботар будӣ” , “агар сабзатар будӣ, бонамактар мешудӣ” , “кош андомат беҳтар аз ин буд” ва… тарҳи интиқод аз вазъияти сурат, андом, ранги чеҳра ва… сабаби дилсардии отифӣ дар байни ҳамсарон ва натиҷаи зиёнбори дигаре шавад.

 Интиқод, иҳонт нест

Зан ва мард ҳар гоҳ заъфе аз якдигар мебинанд, ки метавонад ба худ ва зиндагияшон осеб бизанад, бояд битавонанд бо оромиш ва латофат, фарди муқобилро нисбат ба он заъф қонеъ кунанд. Дар сурте, ки интиқод битавонад боиси ишқ ва муҳаббати бештари зану мард нисбат ба ҳам шавад, ҳаргиз иҳонат маҳсуб нахоҳад шуд. Балки ин вайронӣ ва нороҳатӣ дар равобит аст, ки ба навъе иҳонат ба ҳисоб меояд ва бояд барои сахт нашудани вазъияти зиндагӣ ҳам, ки бошад, аз он дур шуд.

 Интиқод, хориҷ шудан аз таодул нест

Ёдоварии ин нукта бисёр илзомӣ аст, ҳамонтавр, ки интиқоди носолим ва нобаҷо метавонад ба хонавода осеби ҷиддӣ бизанад ва фазои хонаводаро ба ҷойи шодкомӣ бо талхкомӣ пур кунад, интиқоди муҳаббатомез ҳам метавонад ҷилави хусумат ва душманиро бигирад.

Интиқод агар дар замон, ҷойгоҳ ва вазъияти матлуби худ ва бо шеваи саҳеҳ ва дуруст ва ҳамчунин бо риояти асли таодул сурат бигирад, як равиши тарбиятии коромад ва муассир аст. Ва дар тарафи муқобил, ошкор аст, ки интиқод бо шеваи иштибоҳ ва таҳрикомез, ба як зидди тарбият табдил хоҳад шуд.

 Дурӣ аз интиқодҳои дастурӣ

Дар баёни интиқод, ҳеҷвақт аз иборатҳои омирона ё ҷумалоте, ки бо замири дувум шахси муфрад оғоз мешаванд, истифода накунед. Баёни ҷумалоте монанди “ту бояд бифаҳмӣ, ки…” , “ту мудом мехоҳӣ, ҳарфи худат бошад” , “рафторҳои ту, мудом интавр аст” ва… натанҳо сабаби тасҳеҳи рафтор намешаванд, балки сабаби дурии завҷайн аз якдигар шуда ва ихтилофотро ташдид мекунад. “ман ҳисси аромиши бештаре дорам вақте, ки…” , “замоне бештар мавриди таваҷҷуҳи ман қарор мегирӣ, ки…” ва… Ва дар кулл истифода аз ҷумалоте, ки паёмҳои дилнишинтаре дошта ва камтар осебзо ҳастанд, бисёр самаранок буда ва интиқодро беҳина ва созанда мекунад.

 Интиқод кардан ба шарти ҳазфи мавонеи барқарории робита дар зиндагии заношуӣ

Танҳо дар равиши иртиботии амн корсоз аст ва ҳамсарон метавонанд аз ҳам интиқоди созанда кунанд. Зеро дар равиши иртиботии иҷтинобӣ ҳамсарон мехоҳанд аз шарри ҳам роҳат шаванд ва дар равиши изтиробӣ интиқод кардан барои фурӯ нишондани изтироби ҳамсарон ба кор меравад. Интиқод дар равиши иртиботии амн муяссар аст, барои ин, ки дар ду равиши изтиробӣ ва иҷтинобӣ, ашхос даргири сахтиҳои худ ҳастанд ва ба фикри ислоҳи тарафи муқобил нестанд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.