Ҳадду марзи интиқод аз ҳамсар (1)

Фалсафаи аслии зиндагии муштарак, қарор гирифтани ду нафар дар канори ҳам барои тай кардани масири рушд ва камол дар ин дунёст.

131

Инсон дар сурате метавонад ба рушди воқеӣ даст пайдо кунад, ки нақсҳои худро яке баъд аз дигарӣ рафъ кунад. Дар ин байн нодонӣ ё ғафлати инсон, монеи дастёбӣ ба тамоми нақсҳо аст. Аз ҳамин рӯ аст, ки бояд гуфт яке аз аслитарин маорифе, ки бояд ба думболи он буд, шинохти нақсҳои худ аст.

 Бо рӯйкарди мусбат бо ҳамсаратон бархурд кунед

Мақсуди аслӣ ин аст, ки шумо ва ҳамсаратон битавонед мушкилотеро, ки бо ҳам доред тавре ҳал кунед, ки ҳар ду тараф ҳис кунанд мавриди эҳтиром ва таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. Бинобарин дар сурте, ки рӯйкардатон дар мавқеи интиқод кардан мусбат бошад, ҳамсаратон ҳис намекунад, ки дӯсташ надоред.

 Барои ҳар интиқоде, ки аз вай мекунед, 9 бор аз ҳамсаратон таъриф кунед

Ҳамаи мо ҳангоме, ки ҳис мекунем, мавриди таваҷҷуҳ ва эҳтиром ва муҳаббат ҳастем, беҳтар метавонем интиқодотеро, ки аз мо мешавад, таҳаммул кунем. Ҳангоме, ки шумо ва ҳамсаратон доиман бо муҳаббат ва эҳтиром бо ҳам бархурд кунед, захираи хубе аз эҳсосоти мусбат месозед, ки сабаб мешавад вокунишҳои интиқодӣ ва баҳсҳои эҳтимолӣ роҳаттар таҳаммул шавад.

 Ҳаргиз дар замони интиқод кардан шавҳаратонро муқоиса накунед

Исми шахси хоссро наоваред, масалан нагӯед бародарам ё бародарат ё дӯстат, балки ӯро танҳо бо худаш муқоиса кунед ба унвони мисол, азизам дирӯз, ки нишастӣ ва ба ҳарфоямро гӯш карди, хеле лаззат бурдам ва ба ту ифтихор кардам (ҳам иқтидор ва ҳам иттилоот медиҳед)

Дар сурте, ки битавонед ба ҷои интиқод кардан аз шавҳаратон ба ӯ пешниҳод бидиҳед асарбахштар хоҳад буд ба унвони мисол ба ҷои ин, ки бигӯем чаро маро ба тафреҳ намебарӣ, ба ӯ бигӯем замоне, ки маро тафреҳ мебарӣ, ҳолам хуб мешавад ва ё ба ҷои ин, ки бигӯед чаро дер омадӣ хона? Ва то ҳоло куҷо будӣ? Метавонед бигӯед, хеле тарсидам ва нигаронат шудам иттифоқи хоссе афтода буд, ки дер омадӣ? (ҳам иттилоот медиҳед ва ҳам иқтидор)

 Барои интиқод кардан вақтшинос бошед

Ба унвони мисол ҳангоме, ки шавҳарарто дар ғори танҳоӣ аст интиқод накунед, зеро он аз ин шароит лаззат мебарад ва шумо бо ҳарф заданатон ҳарчанд ҳам саҳеҳ ва дуруст ва мантиқӣ бошад, эҳсоси кайфро аз вай мегиред ба унвони мисол замоне, ки аз сари кор омад хона ё дер омад хона як муддат ба ӯ вақт бедиҳед то худашро бозёбӣ кунад (ғори танҳоӣ)

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.