Даҳ сабаби хастагӣ ва роҳи муқобила бо онҳо

Агар шумо беш аз ду ҳафта эҳсоси хастагӣ ва камбуди энержӣ доред ҳатман ба як равонпизишк муроҷиа кунед.

85

Шояд шумо ҳам аз он даста афроде бошед, ки ҳамеша эҳсоси хастагӣ мекунед. Энерижии лозимро барои анҷоми корҳоятон надоред ва мудом хамёза мекашед. Дар мақолаи зер баъзе маворидеро, ки мунҷар ба бурузи хастаги мишавад, баррасӣ мекунем.

1-    Камбуди хоб

 Замон, ки барномаи хоби шумо ба ҳам мерезад ва ё хобатон камтар аз ҳадди маъмул аст, дучори хастагӣ ва хоболудагӣ мешавед ба тавре, ки ин мушкил метавонад садамоти ҷиддӣ ба саломати шумо ворид созад.

 Барои рафъи ин мушкил хобро дар аввалият қарор диҳед. Барномаи хобатонро муназзам созед ва дар сурати бурузи муҷаддад ин мушкил бо пизишк машварат кунед.

2-    Опнаи хоб

 Мумкин аст фикр кунед, ки ба андозаи кофӣ хобидаед, аммо мумкин аст дучори опнаи хоб шудаед. Опнаи хоб ба таври хулоса таваққуфи танаффус дар тӯли шаб аст, ки бидуни инки шумо мутаваҷҷеҳи шавед мунҷар ба бедор шуданатон мешавад.

 Аз даст додани вазн, тарки сигор ба шумо кумак мекунад то хоби роҳаттаре дошта бошед.

3-    Хӯрдани беш аз ҳадд ва хӯрдани иштибоҳ

 Хӯрдани беш аз ҳад мунҷар ба хастагӣ мешавад. Ҳамчунин хӯрдани маводи ғизоии иштибоҳе ҳам ҳамин мушкилро эҷод мекунад. Бо дар назар доштани як режими ғизоии муносиб қанди хун худро мутаодили нигаҳ доред.

 Афроде, ки ҳамеша субҳона мехуранд ва дар ҳар ваъдаи ғизоӣ маводи протеиндорро фаромӯш намекунанд ва энержии аз даст рафтаи худро бо хӯрдани миёнваъдаҳои муносиб боз меёбанд, ҳаргиз бо хастагӣ каланҷор намераванд.

4-    Камхунӣ

 Камхунӣ яке аз сабабҳри аслии хастагӣ дар занон аст. Қоидагӣ ва аз даст додани миқдоре хун боиси камбуди оҳан дар занон шуда ва селулҳои қирмиз, ки барои ҳамли оксижен ба бофтҳо ва органҳо ба оҳани ниёз доранд дар маърази хатар қарор мегиранд.

 Барои рафъи камхунии ношӣ аз камбуди оҳан бо назари пизишк масрафи мукаммилҳои оҳан ва хӯрдани ғизоҳои ғанӣ аз оҳани назири гӯшт, ҷигар, ҳалазуни садафдор, ҳубубот ва ғалоти ғанишуда тавсия мешавад.

5-    Афсурдагӣ

 Хастагӣ ва сардард метавонад омили ихтилолоти отифӣ ба вежа афсурдагӣ бошад.

 Агар шумо беш аз ду ҳафта эҳсоси хастагӣ ва камбуди энержӣ доред, ҳатман ба як равонпизишк муроҷиа кунед.

 6- Камкори тероид

 Тероид, ғуддаи кӯчаке дар гардани шумо аст, ки сӯхту сози баданро контрол мекунад ва барои табдили сӯхт ба энержӣ мебошад.

 Агар шумо ба камкории тероид мубтало бошед, сӯхту сози баданатон беш аз ҳад ором мешавад бо анҷом як озмоиши хун ҳурмунҳои тероиди шумо агар поин бошад, ба роҳатӣ ташхис дода мешавад ва бо масрафи дору ва ҳурмунҳои маснуии шумо суръати лозим дар табдили сӯхт ва энержиро касб мекунед.

 7- Кофеини зиёд аз ҳад

 Агарчи кофеин дар дараҷаи поин ва мутавассити ҳушёрӣ ва тамаркузро беҳбуд мебахшад, аммо масрафи беш аз ҳадди он мунҷар ба афзоиши фишори хун шуда ва дар воқеъ яке аз сабабҳои хастагӣ дар баъзе афрод мешавад.

 Агар шумо аз ин даста афрод ҳастед ба тадриҷ масрафи қаҳва, чой, шоколотро коҳиш диҳед.

 8- Уфунатидрории пинҳон

 Ҳамеша уфунати идрор бо нишонаҳое ҳамчун сӯзиш ва дард ҳамроҳ нест. Гоҳе хастагӣ метавонад аломате барои уфунати идрорӣ бошад.

 Озмоиши идрор ва масрафи анти-биотик барои дармон бо тоъеди пизишк маъмулан тайи як ҳафта хастагиро нопадид мекунад.

 9- Диёбет

 Дар афроди мубтало ба диёбет ба таври ғайритабии қанд аз ҷараёни хун боқӣ мемонад ва ин мунҷар ба бурузи хастагӣ мешавад. Агар шумо мудовим эҳсоси хастагӣ мекунед ҳатман аз пизишки бихоҳед бароятон озмоиши диёбет таҷвиз кунад.

 Барои дармони диёбет бо тағйирот дар шеваи зиндагӣ ва истифода аз дору ва режими ғизоии муносиб ва анҷоми варзишҳои муназзам иқдом кунед.

 10- Камобӣ

 Хастагии шумо метавонад нишонае аз камобии баданатон бошад. Бадан барои хуб кор кардан ниёз ба масрафи миқдори кофии об дорад, ки дар сурати фаромушӣ чунин мушкилотеро ба бор меоварад.

 Ҳадди ақал ду финҷон тайи як соат аз бурузи ин мушкил ҷилавгирӣ мекунад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.